Рубрики Хабарҳо

Номаи доди як хоҳари парастор

Ӯ як хоҳари парастор аст. Дар яке аз беморхонаҳои Суғд. Мо аз ӯ ду нома дарёфт кардем. Номаи аввалаш як ҳафта қабл расида буд. Пур аз дард ва баёнгари як воқеъияти талх. Фиғони як хоҳари шафқате, ки ҷон рӯи каф барои ҷони дигарон мубориза мебарад. Як қаҳрамон, ки бояд барояш тандис гузошт, аз ноадолатиҳои мақомоту ҷомеъа ба дод омадааст.

Ӯ ғорат мешавад, ҳақаш дуздидаву фурӯхта мешавад, таҳқиру таҳдид мешунавад ва байни оби оташ мондааст. Бояд яке аз дуро интихоб кунад — ё мондан дар беморхонаву хидмат ба мардуми вабозадаи бечора ва дар ҳамин ҳол ҷони худу хонаводаро дар хатар гузоштан ва ё тарки касб кардану наҷоти ҷон, аммо аз ҳамин маоши кам ҳам маҳрум шудан.

Мо тасмим гирифтем ҳарду номаашро якҷоя нашр кунем, чун пурракунандаи ҳамдигаранд ва тағйири вазъ дар як ҳафтаро ҳам нишон медиҳанд. Номи беморхонаашро зикр намекунем, зеро медонем, ки фардо даҳҳо нафар ба ҷустуҷӯяш хоҳанд пардохт. Ва новобаста аз он ки ҷони садҳо нафарро наҷот додааст, ҷони худашро дар хатар хоҳанд гузошт. Номаи ӯ назди мо маҳфуз мемонад, то рӯзе бо зикри номаш ба дар шакли аввалиаш дубора нашр кунем. Чун бо забони мардумӣ навишта шудааст, мо онро таҳрир ва ба забони адабӣ баргардон кардем.

Ин ҳам номаи аввал, ки як ҳафта қабл, 1 май ба мо расида буд:  

Салом. Ман як парасторам. Як ҳафта шуд, ки беморхонаи мо аз беморони гирифтори коруно пур шудааст. Беморхонаҳои дигар ҳам пур. Чанд ҷои холӣ дар як бахшро барои беморони серпул ё тағодор боқӣ гузоштаанд.

Ба мо амр мекунанд, ки беморонро дар хонаашон табобат кунем. Аммо на либоси муҳофизатӣ ҳаст, на дастпӯш. Танҳо ниқоб медиҳанд, он ҳам дар чанд рӯз як бор. Мегӯянд ки либоси муҳофизативу дастпӯшро худатон харед. Ман як либос харидам бо пули худам. Дигар пул надорам. Дигарон ҳам ҳамин хел. Сардухтур мегӯяд бегоҳ либосҳоятонро хлор кунеду саҳар пӯшида равед. 

Бемор он қадар бисёр аст, ки ҳисобаш гум. Мардум сарсону саргардон. Намедонад ба кӣ муроҷиат кунад. Ҳар калоншавадае ҳаст, пинҳон шудаст. Баъзеаш худро ба беморӣ задаву дар хонааш карантин кардааст. Масалан як муовини раиси ноҳия. Ман ҳар рӯз ба хонааш меравам ва гӯё ба ӯ сузандору мезанам. Дар асл ӯ бемор нест ва дору ҳам намехӯрад. Маро аз дами дарвозааш дарунтар даромадан намемонад, ки мабодо вирус набарам. 10 сомон медиҳаду мегӯяд ба касе чизе нагӯям. Вақте аз дараш баромадам, ба ҷои истодаи ман хлор мепошад. 

Моро маҷбур мекунанд хона ба хонаи беморон гардему нигоҳбонӣ кунем. Аммо на мошин медиҳанд на раҳкиро. Мегӯянд раҳкироро аз беморон гиред. Чӣ хел аз одами мурдаистода пул мепурсӣ? Маҷбурем ҳар рӯз пиёда 10-15 километр гардем. Боз вақте баргаштем аз калонҳо дашном мешунавем, ки чаро ба хонаи фалонӣ нарафтӣ. 

