Бузургтарин ширкати хусусии Тоҷикистон, ки чанд соҳаро монополияи худ кардааст, аз худбарҳамдиҳӣ хабар дод. Ширкати “Фароз”, мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба Кумитаи андози кишвар хабар додааст, ки тасмим гирфтааст тамоми дороиҳояшро фурӯхта, ҷамъиятро барҳам диҳад.
Дар ин нома сабаби худбарҳамдиҳиашро “Фароз” дар тобовар набудан ба рақобат дар бозори фурӯши сӯзишворӣ меномад, дар ҳоле, ки фурӯши сӯзишворӣ танҳо як бахши фаъолияти ин ширкат аст. Чанд бахши дигар, аз ҷумла, ҷамъоварӣ ва фурӯши шираи камол, шиносномаҳои ронандагиву рақамҳои давлатии мошинҳо, хадамоти тиббӣ ва ғайраро монополия карда, дар истеҳсоли позаҳр, бахши сайёҳӣ, сохтмон, конҳо маъодин, бонкдорӣ ва дигар бахшҳои фаъолияти густардае дорад. Ҳамчунин ин ширкат дорои чанд бозор буда, соли гузашта маркази “Вефа сентр”- ро аз туркҳо ва “Лото спорт”-ро аз соҳибкорони тоҷик ғасб карда буд. Инчунин ин ширкат истрироҳатгоҳи кӯҳии “Сафедара”-ро дар ихтиёр дошта, чанд рӯз қабл аквапарки бузургеро дар пойтахт ифтитоҳ кард. Тасмими сохтмони чанд терминали автомобилӣ дар се ноҳияи шимоли кишвар ва ғасби заминҳои кишоварзон ба ин хотир низ аз иқдомҳои ахири ин ширка аст.
Номаи “Фароз” ба Кумитаи андозро дирӯз сомонаи “Ахбор” нашр кард ва бисёриҳо ба ин назар буданд, ки шояд Соҳибов мехоҳад аз бозори фурӯши сӯзишворӣ канор равад. Вале имрӯз аз ин ширкат ба хабаргузории Азия Плюс гуфтаанд, ки раҳбарияти он тасмим гирифтааст ҶСП “Фароз” бо тамоми ширкатҳое, ки шомили он мешаванд, барҳам дода мешавад.
Аммо чаро бузургтарин ширкати хусусии кишвар ба ин тасмим расидааст? Паём кӯшид чанд гузинаи эҳтимолии онро матраҳ кунад.
- Азнавсозӣ
“Фароз” бинобар ғасбҳои зиёди ширкатҳои давлативу хусусӣ ва ҳатто хориҷиён, шахсӣ ва пулакӣ кардани чанд хидматрасонӣ, ки қаблан расман давлатӣ ва бепул буданд (ташхиси тиббӣ, додани маълумотнома ва ғ.), монополӣ кардану боло бурдани қимати чанд хидматрасонии дигар (ҳуҷҷати ронандагӣ, рақами давлатии мошинҳо ва ғ), кашида гирифтани нони даҳони мардум (ҷамъоварии шираи камол), фишороварӣ ба рақибонаш дар бозорҳои чанд соҳаи дигар бо истифода аз фишангҳои давлатӣ ва ғайра на танҳо дар чашми марудми кишвар сиёҳ гашт, балки дар хориҷ аз он ҳам маъруф гардид.
Ҳарфҳои эътирозӣ алайҳи ин ширкат ва молики он чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ ҳарчӣ бештар мешаванд. Зери чатри як ширкат ҷамъоварии ин қадар соҳаҳо, ки бештарашон монополия шудаанд ва он ҳам ширкате, ки ба домоди раисҷумҳур таъаллуқ дорад, ба обрӯи ҳукумат ва бахусус раисҷумҳур ҳам бетаъсир нест.
Бинобар ин эҳтимолан Соҳибов тасмим гирифтааст (зоҳиран дар маҷлиси оилавӣ) моликияти “Фароз”-ро ба чанд ширкати хурде, ки ба худаш таъаллуқ дорад фурӯхта, фаъолияташро аз “саҳифаи тоза” шурӯъ кунад.
