Рубрики Хабарҳо

Билохира мактабҳои Тоҷикистон карантин шуданд

Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки барои ҷилавгирӣ аз сирояти эҳтимолии бемории КОВИД-19 бештар аз 2 миллион кӯдаку наврасро ба таътили дуҳафтаина мефиристад ва чорабиниҳои оммавиро манъ мекунад.

Вазорати маорифи Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрел гуфт, қарори таътили муваққатӣ дар тамоми кӯдакистону мактабҳо ва муаасисаҳои таълимии дигар дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз бемории КОВИД-19 дар шаҳри Душанбе қабул шуд.

Дар баёния омадааст, ки «ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шавад.»

Вазорат гуфтааст, дар Тоҷикистон 662 кӯдакистон вуҷуд дорад, ки дар онҳо бештар аз 102 ҳазор кӯдак таълим мегиранд. Дар мактабҳои кишвар тақрибан 2 миллиону 400 ҳазор наврас таълим мегиранд ва ба онҳо 124 ҳазор муаллим дарс мегӯянд. Дар умум бештар аз 2 миллиону 245 ҳазор кӯдаку наврасу ҷавонон ва 143 ҳазор омӯзгорро ба таътили дуҳафтаина фиристодаанд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, то ҳол ҳеч мавриди сирояти бемории КОВИД-19 дар кишвар сабт нашудааст, вале фавти чандин нафар аз бемории илтиҳоби шуш ва дафни ғайриоддӣ, шитобкорона ва бе риояти на ҳама аз рукнҳои исломӣ, шубҳаву гумонҳо дар бораи баёнияҳои мақомотро зиёд кард. Баръакси Тоҷикистон дар се кишвари ҳамсояи он Чин, Узбекистон ва Қирғизистон мавридҳои зиёди КОВИД-19 сабт шудааст ва ин ҳам шубҳаву гумон дар бораи онки вирус ба Тоҷикистон наомадааст, зиёдтар кардаааст.

Дигар сабаби нобоварӣ ба баёнияҳои мақомот, маҳдуд будани озодии баён ва худсензура дар матбуоти мустақили Тоҷикистон ва пинҳонкории мақомот аст, ки дар гузашта саъй кардаанд, сабабҳои аслии рӯйдодҳои муҳиме дар кишвар ошкор нашавад. Тоҷикистон то кунун дар ҳисоби чанд кишвари ангуштшуморе ворид аст, ки дар онҳо бемории КОВИД-19 сабт нашудааст, вале Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 23-уми апрел эълон кард, ки барои ошноӣ бо вазъ гурӯҳе аз мутахассисонашро ба Тоҷикистон мефиристад. Рӯзҳои ахир бисёриҳо аз мақомот даъват карданд, барои пешгирӣ аз эҳтимоли сирояти беморӣ дар донишгоҳу мактабҳоро таътил эълон кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *