Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 7-уми май ба ҳукуматаш дастур дод, ки ба сифати кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон 144 контейнери мобилии тиббӣ фиристода шавад.
Контейнерҳо барои ҷойгиркунӣ ва муолиҷаи беморони коронавирус субҳи имрӯз бо қатора ба Душанбе оварда шуданд.
Чунин контейнерҳо ба сифати беморхона дар давраи пандемияи коронавирус истифода мешаванд.
Аз намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба хабаргузории АзияПлюс гуфтаанд, ки “Онҳо сарбории беморхонаҳоеро, ки барои қабули беморон дигар ҷой надоранд, кам мекунанд”.
Ба гуфтаи манбаъ, контейнерҳо бо кату ҷиҳози хоб, ҳаммом, ҷойи шустушӯву обу корез ва кондитсинерҳо муҷаҳҳазанд.
Дар намояндагии дипломатии Ӯзбекистон ҳамчунин қайд карданд, ки контейнерҳо ба назди варзишгоҳи “Бофанда” собиқ “Текстилшик”, рӯ ба рӯйи корхонаи нассоҷӣ расонида шуда, дар ин ҷо дармонгоҳи сайёр ташкил карда мешавад.
Сообщение ПАЁМ.net.