2. Омодагӣ ба интихобот
Дар интихоботи қарибулвуқӯъ Эомалӣ Раҳмон, ки қудратро ба яке аз фарзандонаш мунтақил мекунад, бояд кори тозае нишон диҳад. Дар интихоботи қаблӣ, дар соли 2012 ӯ бо ниҳодҳои қудратии кишвар ҷанг эълон карда буд. Зоҳиран дар ин интихобот нафаре, ки алайҳаш ҷанг эълон кардан шӯре барангезад ва мардумро ба ислоҳотхоҳ будани хонавода бовар кунонад, боқӣ намондааст. Амалкардҳои бахши қудратии ҳукумат пайгирии ҳамон сиёсатест, ки худи Раҳмон пеш гирифтааст. Ҷанг бо онҳо маънии ҷанг бо худии худро дорад ва таъсири чандоне дар зеҳни интихобкунандагон нахоҳад дошт. Аммо иқдом алайҳи наҳангҳо дар дохили Оила метавонад таъсиргузор бошад.
Ҷанги ошкор алайҳи яке аз аъзои хонавода бошад метавонад ба азҳампошии зудҳангоми он ва рақобати бештари дохииоилавӣ бирасонад. Бинобар ин шояд салоҳи корро дар ин дидаанд, ки наҳангҳои сафи аввал ихтиёран ақабтар раванд ва зеҳни мардумро аз беадолитиҳои пайдарпаяшон холитар созанд. Аз ин рӯ баъид нест наҳанги бузурги дигар Ҷамоллиддин Нуралиев, шавҳари Озода Раҳмон низ бо маслиҳати Оила иқдоме мисли ин нишон диҳад ва чанд қадам ақаб ниҳад.
Ҷалби ҳимояи шарикҳои стратегие чун Чину Русия ҳам дар ин ҳолати бебандуборие, ки домодҳо кишварро ба он расондаанд, чандон осон нест. Ҳеҷ кишваре ба худ иҷоза намедиҳад аз як оилаи куллан фасодзада ва тамоми моликияти кишварро азхудкарда ошокоро ҳимоят кунад.
3. Фирор аз ҷавобгарии ҷиноӣ
Ғасбҳои рейдерӣ, бахусус ғасби моликияти шаҳрвандони хориҷӣ, нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, қочоқ ва дигар ҷиноятҳое, ки “Фароз” то ин замон муртакиб шудааст, имкони зери додгоҳҳои байналмилал рафтанашро торафт бештар мекунад. Бахусус баъди нашри тадқиқоти журналистӣ аз тарафи Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP) ин имконро бештар кардааст.
Дилхоҳ шаҳрванди хориҷӣ ва ё ҳатто Тоҷикистон метавонанд рӯзе алайҳи “Фароз” ба додгоҳҳои байналмилал шикоят барад. Аввалин занги хатар барои ин ширкат аллакай садо дод – мухолифин тасмим доранд ба зудӣ ин корро анҷом диҳанд.
Аммо дар сурати барҳам хӯрдани “Фароз” ба ҷавобгарӣ кашидани худи Шамсулло Соҳибов ва ё ҳар нафари дигари дастдошта дар ҷиноятҳои ин ширкат ба маротиб мушкилтар хоҳад шуд.
4. Омодагӣ ба ивазшавии қудрат
Дар интихоботи як соли пас, бо гумони ғолиб Эмомалӣ Раҳмон курсиашро ба писараш Рустам ё духтараш Озода вогузор хоҳад кард. Ҳарчанд Раҳмон бо тағйирот дар қонунҳои кишвар ресмони қудратро пурра дар дасти худаш, ҳатто баъди рафтанаш ба истеъфо, ҳифз кардааст, соле пас аз интихобот ҳарфи аввалро раисҷумҳури нав хоҳад зад. Чӣ Рустам ва чӣ Озода аз язнаашон Шамсулло на танҳо дар ҳади падарашон ҳимоят нахоҳанд кард, балки бо гумони ғолиб ҳади ақал қисме аз империяи бузурги ӯро ба ихтиёри худ медароранд. Агар тамоми онро баякборагӣ наситонанд. Ин империя аз ҳаде, ки ҳатто як домоди раисҷумҳур дар як кишвари авторитарӣ метавонад дошта бошад, хеле бузургтар шудааст. Ба хусус барои кишваре, ки дар он 7 домод, ду писар ва даҳҳо набера “соҳибкор” ҳастанд.
