Рубрики Хабарҳо

ВКХ аз Қазоқистон дар мавриди филми таҳқири тоҷикон шарҳ талаб кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз мақомоти Қазоқистон хостааст навореро аз силсилафилми қазоқистонии “Патрул”, ки дар он тоҷикон ва сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон таҳқир мешаванд шарҳ диҳад.

Дар ин бора Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ иттилоъ додааст. 

“Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба интишори наворҳои видеоии силсилафилми телевизионии қазоқистонии “Патрул” дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ медиҳад, ки 27 апрели 2020 ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон ёддошт бо талаби аз лиҳози ҳуқуқӣ баҳо додани фаъолияти маркази продюсерии «B.A.S production», ки силсилафилмро ба навор гирифтааст ва фармоишгари он – ҶДММ “Канали телевизионии мустақил” (НТК), инчунин тафтиши сареи ин амалҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Қазоқистон бо дарназардошти мавҷуд будани ҳолатҳои туҳмат ва амалҳои барқасд баҳри барангехтани хусумати байни миллатҳо, фиристода шуд” — омадааст дар иттилоъия.

Ҳамчунин гуфта шудааст Раёсати иттилоот ва матбуот мавзӯъро таҳти пайгирӣ қарор додааст.

Гуфтанист ду рӯз қабл дар шабааҳои иҷтимоӣ қисмате аз навори ин силсилафилм пайдо шуд, ки дар он чанд пулиси қазоқ тоҷикон ва сафири Тоҷикистонро таҳқир мекунанд.

Ин навор вокуниши густардае дар шабакаҳои иҷтимоӣ дошт. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *