Афсонаи хирси посбонро ба хотир доред? Марде бо хирсе дӯст мешавад ва онро ба хонааш оварда посбони шахсиаш таъин мекунад. Нимарӯзӣ мехоҳад соате бихобад ва ба хирс супориш медиҳад, ки хоби ӯро посбонӣ кунад, то касе хобашро халалдор насозад. Соате пас пашшае ба биниаш мешинад ва хирс онро меронад. Аммо пашша бармегардад. Ҳамин тавр чад бор такрор мешавад ва билохира хирс аз қаҳр муште ба сари пашша, ки рӯи бинии дӯсташ нишаста буд, мезанад…
Хабаргузории давлатии “Ховар”, ки дар навиштани посух назир надорад, барои ради хабари Шарофиддин Гадоев мабнӣ бар бурда шудани раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон барои табобат, бо ёрдамчии ӯ Абдуҷаббор Раҳмонов оростааст.
Гуфтанист, субҳи дирӯз “Паём” , ки шоми 3 май як ҳавопамои беморкашони навъи люкс аз Душанбе ба Рамстейни Олмон парвоз кард. Дертар Гадоев бо истинод ба манбаъаш дар сохторҳои амниятӣ хабар дод, ки дар он ҳавопаймо Эмомалӣ Раҳмон, ки ба коруно гирифтор шудааст, барои табобат бурда шуд.
“Дар ин рӯзҳо, ки бояд дар атрофи Ҳукумат муттаҳид буд, то сарҷамъона дар мубориза бо вабои аср пирӯз гардем, Шарофиддин Гадоев аз хориҷи кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дурӯғеро паҳн сохтааст, ки гӯё Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бемор шуда ва гӯё бо ҳавопаймо ба Олмон бурда шудаанд” — навиштааст “Ховар” ва барои ради ин хабар ба суроғи академик Раҳмонов рафтааст.
Посухи академик, мушовир ва ёрдамчии раисҷумҳур он қадар уникалӣ аст, ки имкон надорад онро пурраву айнан наорем:
— «Ин хабаре, ки аз ҷониби бадхоҳони миллат, амсоли Шарофиддин Гадоев, дар Фейсбук, Ютуб ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шудааст, ҳеҷ асосе надорад, — иброз дошт Абдуҷаббор Раҳмонзода. — Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзҳои душвор дар ҷои кор ва дар фикри беҳдошти вазъи баамаломада ҳастанд ва касоне, ки ҳамроҳашон кор мекунанд, аъзои Ҳукумати мамлакат, шаҳрвандони кишвар инро мебинанду медонанд.
Дар зимни ин каззоб ин нотавононбинон ҳатто ширкати Ҷаноби Олиро дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30 апрел зери суол бурдаанд, вале ҳамаи аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабарнигорону наворбардорон, ки шоҳиди бевоситаи иштироки Пешвои миллат дар ин ҷаласа буданд, акнун бори дигар фаҳмиданд, ки Шарофиддин Гадоев, Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони онҳо чӣ касоне ҳастанд.
Сарвари давлати мо ҳатто дар рӯзҳои аз ин ҳам душвортару сангинтар, чи дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва чи баъди он, дафтари кории худро тарк накарда ва ҳамроҳи мардуми худ буданд, ҷони худро ба кафи даст гирифта, ба нуқтаҳои доғу ноамн рафтаанд (боз дар бораи парвоз ба Ҳусдеҳ. Паём), то ки Тоҷикистонро аз гирдоби балоҳо берун кашанд ва мардуми шарифи кишвари худро ба рӯзи неку осуда расонанд.
Дурӯғу каззоби ин мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон аз «муқтазои табиаташон» (ишора ба як ҳикояти Саъдӣ. – тавзеҳи АМИТ «Ховар»), аз ночорӣ ва мағлубияташон дарак медиҳад, зеро, тавре Асадии Тӯсӣ фармудааст: «Дурӯғ гуфтан зи бечорагист».
Ҳамзамон бояд рӯшанӣ андозем, ки ҳавопоймои Gulfstream G-III-и ширкати Phoenix Air, ки Гадоев ва ҳамравонаш аз он ном бурда ва аз парвози он ба Душанбе дар ҳоли қатъи парвози ҳавопаймоҳо изҳори тааҷҷуб намудаанд, бо иҷозати Ҳукумати мамлакати мо шаби 3 май кумакҳои башардӯстонаи хайрхоҳони миллатамонро аз Олмон ба Тоҷикистон овард.
Дар ин рӯзҳои барои аҳолии кишварамон душвор Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳар рӯз чанд маротиба бо роҳбарияти Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус вомехӯранд, аз онҳо маълумотҳои фаврӣ мегиранд ва дар асоси онҳо тасмимҳо мегиранд. Сарвари давлат ҳамарӯза аз дафтари кориашон тавассути телефон бо роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат суҳбат мекунанд, аз саломатии мардум дар маҳалҳо пурсон мешаванд, ҷиҳати андешидани тадбирҳои пешгирии ин вабои аср ва ҳамзамон вусъат додани корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо медиҳанд.
Ман аз мардуми шарифи Тоҷикистон даъват мекунам, ки дар ин рӯзҳо ҳама дар атрофи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат бояд муттаҳид гардем, то ки ҳама якҷоя, бо кӯмаку ҳамдастӣ ва ҳамоҳангиву муттафиқӣ кишварамон ва мардуми азизамонро аз ин гирдоби бало берун бикашем».
Масали мусоҳибаи “Ховар” бо Абдуҷаббор Раҳмонов масади ҳамон хирс аст, ки дар боло гуфтем. Балки болотар аз он, инҷо ду хирс вуҷуд дорад — хирс “Ховар”, ки барои дафъи пашша аз бинии “пешво” хирс “Абҷаббори каблук”-ро ба кӯмак хондааст.
Барояшон ба маротиб беҳтар мебуд, агар хомӯширо ихтиёр мекарданд. Ҳоло бо ин мусоҳибаашон хабари Шарофиддин Гадоевро комилан тасдиқ карданд ва ҳамаро бовар кунонданд, ки раисҷумҳур дар Олмон қарор дорад.
Сообщение ПАЁМ.net.