Зоҳиран бо дарназардошти ҳамин масъала, Шамсулло Соҳибов тасмим гирифааст қисми асосӣ ва ё ҳатто тамоми бизнесаш дар Тоҷикистонро фурӯхта, пулҳояшро ба хориҷ интиқол диҳад.
5. Баҳсҳои дохилиоилавӣ
Баъди бузург шудану пой ба арсаи “тиҷорату бизнес” ниҳодани фарзандони раисҷумҳур, ҷанҷолҳои дохилиоилавӣ дар оилаи рақами аввали кишвари аввал шурӯъ шуда буданд. Ҳасанро паррондани Рустамро ба хотир оваред.
Тибқи иттилоъи манобеъи зиёде, ин ихтилоф на танҳо байни тағову ҷиянҳо бештар шудааст, балки байни худи фарзандони Раҳмон ҳам торафт авзоиш меёбанд. Эътирози домодҳои дигар аз наҳангиҳои Шамсулло Соҳибов бештар шуда ва онҳо худро назди ин наҳанги бузург мазлум мебинанд. Дар ҳоле, ки ҳама бояд имкониятҳои баробар дошта бошанд, чун мавқеъашон баробар аст, яке аз онҳо бо суръати тамом на танҳо соҳаҳои даромданокро монополия мекунад, балки ба қисмати таҳти назорати онҳо низ бинӣ мехалад.
Имкон дорад ин эътирозҳо аз тарафи домодҳои дигар, Рустам ва Сомони тоза ба “бизнес” воридшудаистода, Раҳмонро водор кардааст лаҷоми Шамсуллоро бикашад. Ин имкон ҳам вуҷуд дорад дар шӯрои оилавӣ имкониятҳову соҳаҳои даромад аз нав тақсимбандӣ шуда, ба молики “Фароз” амр шудааст, қисмате аз соҳаҳои монополиякардаашро дар ихтиёри писарон ё домодҳои дигар бигзорад.
6. Фирор аз кишвар
Дар қатори ин фарзияҳои Паём фарзияи дигаре ҳам, аз тарафи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ матраҳ шудааст, ки ҳарчанд фантастикӣ менамояд, нодида гирифтан беэътиноӣ ба назари ин корбарон мебуд. Аз тарафи дигар, гоҳе ҳамин фарзияҳои фантастикӣ ба ҳукми воқеъият медароянд.
Ин корбарон ба ин назаранд, ки Оила тасими гирифтааст пулу моликияташро бардошта аз Тоҷикистон фирор кунад. Бо дарназардошти ин ки қоидаи вазъкардаи Ленин барои инқилоб дар шароити Тоҷикистон ҳарчӣ ба воқеъият наздиктар мешавад, ин фарзия ҳам чандон фантастикӣ наменамояд. Ленин гуфта буд инқилоб замоне сар мезанад, ки поёниҳо дигар наметавонанд бо шароити қаблӣ зиндагӣ кунанд ва болоиҳо наметавонанд бо қоидаҳои қаблӣ давлатро идора кунанд.
Шамсулло Соҳибов, ки бештар аз ҳар узви дигари оила дар кишвар моликият дорад, медонад, ки боҷаҳояш ҳамин фардо метавонанд кишварро тарк кунанд, чун моликияташон асосан дар хориҷ аст. Бинобар ин ба хотири ақаб намондан аз хоҳарарӯсону боҷаҳояш мехоҳад ҳарчӣ зудтар моликияташ дар кишварро ба пулу тилло табдил диҳад ва аз кишвар берун кашад.
Кадоме аз ин фарзияҳо воқеъият доранд ё фарзияҳои дигаре ҳам вуҷуд доранд, вақт муайян хоҳад кард. Вале ҳамин, ки гурусначашмтарин домодҳо ба фурӯши моликияташ дар кишвар иқдом кардааст, гувоҳи он аст, ки шӯрои Оила тасмими ғайриоддие гирифтааст.