Румыния дар мохи декабри соли 1916 миқдори бузурги захираҳои тиллоро барои нигох доштан ба империяи Россия дода буд. Инак, бо гузашти беш аз сад сол аз Русия 4 миллиард евро талаб карда истодааст.
Аъзои кумиссияи Руминия муаррих Василе Буга гуфт: «Вақте гап дар бораи тилло меравад, тиллои Бонки миллии Руминияро дар назар дорем. Дар он ҷо ҳама санадҳое ҳастанд, ки ба ҷониби Русия пешниҳод шудаанд. То ҷое, ки ман медонам, русҳо ҳаққонияти ин ҳуҷҷатҳоро эътироф кардаанд.»
Сафири Русия дар Руминия Валерий Кузьмин пас аз хориҷ шудани масъалаи захоири тилои Руминия аз рӯзномаи ҷаласа ба вазорати хориҷаи ин кишвар даъват шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ, мақомоти Шоҳигарии Руминия, дар якҷоягӣ бо Русияи подшоҳӣ, тасмим гирифта буданд, ки арзишҳои аслии кишварашонро ба Маскав, дур аз нерӯҳои Австрияву Олмон, ки ба сӯи Бухарест пеш мераванд, кӯчонанд. Дар саҳмияҳо 93,4 тонна тилло, ҷавоҳироти малика Мария, ашёи қиматбаҳои Бонки амонатгузории Руминия, ашёи ибодат, (салибу иконаҳо) бойгонӣ мавҷуд буд. Расонаҳои хабаргузории Комерсант ва ТАСС интишор кардаанд, ки моҳи майи соли 2019 раиси Бонки миллии Руминия Мугур Исареску арзиши саҳмияҳои интиқолшударо бо еврои муосир арзёбӣ кард, ки тақрибан чаҳор миллиард евро шуд.
Эвакуатсияи захираҳои тилло маънои худро дошт, зеро артиши Руминия мағлуб шуд — ва аллакай дар охири соли 1916 Бухарест сукут кард. Бо вуҷуди ин, дар қаламрави Русия, Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ тадриҷан ҷойро ба Ҷанги шаҳрвандӣ дод, ки дар авҷи он як қисми ганҷҳои дар Кремл нигоҳ дошташуда, аз ҷумла ганҷҳои Руминия, ғайб заданд. Дар боби гумшавии қисме аз хазина муаррихони шӯравӣ фарзияҳои гуногун баён карданд, вале ҳеҷ яке аз онҳо тасдиқ нашуд. Ҷониби Руминия борҳо дархост кард, ки ашёи қиматбаҳо баргардонида шавад, дар натиҷа дар солҳои 1930-1950 ашёи қиматбаҳо қисман ба Бухарест баргардонида шуданд, вале дар байни онҳо ҳамоно тилло набуд.