Рубрики Хабарҳо

Қариб 20 дастгоҳи нафаси сунъии мусодирашуда аз Шӯҳрати доруфурӯш куҷо шуданд?

Мақомоти пулиси вилояти Суғд баъди тафтиши хонаи Шӯҳрат Сайидалихонов, муассис ва мудири  ҶДММ-и “Саховат” дар шаҳри Хуҷанд, 9 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайдо кардаанд. Ҳамчунин тафтишҳои дигар нишон додаанд, ки ин тоҷир чанд дастгоҳи дигарро соҳиб аст.

Баъди далоили ҷиноятҳои ин соҳибкор аз тарафи пойгоҳи “Ислоҳ”, мақомоти умури дохилии вилояти Суғд ба тафтиши тиҷорати ӯ шурӯъ кардаанд, ки дар натиҷа санаду далоили ҷиноятҳои зиёде аз тарафи Шӯҳрат Сайидалихонов ифшо шудааст. Ҷолибтар аз ҷиноятҳо ва тафтиши як соҳибкоре, ки ҷияни вазир Рамазон Раҳимзода аз ӯ пуштибонӣ мекард, ин аст, ки чӣ касе ба мақомот аз пинҳон нигоҳ доштани беш аз 10 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ хабар додааст.

Ба онҳое, ки аз қазия бехабаранд, хотиррасон мекунем, ки тибқи як ифшогарии пойгоҳи “Ислоҳ”,  Шӯҳрат Сайидалихонов, ки молики беш 40 дорухона дар вилояти Суғд ва Душанбеву навоҳии атрофи он аст, таҳти сарпарастии Шӯҳрат Раҳимзода, сардори шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ш.Хуҷанд ва ҷияни вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода ба қочоқи дору аз Бишкек, аз ҷумла доруҳои имрӯз серталабот мисли  анаферон, эргаферон арбидол машғул буда, ҳамчунин бо сӯистифоа аз пандеми қимати ин доруҳоро то даҳ маротиба боло бурдааст. 

Баъди нашри ин таҳқиқот билофосила тафтиши қазия шурӯъ мешавад, ки дар назари аввал хеле ҳайратовар аст. Чӣ гуна Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ҷуръат кардааст нафареро тафтиш кунад, ки зери назари ҷияни вазираш аст? Ва чаро мақомот ин гуна бо суръат ба таҳқиқоти як пойгоҳи мухолиф вокуниш кардаанд? 

Дар аввал ба дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ мепардозем. Ғайри 9 дона аз ин дастгоҳи дар хонаи Сайидалихонов пайдошуда, пулиси Суғд муайян кардааст, ки ӯ ҳади ақал се дастгоҳи дигарро ба дармонгоҳу беморхонаҳо ба иҷора додааст. Ҳамчунин манбаъи Паём мегӯяд аз як хонаи дигари мутааллиқ ба яке аз наздикони ӯ, чанд дастгоҳи нафасдиҳии дигар кашф шудааст, ки манбаъ шумори онро 5 то 8 дона мегӯяд.

Хотиррасон мекунем, дар аксари кишварҳои ҷаҳон ин кор, яъне пинҳон кардани дору ё дастгоҳҳои барои муолиҷа зарурӣ дар замони шуйӯъи вирус ҷинояти бузург маҳсуб мешавад, ки баробар ба қатли амдии инсонҳост.

Тамоми ин дастгоҳҳо ва дорувории зиёде, ки ҳоло барои табобати COVID-19 истифода мешавад, аз тарафи пулис мусодира мегардад — 9 адад аз хонаи Шӯҳрат Сайидалихонов, се адад аз дармонгоҳу беморхонаҳо ва чанд адади дигар аз хонаи яке аз пайвандонаш. Акнун бояд ҷинояткор ҷазо гирад ва дастгоҳҳо оҷилан ба беморхонаву дармонгоҳҳо тақсим карда шаванд, чун ҳар соати кори он метавонад ҷони як нафарро наҷот диҳад. Аммо ин амалиёти пулис дар ҳеҷ расонае, аз ҷумла гузориши худи ВКД зикр нашуд, дар ҳоле, ки ВКД боздошти ҳар сӯзануздеро дар гузоришҳояш бо ҳангома таблиғ мекунад. 

Расонаӣ нашудани ин амалиёт ду сабаб дорад. Яке аз ин сабабҳо ҳамон аст. ки бинобар он Раёсати корҳои дохила дар вилояти Суғд алайҳи нафари зерҳимояи вазираш амалиёт гузаронд ва мо поёнтар ба ин масъала бар хоҳем гашт.

