Рубрики Хабарҳо

5 ҷияни Ҷаннатуллоҳи Комил озод шуданд (навор)

Ҷаннатулоҳи Комил, масъули дафтари ҲНИТ дар Олмон аз озодии 5 ҷиянаш, ки тӯли як ҳафат дар асорати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қарор доштанд, хабар дод. Қаблан ӯ ба СММ, САҲА ва дигар созмонҳои ҳуқуқӣ барои кӯмак муроҷиъат карда буд. Ҳамчунин дар номае ба сафорати Олмон дар Тоҷикистон аз онҳо хосат буд ба қазия дахолат кунанд.

Масъули дафтари ҲНИТ дар Олмон дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст:

“Шукри бепоён Худоро. Панҷ ҷиян, ки як ҳафта пеш бидуни ҳеҷ гуноҳе боздошт шуда буданд, дируз озод шуданд. Ташаккур ба он ҳама касоне, ки дар ин қазия ба банда кумак расонданду хомуш набуданд. Сипос ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан журналистон ва созмонҳои гуногуни ҳуқуқӣ. Тасавур кунед! Ҳафт руз бидуни ҳеҷ гуноҳе онҳоро ҳамчун гаравгону асир боздошту шиканҷа додан. Ин худ бузургтарин ҷурм маҳсуб мешавад”.

Дирӯз хабаргузории “Новое время” мусоҳибаи хоҳарони Ҷаннатуллоҳи Комилро нашр кард, ки дар он онҳо аз фишори ҳамешагӣ болои хонаводаашон сӯҳбат мекунанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *