Зиндонбони “Кирпичний” дар шаҳри Ваҳдат эътироф кардааст, ки Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон бо усули “СКЛОНКА” ҳаррӯза шиканҷа мешавад.
6-уми декабри соли ҷорӣ, бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар суҳбат бо Баҳодур Исмоилов, сардори муассисаи ислоҳи ҷазои рақами 3/2-и шаҳри Ваҳдат, маъруф ба “Кирпичний” хабари бемории муассиси “Ҳизби Тоҷикистон нав”, ҷаноби Зайд Саидовро рад кардааст.
Аммо ин расона дар истинод ба Баҳодур Исмоилов, сардори маҳбасхонаи “Кирпичний” таъкид кардааст, ки “ҳар субҳ пизишки беморхонаи маҳбас вазъи сиҳҳатии ӯро месанҷад ва дар сурати шикоят ҳатман кӯмак мерасонад.”
Ҳамзамон як ҳамсӯҳбати мо аз собиқ зиндониён дар Тоҷикистон дар робита ба чӣ гуна санҷидани вазъи сиҳҳатии беморон дар зиндон гуфт: “вақте мо дар зиндон будем, агар касе бемор мешуд, духтурони зиндон ӯро на бо усули дору дармонӣ, балки бо усули мушту лағаткорӣ “табобат” карда, беморро он қадар мекӯфтанд, ки аз по меафтод. Зиндонбонҳо ҳамеша таъкид мекунанд, ки зиндонӣ бояд пеш аз маҳбасӣ шудан дар хонааш табобат бигирад, на дар ин ҷо, дар маҳбасхона!”
Ин ҳам дар ҳолест, ки писари тоҷири муваффақи кишвар Хайрулло Саидов дар робита ба бемор будани падараш дар сӯҳбат ба сомонаи “Ахбор” гуфтааст : «Ин хабарҳо то ҷое воқеият доранд. Мо ҳар ҳафта халта-халта барояш доруи сармохӯрдагӣ мебарем. Ҳамчунин маҳбусҳое, ки аз зиндони «Кирпичний” озод мешаванд, дар бораи вазъи падарамон қиссаҳои ташвишоваре мекунанд. Вақте ба аёдаташ меравем, албатта, падарамон шояд барои ягон мулоҳизоте аз вазъаш шикояте намекунад, вале аз ваҷоҳаташ маълум аст, ки мариз аст ва дар маҳбас сахт азоб мекашад.”
Баҳодур Исмоилов ҳамзамон эътироф кардааст, ки дар ҳақиқат номи Зайд Саидов дар рӯйхати зиндониҳои “моил ба фирор” ҷой дорад, ва “азбаски вай ба 29 сол маҳкум шудааст, барои ҳамин дар ин феҳраст номаш ҳаст” ва рӯзона “склонка” мешавад.
Паём.нет 5-уми декабр хабар дода буд, ки Зайд Саидов, тоҷири маъруфи кишвар ва поягузори ҳизби “Тоҷикистони нав”, ки ба 29 соли зиндон маҳкум шудааст, зери шиканҷаи пайваста қарор дорад ва ба ҷонаш хатар таҳдид мекунад. Як корманди зиндон эътироф кардааст, ки “аз боло” амр шудааст Зайд кушта шавад.
Тибқи иттилои як манбаъи мӯътамад, Зайд Саидов ҳар шабонарӯз бо усули “Склонка” даҳ маротиба ба берун, рӯи битони хунук бароварда шуда, мавриди пурсуҷӯ ва таҳқир қарор мегирад. Ва ин ягона шиканҷаву таҳқире нест, ки алайҳи ин тоҷир ва сиёсатмадори маъруф ба кор меравад.
«Зоро»: Зайд Саид бояд дар зиндон бимирад!!
«Склонка» намуди шиканҷвест, ки ҳамарӯза аз соати 6 субҳ то 9 шаб давом мекунад ва дар ин муддат ҳар ду соат зиндониёни сиёсӣ ва мазҳабиро дар саҳни зиндон фаро хонда зимистон болои битон дар ҳавои сард зери барфу борон ва дар тобистон зери офтоби сӯзон нигаҳ медоранд, ва маҳбусонро якто — якто садо мекунанд то рафта ба навбат имзо кунанд.
Манбаъ мегӯяд Зайдро назди дари даромад ҷой кардаанд ва шабона кӯрпаи болояшро мегиранд. Ӯ пайваста аз тарафи зиндонбонҳо мавриди таҳқиру шиканҷа қаро мегирад. Бештари таҳқиру азиятҳоро ба ӯ корманди Раёсати ислоҳи ҷазо бо номи Раҳмон Нуриддин, муовини Изатулло Шарипов анҷом медиҳад. Ҳамин нафар эътироф кардааст, ки “аз боло” супориш шудааст, то Зайд аз беморӣ бимирад.
Вазъи саломатии Зайд Саидов ҳам, тибқи гуфтаи манбаъ хуб нест ва ин шиканҷаву таҳқирҳову дар рӯи бетони хунук нигоҳ доштанҳо онро бадтар кардааст. Бо вуҷуди ранҷ бурдани Зайд аз беморӣ ва дархости чандинкаратааш барои муолиҷа, ӯро ҳатто ба назди табиби зиндон набурдаанд.