Расонаҳои Тоҷикистон имрӯз, 28 апрел дар пахши ахбори вобаста ба вируси коруно боҷуръаттар аз дирӯз шуданд. Имрӯз ҳам гирифторӣ ба коруно, маргумир аз он ва хабарҳои вобаста ба ин беморӣ дар сархати расонаҳо қарор доштанд.
1. “Радиои Озодӣ” хабар дод, ки гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хуҷанд бо назардошти он ки табибону парасторон шабонарӯзӣ дар бемористонҳо ба муолиҷаи дардмандон машғуланд, дар хонаҳои худ ғизо омода карданд ва барои онҳо бурданд.
Ин ташаббус нахуст дар сафҳаҳои фейсбукии хуҷандиён баён шуд ва бо он ки пуштибонии зиёд пайдо кард, амалӣ гардид. Шоми 27 апрел ташаббускорон нахустин бастаҳои хӯроки шом ва қуттиҳои шашлитрии пластикии обро барои кормандони Беморхонаи марказии вилояти Суғд бурданд ва аз тирезаҳои табақаи аввал ба онҳо расонданд.
2. “Азия Плюс” , ки Раёсати суисӣ (швейсариягӣ) оид ба рушд ва ҳамкорӣ
(SDC) ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ба Тоҷикистон барои хариди лавозимоти беҳдоштӣ ва мубориза бо коруно 500 000 сомонӣ кӯмак кардааст.
3. “Паём” аз манъи вуруди беморон ба маркази ташхисию табобатии Авис дар шаҳри Истаравшан баъди сироят ёфтани табиби терапевти ин марказ . Ҳамчунин ин сойт бо такя ба манобеъаш аз марги як нафар дар ин марказ, як корманди фабрикаи паррандапарварӣ ва як мутахассиси ширкати “Оби Зулол” дар ин шаҳр иттилоъ медиҳад.
4. Сойти “Пайк” шаби 27-уми апрел собиқ корманди БДА дар ноҳияи Спитамен Илҳом Шерматов аз илтиҳоби шуш ва таби баланд вафот кард. Бино ба иттилои наздиконаш номбурда 50 сол дошта, сокини ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоев, кӯчаи Э. Юсуфи ноҳияи Спитамен будааст.
5. “Ахбор” , ки дар бахши аъзами мактабҳои олиии Тоҷикистон имтиҳоонҳои пеш аз муҳлат оғоз ёфтаанд. Ба донишҷӯён гуфтаанд, ки баъди супурдани имтиҳонҳо онҳоро то моҳи сентябр ҷавоб медиҳанд. Ин сойт бо истинод ба манбаъаш дар вазорати маориф навиштааст: «Аз Ҳукумати Тоҷикистон дастур шуд, ки имтиҳонҳои пеш аз муҳлат оғоз шавад,имрӯз дар тамоми муасисаҳои кишвар рейтинг ва имтиҳонҳо оғоз гардиданд.”
6. “Радиои Озодӣ” бо намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ Галина Перфилева дар бораи коронавирус, фавти пайиҳами бархе аз сокинон аз илтиҳоби шуш ва масоили дигар баргузор кард. Перфилева ба қисме аз суолҳо “намедонам” ва “иттилоъ надорам” посух дод, аммо гуфт Тоҷикистон бояд ба “бадтарин сенориё” омода бошад.
7. Сойти “Маркази таҳлили Осиёи Марказӣ” бо истинод ба як манбаъаш дар Раёсати тандурустии вилояти Суғд , Беморхонаи вилоятии Суғд, Таваллудхонаи шаҳрии Хуҷанд ва Беморхонаи бачагона ба марокизи қабули гирифторони коруно табдил шудааст. Танҳо дар беморхонаи вилоятӣ ҳади ақал 400 нафар гирифторони вируси коруно бистарӣ шудаанд ва ҳар рӯз 5-6 нафар ҷон медиҳанд. Як табиби ин беморхона ба расона гуфтааст, ки мақомоти амниятӣ аз онҳо қатъиян талаб кардаанд, ки тамоми маълумот дар бораи коруноро махфӣ доранд.
8. “Азия Плюс” , ки Абдуманнон Шарипов, падари рӯзноманигори зиндонӣ Далер Шарипов ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муроҷиъат карда аз ӯ хостааст дар ташхиси писараш мусоидат кунад. Гуфта мешавад Далер Шарипов аз тангии нафас ва дарди қалб шикоят мекунад.
9. “Паём” аз даргузашти Точибоева Вилоят, муовини раҳбари мактаби 3-и шаҳри Хучанд ва собиқ корманди шӯьбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Аслонов Акрам, ки ба ҳайси муаллими мактаби хусусии Гёте кор мекардааст, аз бемории COVID-19 .
10. “Радиои Озодӣ” иттилоъ дод чаҳордаҳ корманди соҳаи тибро дар шаҳри Кӯлоб баъди адои давраи карантин дубора зери муоинаи доимӣ гирифтаанд. Мақомот гуфтаанд, ташхиси аввал ҷиҳати маълум кардани бемории ҳамагир дар онҳо «номуайян» аст ва бояд дафъаи дувум озмоиш кунанд. Ин гуруҳи пизишкон аз моҳи март то 10-уми апрел ба нигоҳубини тақрибан шаст нафаре машғул буданд, ки аз хориҷа ва асосан аз Русия баргашта, дар бемористони касалиҳои сироятии Кӯлоб давраи карантинро пушти сар карданд.
11. Хабаргузории “Авесто” барои мубориза бо коруно гурӯҳи махсуси Вазорати корҳои дохила ҷалб шудааст. Ин гурӯҳ ба зиддиуфунӣ кардани биноҳо ва амокини серодам машғул хоҳад шуд.
12. “Азия Плюс” , ки як ҳафта инҷониб дар даромадгоҳи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон шахсони аз Душанбе омадаро табибон пешвоз мегиранд: таби онҳоро санҷида, ба ҷудо нигаҳдории худ муддати 14 рӯз уҳдадор мекунанд.
Бо ин шахсон ҳамчунин дар бораи тадбирҳои пешгирии сирояти коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
13. “Паём” аз даргузашти як ҷавони 32-сола, ки якуним сол қабл аз зиндон озод шуда буд, аз COVID-19 . Ҷасади ӯро ба хонаводааш надоданд ва бо ҷанозаи бисёр мухтасар табибон дафнаш карданд. Ҳайдар Акрамови 32 сола бо иттиҳоми “салафӣ” се соли зиндонро паси сар карда рӯзи 18 ноябри соли 2018 аз зиндон озод шуда буд.
14. “Азия Плюс” ки дар Суғд фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ барои хариди либосҳои ҳимоятӣ барои табибон маблағ ҷамъоварӣ мекунанд. Онҳо гуфтаанд, ки захираи ин либосҳо дар беморхонаҳо ба охир мерасанд.