Дар робита ба марги Абубакр Ҳусейнзода сарбози қисми ҳарбии “0201”-и Раёсати неруҳои марзбонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ фармондеҳи ва як сарбози ин қисми ҳарбӣ боздошт шудаанд.
Абубакр Ҳусейнзодаи 22 — сола рӯзи 4-уми август дар шароити номаълум, дар қисми ҳарбӣ ҳалок шудааст.
Додситонии ҳарбии вилояти Суғд таҳқиқи марги наваскари нерӯҳои марзбониро шурӯъ карда, дар робита ба ин қазия ду нафар, як фармондеҳ ва сарбоз ба ҳабс гирифта шудаанд.
Бино бар иттилои Додситонӣ, онҳо дар “Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” ва “Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ” муттаҳам мешаванд. Ба айбдоршавандаҳо то 17 соли зиндон таҳдид мекунад.