Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати «Умед 88» аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 24 соли зиндон маҳкум гардид. Додситон 25 сол талаб кард.
Дар муҳокимаи парвандаи ширкати “Умед-88, ки имрӯз, 17-уми сентябр дар толори Додгоҳи олӣ баргузор шуд, яке аз рақибони аслии домоди раисҷумҳур Шамсулло Соҳибов дар бозори маводи сӯхт пурра аз сари роҳи ӯ бардошта шуд.
Раҷабалӣ Одинаев, ки бо иттиҳомоти «дуздии моликияти давлатӣ», «азхудкунӣ ё исрофкорӣ» ва «ғайриқонунӣ истифода намудани маблағҳои кредитӣ» муттаҳам мешавад моҳи октябри моли гузашта, баъди интиқоди ӯ аз тарафи раисҷумҳур, боздошт шуда буд.
Додгоҳи Олӣ инчунин Идибек Иброҳимов, мудири ширкати «Умед 88»-ро ҳам барои 22 сол ба маҳбас фиристод. Ӯ низ бо ҳамон моддаҳое муттаҳам мешавад, ки муассиси ширкат шудааст.
Одинаев ягона рақиби Шамсулло Соҳибов дар бозори маводи сӯхт ба ҳимоб мерафт. Тибқи иттилоъи манобеъи гуногун, амвол ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Умед-88” низ пурра ба ихтиёри ширкати Фароз гузаштааст, ки моликаш Соҳибов аст.