Баъзан беморон ҳам қаҳру ғазабашонро ба сари мо мерезанд. Дашному таҳқир мекунанд, ки мо чанд рӯз шуд “скори” ҷеғ мезанем, чаро намеоед.

Шумори беморон ҳисоб надорад. Маргумир ҳам хеле зиёд. Одам мисли барги тут мерезад. Даҳшат. 

Хонаводаам талаб доранд, ки корро бас кунам. Мегӯянд, ки заъиф ҳастӣ, боз рӯзадор, ин беморӣ аз по меафтонад.

Имрӯз дар беморхона ҳатто як дона ниқоб намондаст. 4 ҳамкорам гирифтор шуданд, ҳоли яктояш хеле вазнин. 

Ҳеҷ кас парвои табибонро надорад. Мурдӣ, мебаранд мисли саг гӯр мекунанд.

Касе парвои ин беморӣ ҳам надорад. На роҳбарон ва на худи мардум. На беморон на аҳли оилаашон ягон қоидаи карантиниро риоя намекунанд. Ин табобати хонагӣ ба наздикӣ ҳазор-ҳазор одамро гирифтор мекунад. Ана баъд балои асосӣ сар мешавад. Ҳоло ин ғунҷаҳояш аст, баъд мешукуфад. 

Аввал то даҳону биниашон бо фурӯши кӯмакҳо, аз ниқоб сар карда то либоси муҳофизатӣ пур карданд пули чандин хонаву қасру мошинро бароварданд. Акнун қоил шуданд, ки вирус ҳаст. 

***

Номаи дуввум, ки имрӯз, 8 май расид:

Салом. Медонед чӣ? Дар як ҳафта дар мо каме пешравӣ шуд. 

Як гурӯҳи шашнафараи зудамал ташкил карданд. Ба ин гурӯҳ либоси муҳофизатии хориҷӣ доданд ва онҳо хона ба хона гашта беморҳоро сузандору мезананд. 

Дирӯз ба кормандони беморхона орд тақсим намуданд. Аз телевизион омада сабт карданд. Дар сафи аввал ҳамон гурӯҳи зудамалро монда ба онҳо орд доданд ва сабт карда рафтанд. Дигар ба касе орд нарасид. Имрӯз тасодуфан дидам, ки дар утоқи сардухтур 10 халта орд. Дугонаам мегӯяд дирӯз сардори шӯъба ҳам ба мошинаш се халта орд бор карда рафт. 

Байни кормандон гап-гап ҳаст, ки маоши иловагиро ҳам ба ҳамон 6 нафар медиҳанду халос. Кӯмакҳое ҳам, ки баъзе шаҳрвандон меоранд, мо танҳо дар даромадгоҳ вақти аз мошин фароварданашон мебинем. Хӯрок ҳам аввал ба сардухтуру сардорони шӯъбаҳо меравад, баъд ба табибону мо. 

Бовар кунед, инҳо сер намешаванд. Ноҳақӣ дар Тоҷикистон дар авҷи аъло баромадааст. Ҳама аз ҳисоби беморон кисаҳояшонро пур мекунанд. Нарх дар дорухонаҳо ба осмон хестааст. Бозорҳо аз он бадтар. Чашми калоншавандаҳо дар кӯмакҳо. Ҳар вақт кӯмак омад, мисли гургҳои гурусна ҳуҷум мекунанд. Дирӯз ба як рӯйхат чашмам афтод. Доруҳо, ниқобу дастпӯшро “списат” карда истодаанд. Сардухтур бо ду-се лаганбардораш. Ба мо ақалан як дастпӯш ё ниқоб намедиҳанд.

Мегӯям корро бас кунам. Дигар тоқати ин ноадолатиҳо надорам. Дилам аз ҳамин Тоҷикистон ҳамин қадар мондаст кии… Лекин, сабил, баъд зиндагӣ чӣ мешавад? Фарзандонро хонондан, пӯшондан, хонадор кардан даркор.

Ин ноҳаққиҳоро мебинаму мегӯям эҳ Худо, чаро инҳоро ҷазо намедиҳӣ? Бечора духтурҳо мурда истодаанд, парасторҳо мурда исттодаанд. Бовар мекунед, девона мешавам!

Ягон Инсон мондагӣ нест, ғайри камбағалу бечораҳо. Виҷдон нест. Инсоф нест…

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *