Дуввумин даври конфронси сулҳ, ки намояндагони Толибон ва Афғонистон низ дар чорчӯби он дидор хоҳанд кард, имрӯз дар Маскав оғоз мешавад.
Бар асоси баёнияи вазорати умури хориҷаи Русия, аввалин нишасти олирутбаи Толибон ва давлати Афғонистон дар чорчӯби конфронси сулҳ имрӯз дар Маскав баргузор хоҳад шуд.
Ин конфронс дар сатҳи муовинони вузарои умури хориҷа баргузор мегардад.
Маскав намояндагони 11 кишвар — Афғонистон, Ҳинд, Иёлоти муттаҳида, Эрон, Чин, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро ба ин конфронс даъват кардааст. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар бахши ифтитоҳияи конфронс суханронӣ хоҳад кард
Иёлоти муттаҳида бо дасткашӣ аз ҳузур дар ин конфронс, иллати онро «адами дастёбӣ ба натиҷаи хос дар даври аввали ин конфронс, ки пештар дар Москва баргузор шуд» унвон кардааст.
Давлати Афғонистон як ҳайат ва Толибон низ намояндагони худро ба ин конфронс эъзом хоҳад кард.
Толибон дар баёнияе дар ин бора эълом кардааст: “Ҳайати баландпоя Толибон дар ин конфронс, ки дидорҳо ва гуфтугӯҳои ҷомеъ дар бораи ҳалуфасли мусоламатомези Афғонистон ва дастёбӣ ба роҳҳали сулҳомез барои поён додани ишғоли Амрико баргузор мешавад, дидгоҳҳо ва сиёсатҳои худро дар мавриди ҳама мавзӯъоти рабтдошта бо истиқрори сулҳу субот ироа хоҳад кард”.
Ҳомид Корзой, раисҷумҳури пешини Афғонистон низ бо таъкид бар ин ки имкони гуфтугӯ бо Толибон набояд нодида гирифта шавад, тамоюли худ барои ширкат дар ин нишастро иброз кардааст. Ато Муҳаммад Нур, волии собиқи Балх низ аз дигар сиёситмадорони Афғонистонӣ аст, ки эҳтимоли ҳузураш дар ин конфронс вуҷуд дорад.
Умар Носир аз Маркази мутолиоти Афғонистони муосир дар гуфтугӯ бо хабаргузорон изҳор дошт: бо вуҷуд ин ки ҳама кишварҳои даъватшуда ба навъе даргири ҷанг дар Афғонистон ҳастанд, нақши онон дар ин конфронс машрӯъиятбахшӣ ба раванди музокирот миёни Толибон ва давлати Афғонистон аст.
Умар Носир муҳиммтарин масъалаи мавриди баҳс дар ин конфронсро хурӯҷи нерӯҳои низомии бегона ба вижа нерӯҳои Амрикоӣ аз Афғонистон эълом кард ва идома дод: «дар нигоҳи аввал ин масъала мавзӯъи ғайри қобили ҳалле ба назар мерасад. Аз сӯи дигар мавзеъи ҳомиёни ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон низ дар ҳол тағйир аст. Нерӯҳои амрикоӣ бар асоси як тавофуқномаи амниятӣ дар Афғонистон ҳузур доранд. Бо ин ҳама, баъд аз гузашти 17 сол, ҳанӯз Амрико ҳеҷ як аз тааҳҳудоти худро дар ин хусус анҷом надодааст. Ин савол матраҳ мешавад, ки ин нерӯҳо чаро дар Афғонистон ҳастанд?».
Вай ҳамчунин бо ғайриҷиддӣ хондани шоеъоти марбут ба эҳтимоли кудатои низомӣ дар сурати хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, афзуд: «дар сурате, ки Амрико дархостҳо дар бораи хурӯҷи марҳала ба марҳалаи нерӯҳояш аз Афғонистонро напазирад, ҳузурашро ба шакла дигаре тасбит ва дар хоки Афғонистон пойгоҳи низомӣ таъсис хоҳад кард».