Рубрики Хабарҳо

Фаҳмиши дину диндорӣ бояд бознигарӣ шаванд

Иброҳими Сайиднуриддин

Яке аз калимоте, ки дар фаҳми он бояд бознигарӣ кард, калимаҳои дин ва диндорӣ аст.

Дин иборат аз муносибати хоси банда бо Худованд нест. Онгуна, ки ағлаби диндорон чунин фикр мекунанд. Ё ононро ба ҳамин афсона бовар кунонидаанд.

Дин иборат аз барномаи комили зиндагӣ аст, ки ба воситаи Муҳаммад (с) охирин сафири Худованд сӯи башар ба мо расида аст.

Дин ин ба Худовандии Худованд таслим шудан ва супоришҳои Ӯ таъолоро дар мавриди худ, оилаи худ, фарзандони худ, кору даромади худ, дар муносибат бо шахси аз худ болотар ва поинтар…. ба андозаи тавон иҷро намудан аст.

Диндорӣ танҳо ба забон такрор намудани исми Худованд нест.

Дидорӣ танҳо ҳафтае як маротиб намози ҷумуъа ё соле як маротиб ба намози ид рафтан нест.

Диндорӣ ин нест, ки то чиҳил, ё панҷоҳсолагӣ ҳар кореро, ки дилат бихоҳад анҷом диҳӣ ва дар авохири умр ба ҳаҷ рафта бо лақаби ҳоҷӣ баргашта онгуна, ки аз сирот гузашта бошӣ, осуда бошӣ.

Диндорӣ чунин нест, ки дар маргу мусибатҳо Худо гуӣ, вале вақто туйи арусии фарзандатро барпо намоӣ, ба ҷуз ақди никоҳ аз шариат ва аҳкоми он ҳеҷ чизи дигаре ба ёд наорӣ ва бигӯи як рӯз аст духтар ё писар ҳавасҳояшро анҷом диҳад.

Диндорӣ ин нест, ки чун беморхона ва ё бозоре ё дуконат баста шавад, нигарону маҳзун шавӣ, вале чун хонаи Худо баста шавад бетафовут бошӣ.

Диндорӣ яъне аз ҳеҷ касе ба ҷуз Худо натарсидан, ба ҷуз аз фазли Ӯ таъоло аз каси дигаре умед накардан, ризои Ӯ Азза ва ҷаллро мақсаду мароми ниҳоии худ қарор додан аст.

Диндорӣ ин нест, ки касеро зулм нанамоӣ, балки мебояд золимеро дӯст надорӣ, ӯро мадҳ нанамоӣ, ба ҳарфе ӯро таъйид нанамоӣ, барояш тули умр таманно нанамоӣ, зеро агар чунин намоӣ, дӯст доштаӣ, ки боз мардуми дигаре зулм бинанд ва боз бештар Худоро маъсият шавад, ӯ бо кирдораш ва ту бо дӯстдоштанат ӯро ҳамроҳаш хоҳӣ буд.

Диндорӣ ба ҳама аҳкоми дин, чӣ дар мавриди таҳорат бошад ё тиҷорат, чӣ аҳкоми оилавӣ бошад чӣ иҷтимоъӣ, чӣ масъалаи иқтисодӣ бошад чӣ сиёсӣ, ба он пойбанд будан аст.

Диндорӣ ин нест, ки гумон намоӣ дин аз ҷомеа ва ё саноат ва ё сиёсат… ҷудост, дин барномаи зиндагӣ аст, ки Офаридгори ин зиндагӣ ва мо ҳама зиндаҳо онро муайян намуда аст.

Диндорӣ ба афсонаи афсонагӯёне, ки баъзе онҳо галстук доранду баъзе дигар ҷелаку салла, гоҳо дар маҷлисҳо ва гоҳи дигар аз минбарҳо ҳамарӯза ин дуруғро такрор мекунанд, ки дин аз сиёсат ҷудост ва худ динро бо Қуръону ҳадису фиқҳу таърихаш…дар хидмати сиёсат қарор додаанду бештар аз суханҳои динӣ мадҳу таҳсини сиёсатмадорон мекунанд, бовар накардан аст.

Аз ягон муллову эшону донишманд напурсед, ки оё дин ба сиёсат кор дорад ё на, балки аз ақли худ бипурсед. Агар динро аз сиёсат ҷудо намоем садҳо ояи Қуръон ва аҳодиси Паёмбар (р)- ро ки дар бораи идораи давлат, иҷрои сулҳ, муносибат бо кишварҳои ҳамсоя, дар бораи интихоби роҳбари давлат…аст бояд чӣ кунем?!

Онҳоро бояд ҳазф кунем, то дуруғи ҳазрати хатиб ва ё назарияи устоди фалсафа дуруст шавад ва ё ба он ояҳо имон оварда мусалмон боқӣ монем?!

Диндорӣ пеш аз тарзи дуруст намоз хондан, тарзи дуруст фикр кардан аст.

Пеш аз таҳорат гирифтану баданро пок намудан, зеҳнро аз афкори ғалат пок сохтан аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *