Ду созмон – “Ҷунбиши Мардумии Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон” ва “Анҷумани Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо” аз таъсиси ситод “Ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон” хабар доданд. Ин ситод, тибқи эълони масъулинаш, ба мубориза алайҳи нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон, ба хусус дастдарозӣ ба кисаи онҳо бо таъсиси Маркази миллии протсессингӣ аз тарафи Бонки Миллӣ машғул хоҳад шуд.
Шарофиддин Гадоев, раҳбари “Ҷунбиши Мардумии Ислоҳот ва Рушди Тоҷикистон”, зисни эълони таъсиси ин ситод, аз дигар созмонҳо ва ба хусус муҳочирони корӣ даъват кард ба ин мубориза ҳамроҳ шаванд. Ӯ гуфт ҳадаф аз таъсиси “Маркази миллии протсессингӣ” дастдарозӣ ба кисаи муҳоҷирон аст ва хонавода раисҷумҳур мехоҳад бо ин роҳ соҳиби даромади нави бедардимиён шавад.
Суханронии Шарофиддин Гадоевро инҷо бубинед: