Рубрики Хабарҳо

Табодули асирон миёни Укроин ва Русия

Сад сарбози укроинӣ ва рус дар чорчӯби табодули асирон миёни Киев ва Маскав озод шуданд. 

Андрей Ермак, раиси дафтари раисҷумҳури Укроин дар баёнияе дар каналтелеграми худ гуфт: 50 сарбози укроинӣ ва 50 сарбози русӣ дар чорчӯби табодули асирон байни Киев ва Маскав озод шуданд. 

Вай гуфт: муҳофизони корхонаи Азовстал дар Мариуполи Укроин ва сарбозоне, ки ҳангоми набард дар ҷазираи Мор асир шудаанд, аз ҷумлаи афроде ҳастанд, ки аз асорат наҷот ёфтаанд. 

Ермак афзуд: мо имрӯз муваффақ шудем 50 сарбози укроинӣ аз ҷумла 2 афсарро аз асорати Русия озод кунем, ки 20 нафар аз онҳо аз горди миллӣ, 12 нафар аз нерӯи баҳрӣ, 10 нафар аз нерӯҳои мусаллаҳи Украина, 6 нафар марзбон ва 2 нафар низ аз миёни довталабон ҳастанд. 

Бар асоси баёнияи вазорати дифоъи Русия, 50 сарбози рус дар натиҷаи музокирот бо тарафи укринӣ озод шуданд. 

Бар ин асос, аз сарбозон ҳимоятҳои пизишкӣ ва равонии лозим анҷом ёфта ва ин афрод бо ҳавопаймоҳои мутааллиқ ба вазорати дифоъ ба Маскав мунтақил хоҳанд шуд. 

Рӯзи гузашта низ дар табодул асирон байни Русия ва Укроин, 35 сарбози рус ва 36 укроинӣ, ки 35 нафар аз онҳо ғайтринизоми буданд озод шуданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *