11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Русия шаҳрвандонашро аз Тоҷикистон бармегардонад

Мақомоти Русия тасмим доранд бо чанд парвоз шаҳрвандонашонро аз чанд кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон баргардонанд. Дар ин бора Агентии федеролии нақлиёти ҳавоӣ — Росавиатсия хабар додааст. 

Тибқи иттилоъе, ки сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон нашр кардааст, 30 апрел ду ширкати ҳавопаймоии русӣ аз Душанбе парвоз хоҳанд кард: “Сибир” ба Новосибирск ва “Уралские авиалинии” – ба Сургут ва Екатеринбург.

Рӯзи 3 май бошад, ширкати “Уралские авиалинии” аз Душанбе ба Маскав парвоз мекунад. 

Дар иттилоъияи сафорати Русия омадааст: “Хотиррасон мекунем, ки ба парвозҳо танҳо шаҳрвандони Федератсияи Русия, ки ҳуҷҷати махсусро дар сойти “Госуслуги” пур кардаанд, роҳ дода мешаванд”.   

Дар ҳамин ҳол маълум нест, ки оё ин ҳавопаймоҳо дар парвоз ба Тоҷикистон шаҳрвнадони Тоҷикистонро мегиранд ё на.

Гуфтанист, дирӯз 27 апрел муҳоҷироне, ки дар боздоштгоҳи махсус дар шаҳраки Колтсово дар канори Екатеринбург дармондаанд, бо талаби ҳарчӣ зудтар ба Ватан фиристодани онҳо ва дастрасии озодона ба телефону гаҷетҳо ба худ осеб расонда, даст ба бетартибӣ заданд.  Дар ин бора сойти “ахбор” хабар дод.

Барои фурӯ нишондани бетартибиҳо нирӯҳои вижаи пулисро ба ҷои ҳодиса фиристодаанд. Бино ба хабарҳои расида, бетартибиҳоро дар боздоштгоҳ алакай фурӯ нишондаанд ва ба се муҳоҷир дар ҳамон боздоштгоҳ ёрии тиббӣ расонда, якеи дигарро ба беморхона бурдаанд. Омбудсмени вилояти Свердловск Татяна Мерзлякова гуфт, сабаби асосии даст ба чунин эътироз задани муҳоҷирони боздоштшуда аз интизории зиёд дилгиру бетоқат шудани онҳост. Ӯ гуфт, дар ин боздоштгоҳ 130 муҳоҷир нигоҳ дошта мешаванд, ки 100 нафараш аз Тоҷикистон будаанд ва асосан тоҷикҳо эътироз кардаанд. 

 «Онҳо хеле норозианд ва чунин эҳсос мекунанд, ки ҳаққашон поймол шудааст. Як ҳавопаймо бо ихроҷшудаҳо ба Ӯзбекистон парвоз кард. Мо дар он 152 нафарро фиристодем, Як ҳавопаймо муҳоҷирони қирғизро ба Қирғизистон бурд.  Вале ҳеҷ не ки ҳавопаймо аз Тоҷикистон биояд. Муҳоҷирони тоҷик аз интизории зиёд дар боздоштгоҳ хаста шудаанд,» — гуфт Татяна Мерзлякова.

Дар пайи чораҳои зиддии коронавирус, аз ҷумла баста шудани марзҳо ва қатъи парвозҳо, садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳҳои Русия дармондаанд.  Дар ҳоле ки мақомоти Ӯзбекистону Қирғизистон шаҳрвандони худро аз боздоштгоҳҳои Русия ҷамъ карда, ба Ватан бурданд, мақомоти Тоҷикистон аз баргардондани шаҳрвандони худ канораҷӯӣ мекунад, шикоят карда буд ахиран омбудсмени Русия Татяна Москалкова.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *