Туркия дар семоҳаи саввуми соли ҷорӣ бо 11.1 дарсад рушди иқтисодӣ аз бисёре аз кишварҳо сабқат ва дар садри Иттиҳодияи Аврупо, гурӯҳи 20 ва Созмони ҳамкорӣ ва тавсеаи иқтисодӣ қарор гирифтааст.
Ба гузориши хабаргузории Анадолу, бар асоси гузоришҳои созмони омори Туркия, Дафтари омори Аврупо ва созмони Ҳамкорӣ ва тавсеаи иқтисодӣ, шохиси занҷираии ҳаҷми тавлиди нохолиси дохилии ин кишвар дар семоҳаи саввуми сол 2017 нисбат ба муддати мушобеҳ дар соли гузашта 11.1 дарсад рушд дошта ва бад-ин тартиб рекорди ҷадиде дар сатҳи ҷаҳонӣ сабт кардааст.
Рушд иқтисоди Туркия дар семоҳаи саввуми соли ҷорӣ нисбат ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, идораи Созмон ҳамкорӣ ва тавсеаи иқтисодӣ, гурӯҳи 20 пешрафти бузург ва чашмгиреро таҷриба карда, аз онҳо пешӣ гирифтааст.
Туркия дар семоҳаи дуввуми соли ҷорӣ 5.2 дарсад рушди иқтисодӣ дошт ва ин мизонро дар семоҳаи саввум ба 11.1 дарсад афзоиш дод. Рушди иқтисоди Туркия дар давраи мазкур байни кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, гурӯҳи 20 ва Созмони ҳамкорӣ ва тавсеаи иқтисодӣ дар радаи аввал қарор гирифт.
Кишварҳои Аврупоӣ дар семоҳаи дуввуми сол ҷорӣ 2.1 дарсад ва дар семоҳаи севвум 2.5 дарсад рушд доштаанд. Туркия тақрибан чаҳор баробари нишондиҳандаи миёнаи рушди иқтисодии Аврупо рушд дошт.
Руминия дар байни кишварҳои Аврупо дар семоҳаи саввуми сол бо 8.8 дарсади рушд бештарини рушди иқтисодиро доштааст. Ҷумҳурии Малта бо 7.2 дарсади дар рутбаи саввум ва Латвия бо 5.8 дарсад дар ҷойгоҳи чаҳорум қарор гирифт.
Кишварҳои муҳими Аврупо монанди Нидерланд 3, Олмон 2.3, Англия 2.1 ва Фаронса 2 дарсад рушди иқтисодӣ доштанд. Чин, ки аз иқтисодҳои бузурги ҷаҳон ва узви гурӯҳи 20 аст, низ дар ин давра 6.8 дарсад рушд дошт. Ҳиндустон 6.1 дарсад рушд кардааст.