Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси ҷумҳури Туркия, имрӯз дар нишасти фавқулоддаи Созмони ҳамкориҳои Исломӣ дар Истамбул гуфт: “Тасмими Трамп аз нигоҳи таърихӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ беэътибор ва танҳо ҷиҳати муҷозоти фаластиниҳои ишғолшуда гирифта шудааст”.
Ба гузориши Хубаргузории Анадолу, раиси ҷумҳури Туркия, ки дар ифтитоҳи расмии нишасти мазкур сӯҳбат мекард, илова намуд: “Аз соли 1947 то кунун, Исроил қадам ба қадам ба ишғоли сарзамини Фаластин идома медиҳад. Ин кор ғайри қонунист. Сарзамини Фаластин таҷзия шудааст. Исроил як кишвари ишғолгар ва ҳамчунин террористӣ аст. Кӯдаки 10 соларо боздошт ва ӯро зиндонӣ кардааст.”
Дар ҳамин ҳол, Сомӣ Абузаҳрӣ сухангӯи Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин(Ҳамос) гуфтааст, ки умедвор аст дар нишасти фавқулодаи Истамбул тасмимҳои амалӣ барои муқобила бо тасмими Трамп раисҷумҳури Амрико дар бораи ба расмият шинохтани Қудс ба унвони “Пойтахти Исроил” гирифта шавад.
Нишасти фавқулоддаи Созмони ҳамкориҳои исломӣ имрӯз дар шаҳри Истамбули Туркия оғоз шуда, то кунун Маҳмуд Аббос раиси давлати Фаластин, Ҳасан Рӯҳонӣ раиси ҷумҳури исломии Эрон, Шайх Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ амири Қатар, Мустафо Окинҷӣ раиси ҷумҳури Турки Қибриси Шимолӣ, Муҳаммад Ашрафғанӣ раиси ҷумҳури Афғонистон ва бархе вузарои хориҷаи кишварҳои дигар ширкат кардаанд.