Аргентина бо анҷоми ҳафт бозӣ қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии 2022-и Қатар шуд аммо қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии баъдӣ бояд як бозии бештар анҷом диҳад
Федератсияи ҷаҳонии футбол мегӯяд, бо вуҷуди афзоиши теъдоди тимҳо дар Ҷоми ҷаҳонии 2026, ин мусобиқа ба модели чаҳор тим дар як гурӯҳ бозмегардад.
Ба думболи афзоиши теъдоди тимҳо дар Ҷоми ҷаҳонӣ аз 32 ба 48 қарор буд, ки мусобиқоти баъдӣ, ки дар кишварҳои Амрико, Мексика ва Канада баргузор мешавад дар 16 гурӯҳи сетимӣ анҷом шавад.
Аммо пас аз иҷрои муваффақи модели чаҳор тим дар як гурӯҳ дар Ҷоми ҷаҳонии Қатар, ФИФА дар тасмимаш таҷдиди назар кард.
Бо афзоиши тимҳо, теъдоди бозиҳо аз 80 ба 104 мерасад ва шомили як марҳалаи дигар бо ширкати 32 тим хоҳад буд. ФИФА гуфтааас ду тими бартари гурӯҳҳо ҳамроҳ бо ҳашт тими бартари севуми гурӯҳҳо ба марҳалаи баъдӣ роҳ меёбанд.
ФИФА гуфт: “модели бознигарӣ шуда, хатари маслиҳати пешакиро коҳиш медиҳад, тазмин мекунад, ки ҳар тим дасти кам се бози анҷом диҳад ва ҳамчунин мӯҷиб мешавад, ки тимҳо байни ҳар бозӣ фурсати истироҳати кофӣ дошта бошанд.”
Ҷанни Инфантино, раиси ФИФА моҳи декабр гуфта буд, ки ба думболи анҷоми бозиҳои ҷаззоб дар Ҷоми ҷаҳонии Қатар дар мавриди тасмим барои баргузории Ҷоми ҷаҳонии баъдӣ, таҷдиди назар хоҳад шуд.
Аз соли 1998, ки теъдоди тимҳои ҳозир дар Ҷоми ҷаҳонӣ ба 32 афзоиш ёфт, модели чаҳор тим дар як гурӯҳ бо баромадани ду тими бартар аз ҳар гурӯҳ ба марҳалаи ҳазфӣ анҷом мешуд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин модел, ҳар тиме, ки мехост ҷомро болои сар бибарад бояд ҳашт бозӣ анҷом медод, дар ҳоле, ки ин адад дар Ҷоми ҷаҳонии Қатар ҳафт мусобиқа буд.
ФИФА тақвими мусобиқоташ аз соли 2025 то 2030-ро эълом карда, ки тибқи он финали Ҷоми ҷаҳонии баъдӣ дар рӯзи якшанбе 19 июли 2026 анҷом мешавад.