Ҷӯҷаҳои кукуҳои Тоҷикистон бузург шудаву ба партофтани ҷӯҷаҳои дигар аз лона шурӯъ кардаанд. Муҳиддин Ҳасанзода, писари Ҳасан Асадуллозода ва муовини раиси аввалин бонки исломии Тоҷикистон — Тавҳидбонк, “Рахш-такси”-ро ғасб мекунад.
Куку мурғест, ки ҳаргиз барои худ лона намесозад ва ҷӯҷаҳояшро парасторӣ намекунад. Ҷои ин, дар лонаи парандаҳои дигар, асосан парандаҳои кучактар аз худаш тухм мегузорад ва он паранда то баромадани ҷӯҷа тухми ин муфтхӯрро дар қатори тухмҳои худаш “мехобонад”. Баъди чанд рӯзи аз тухм баромадан, ҷӯҷаи куку ҷӯҷаҳои парандаи бечораро аз лона мепартояд ва он паранда ҷӯҷаи бегонаро то парида рафтанаш парасторӣ мекунад.
Маъруфтарину таҷрибадортарин ғосиби Тоҷикистон Ҳасан Асадуллозода солҳои охир, баъди ба саҳна омадани ҷиянҳояш, каме ором шудааст. Ҳоло мисли солҳои қабл ҳар корхонаву ширкате писандаш омад ғасб намекунад, ба ин кор ҷиянҳояш, фарзандони хоҳарбузургаш Азизамоҳ машғуланд. Аммо маълум мешавад ин мурғи куку дар чанд лона тухм гузоштаву ҳоло ҷӯҷаҳояш бузург шудаанд ва ба партофтани ҷӯҷаҳои дигарон шурӯъ кардаанд.
Муҳиддин Ҳасанзода, писари калонии Ҳасан Асадуллозода бо хоҳиши Умед Исматов, бунёдгузори хидматрасонии “Рахш-такси”, шарики тиҷории ӯ шуда буд. Хидматрасонии ин ширкат бо рақами 3333 дастрас аст. Аслан дар Тоҷикистон имкони бизнеси ҷиддӣ ба роҳ мондан бе ширкати яке аз аъзои хонаводаи раисҷумҳур ғайриимкон аст — дар чанд рӯз ғасб мекунанд.
Муҳиддин, тибқи иттилоъи манбаъи Паём, бидуни пардохти камтарин маблағ саҳҳоми “Рахш-такси” шуда буд, вале аввал 30 дарсад, дертар 50 дарсади даромадро ба худаш ихтисос медод.
Зоҳиран, 50% ҳам ӯро қаноъат насохтааст ва тасмим гирифта бизнесро комилан ғасб кунад. Ӯ на танҳо худи бизнес, ки кайҳо шинохта шудааст, балки мошинҳоро ҳам ғасб мекунад.
Тибқи қоида, мошинҳои ин ширкат бояд ҳар се рӯз ба маркази диспетчерӣ, ки ба бинояш ба Муҳиддин Ҳасанзода ё падараш таъаллуқ дорад рафта, иҷозатномаашонро нав кунанд. Баъди тасмими ғасб гирифтани Муҳиддин, ҳар мошине ба маркази диспетчерӣ ворид мешавад, рақами 3333 ва рамзи “Рахш-такси” аз он канда гирифта шуда, ба ҷояш рақами 1111 ва рамзи “Як-такси” часпонида мешавад.
Ҳамин тавр, ҷӯҷаи Ҳасан лонаи Умед Исматовро пурра ғасб карда, бизнеси роҳафтодаи ӯро моли худаш кардааст. Акнун ҷои “Рахш-такси” ба муштариёни он “Як-такси” хидмат мекунад. ки фоидааш ба кисаи писари Ҳасан меравад.
Аслан, ғасби рейдерӣ дар насли нави хонаводаи Раҳмон хоси танҳо Муҳиддин Ҳасанзода нест. Набераҳои бузургшудаи Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин кор шурӯъ кардаанд ва мо ба зудӣ ба ифшои ин ҳолатҳо хоҳем пардохт.
Худи Ҳасан Асадуллозода аз замони вориди “бизнес” шуданаш садҳо ширкати соҳибкорон ва давлатиро ғасб кардааст. Бузаргтарин ғасби рейдерии ӯ, ки албатта бо ҳамкории язнааш анҷом ёфтааст, ғасби бузургтарин корхонаи Тоҷикистон — ширкати алюминии ТАлКо аст, ки мо қаблан дар борааш навишта будем.
Онро метавонед инҷо мутолиъа намоед:
Ҳамчунин чанд таҳқиқоти дигар Паём дар бораи дуздиҳои Асадуллозода нашр кардаем, ки шумо бо навиштани номи ӯ дар ҷустуҷӯгари сойти Паём ё нохун задан ба ин линк метавонед падо кунед: