Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон татбиқи панҷ тарҳ дар соҳаи нақлиёт оғоз мешавад.
Тавре хабаргузории «Авесто» бо истинод аз бахшҳои марбутаи блоки иқтисодии кишвар иттилоъ додааст, дар соли 2023 татбиқи панҷ лоиҳаи бозсозии роҳҳо, сохтмони пулҳо ва долонҳои тармафароӣ оғоз мешавад.
Ба иттилои манбаъ, тибқи лоиҳаҳо, бояд роҳҳо бо дарозии қариб 214 километр бозсозӣ шаванд.
Аз ҷумла, барқарорсозии роҳи Гулистон-Кӯлоб бо тули 32,5 км, Данғара-Гулистон 49,2 км, Гулистон-Фархор 40 км, Бохтар-Левакант-Данғара 40 км, 4 қитъаи роҳ дар вилояти Суғд бо тули 52 км оғоз мешавад.
Илова бар ин, сохтмони пулҳо болои рӯдхонаҳои Гунд ва Шофдарё, долонҳои тармафароӣ дар шаҳраки Барсем бо тули 4,6 километр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз мешавад.
Феълан дар соҳаи нақлиёт дар кишвар 17 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ мешавад.