Сабаби дуввум ин аст, ки ҳеҷ як аз ин дастгоҳҳо ба беморхонаву дармонгоҳҳо нарасиданд. Аниқтараш қисмате аз онҳо расиданд, аммо танҳо ба госпитали РВКД дар Суғд, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ленин 159. Беморхонае, ки дар он танҳо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ табобат мегиранд. 

Аз додаҳои манбаъи Паём бармеоянд, ки дастгоҳҳо ба ин госпитал воқеъан заруранд, чун кормандони ВКД дар вилоят бештар аз намояндагони ҳар касбу кори дигаре сироят ёфтаанд. Тибқи гуфтаи манбаъ ҳар саввумин корманди ВКД дар Суғд гирифтори коруност. Аммо ин госпитал чандон бузург нест ва шумори кормандони ВКД дар вилоят ҳам ба ҳаде нест, ки ба ин қадар дастгоҳ ниёз дошта бошад. 

Манбаъи Паём мегӯяд ба ин госпитал ҳамагӣ 5 ё 6 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ оварда шудааст. 11 то 15 адади он маълум нест куҷо рафтаанд. Албатта имкон дорад он ба госпиталҳои дигари ВКД дар пойтахту вилоятҳои дигар фиристода шуда бошад, вале то ҳол ҳеҷ маълумоте дар ин бора дастрас нашуд.

Аммо сабаби ин ки чаро Раёсати корҳои дохила дар Суғд ҷуръат кард алайҳи нафари зерҳимояи вазираш амалиёт гузаронад ва ин ки чаро ин амалиёт расонаӣ нашуд:

Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, дарҳол баъди нашр шудани ифшогарии “Ислоҳ”, Рамазон Раҳимзода ба ҷиянаш амр мекунад, ки ҳарчӣ зудтар равобиташро бо Шӯҳрат Сайидалихонов қатъ намуда барои худашро сафедтар кардан дар амалиёт алайҳи ӯ кӯмак кунад. Шӯҳрат Раҳимзода бо фармони амакаш ҳамномашро ба қавле “кидат” мекунад. Ӯ на танҳо ба зангҳои Сайидалихонов баъди шурӯъи амалиёт ҷавоб намедиҳад, балки тамоми маълумотҳои зарурӣ дар бораи нафари зерҳимояашро дар ихтиёри ВКД мегузорад. Аз ҷумла дар хонааш нигоҳ доштани дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, ба иҷора додани онҳо ва доруҳои қочоқии Сайидалихонов. 

Сабаби дигари расонаӣ нашудани ин амалиёт дар “хиёнат”-и вазири корҳои дохилаву ҷиянаш ба пешвояшону хонаводааш аст. Воридоти доруворӣ ба Тоҷикистон монополияи ду фарзанди Эмомалӣ Раҳмон — Парвина ва Рустам аст. Парвина бо “Сифат-фарма” ва Рустам бо “Ориён-фарм”. Ҳеҷ каси дигар ҳақи ворид кардани доруворӣ ба Тоҷикистонро надорад ва кӯшиши он барояш бисёр гарон тамом мешавад. 

Ҳимояти Рамазон Раҳимзодаву ҷиянаш аз як қочоқбар, ки пинҳонӣ бо Рустаму Парвина рақобат мекард, метавонад барояшон гарон тамом шавад. Бахусус қоҷоқбаре, ки ҷуръат кардааст бидуни иҷозаи хонавода дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ворид кунаду онро ба иҷора диҳад. Дастгоҳе, ки фоидааш дар ин авохир ба 1000% расидааст. Хонаводаи Раҳмон ин густохиро амалан хиёнат ҳисоб мекунад ва метавонад бо бадтарин навъ ба хиёнаткорон бархӯрд намояд. 

Бинобар ин Раҳимзода тасмим гирифт қазия бидуни сарусадо тамом шавад: ба ҷиянаш амр кард ҳарчӣ зудтар робитааш бо Сайидалихоновро қатъ намояд ва амр кард амалиёти мусодираи дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ва доруҳои қочоқӣ расонаӣ нашавад. 

Дар асл на Раҳимзода ва на Ятимову дигар вазирон чандон дар масъалаи бизнес ба пешвояшон содиқ нестанд. Мо чанд санаде дар даст дорем, ки аз бизнес-рақобати вазирону раисон бо хонаводаи пешвояшон ҳикоят мекунад ва ба зудӣ расонаӣ хоҳем кард.   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *