Раисҷумҳури Амрико бо баёни ин ки фикр намекунам Чин омори дақиқи қурбониёни коруноро дода, гуфт Пекин метавонист ба суръат ҷилави шуйӯъи вирусро бигирад ва нагузорад дар дунё густариш ёбад.
Доналд Трамп, раисҷумҳур Амрико тайи нишасти хабарӣ дар Кохи сафед бо баёни ин ки Чин метавонист ба унвони мабодо вируси коруно онро мутаваққиф кунад, гуфт: Мо дар ҳоли анҷоми таҳқиқот бисёр ҷиддӣ ҳастем. Мо аз Чин хурсанд нестем.
Трамп ҳамчунин дар посух ба саволи мабнӣ бар иддаои пинҳонкорӣ дар оморӣ вируси коруно тасреҳ кард: Танҳо чизе, ки метавонам бигӯям мо омори дақиқ медиҳем. Агар кишварҳои дигарро дар назар бигиред, ба унвони мисол ман фикр намекунам Чин омори дуруст дода бошад.
Вай ҳамчунин дар бораи иттиҳомоте, ки Чин вирусро амдона мунташир кардааст, изҳор дошт: Мо аз Чин хурсанд нестем. Мо бобати ин вазъият нороҳат ҳастем. Чун мӯътақидем, ки Пекин метавонист маншаҳои онро мутаваққиф кунад. Чин метавонист ба суръати шуйӯъи ин бемориро мутаваққиф кунад ва иҷоза надиҳад, ки ин беморӣ дар ҷаҳон густариш ёбад.
Вай дар идома гуфт: Акнун Иёлоти муттаҳида беш аз 5.4 миллион озмоиши коруно, яъне тақрибан ду баробар теъдоди озмоишҳо дар кишварҳои дигар анҷом додааст.
Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин бо ишора ба таътили мадорис гуфт: Мӯътақидам бисёре аз мадорис ба зудӣ боз хоҳанд шуд.