Бег NGN-ро манъ кард. Дар навбат Viber, Imo, Telegram, WhatsApp
Бег Зуҳуров, раҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз шабакаҳои мобилӣ талаб кардааст дар Тоҷикистон дастрасӣ ба Шабакаи насли ояндаро (Next Generation Network) қатъ кунанд.
Шабакаи алоқаи NGN аз пуристифодатарин шабакаҳои алоқаи садоӣ буд, ки беш аз миллион муштарӣ дошт ва асосан муҳоҷирон аз он кор мегирифтанд. Занг задан тавассути ин шабака бисёр арзон тамом мешуд, чун новобаста аз макони будубоши зангзананда чун занги дохилӣ нархгузорӣ шуда, барои алоқа танҳо будани интернет кофӣ аст.
27 ноябр Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки раҳбарияшро қудои раисҷумҳур Бег Зуҳурови маъруф бар дӯш дорад намояндагони ҳамаи ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасонро ҷамъ намуда, эълом кард, ки онҳо бояд дастрасӣ ба NGN-ро қатъ кунанд. Далели ин талабашро Хадамоти алоқа бехатарии кишвар унвон кардааст. Вале ҳеҷ гуна ҳуҷҷате, ки дар кадом асос ин кор анҷом мешавад ва қарори кадом ниҳоди бехатарӣ вуҷуд дорад, нишон дода нашудааст. Вақте ширкатҳо қабул накарданд, Бег ҳамчун ҷазо барои панҷ рӯз зангҳо аз телефонҳои мобилӣ ба телефонҳои симиро баст, ки дар натиҷа ширкатҳо маҷбур ба қабули амри қудои раисҷумҳур шуданд.
Тибқи қарори ҳукумат дар бораи “Маркази ягонаи коммууникатсионии алоқаи электронӣ” тамоми зангҳои байналмиллалӣ бояд тавассути ин марказ гузаранд ва барои ҳар дақиқа ба ниҳоди Бег Сабур 20 дирам супоранд. Вале зангҳои IP-телефония чун занги маҳаллӣ қайд мешавад. Бег фоидае, ки дар назар гирифта буд дарёфт намекунад ва тасмим гирифтааст бо ҳар роҳе ба зангҳои байналхалқӣ тасаллут ёбад.
Раиси Хадамоти алоқа, ки баъди ҷавоби машҳураш дар бораи расидани тири дайду ба хати телефон байни мардум лақабби Тирбегро ҳам соҳиб шудааст, аз зиёд шудани паёмакрасонҳо (мессенҷер) ҳам изҳори нигаронӣ карда, хостааст онҳо ҳам баста шаванд. Ӯ талаб кардааст Viber, Imo, Telegram, WhatsApp ва дигар паёмакрасонҳо бинобар хатар доштанашон ба амнияти миллӣ қатъ шаванд. Вале “барои дастгирии озодии сухан” Facebook, Twitter, OK дастрас боқӣ монанд.
Ширкатҳои мобилӣ мегӯянд барои бастани паёмакрасонҳо таҷҳизоти махсус лозиманд, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз вуҷуд надорад.
Дар ҳамин ҳол, тарҳи тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Тоқикистон омода мешавад, ки барои ба нафари дигар додани рақами мобилӣ ҷазо пешбинӣ мекунад.
Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳақ дорад танҳо ду симкорт барои худ ва ду симкорт барои фарзандонаш бихарад. Симкорти фарзандон ҳам бо бақайдгирии шаҳодатномаи таваллуди онҳо дода мешавад.
Ширкатҳои мобилӣ ҳам, ки бузургтарин андозсупорандагон маҳсуб мешуданд, ду соли охир бо шиддат фоидаҳои худро аз даст медиҳанд ва солро бо зарар ҷамъбаст мекунанд. Пеш аз ҳама ин зарарҳо аз ҳисоби ҷаримаҳоест, ки ба онҳо баста мешавад. Декабри соли гузашта Кумитаи андоз «Таком» (Beeline)-ро 354 млн сомонӣ, Tcell – ро 155 млн сомонӣ ва Megafon Tajikistan-ро 151 млн сомонӣ ҷарима баст. Соли 2014 ҷарима дар ҳаҷми 341 млн сомонӣ ба дӯши «Вавилон-М» бор карда шуда буд.