Рубрики Хабарҳо

Фиқҳуссира. Иштироки Паёмбар (с) дар бунёди дубораи Каъба

Каъба нахустин хонаест, ки ба номи Худо баҳри парастиши Худо ҳамчу маъбуди ягона сохта шудааст. Онро Абуланбиё Иброҳим (а) баъд аз он ки бо бутҳо муборизаи беамон бурда, бутхонаҳоро вайрон карданд, бо фармони Худо бунёд намудаанд. Дар ин бора Худованд дар сураи Бақара чунин хабар медиҳад:  

وَإِذْ يَرْفَعُ إِبْراهِيمُ الْقَواعِدَ مِنَ الْبَيْتِ وَإِسْماعِيلُ، رَبَّنا تَقَبَّلْ مِنَّا إِنَّكَ أَنْتَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ[البقرة 127]

(Ва (эй Паёмбар,) он замонеро ёд кун, ки Иброҳим ва Исмоил пояҳои Хонаи Каъбаро мебардоштанд, (онҳо мегуфтанд): “Парвардигори мо, аз мо бипазир. Ҳамоно Ту шунаво ва доно ҳастӣ.)

Дар тӯли вуҷуди худ Хонаи Каъба ба офатҳои зиёде дучор мешавад, ки бар асари он пойдевори хона заифу деворҳояш хароб мегарданд. Аз ҷумла, чанд сол пеш аз беъсати паёмбарӣ дар натиҷаи сели калоне, ки ба Макка омада буд, харобии таҳкурсиву деворҳои он бештар мешавад. Инро дида мардуми Қурайш қарор мекунанд, ки хонаи Каъбаро, ки миёнашон аз эҳтирому таъзими махсусе бархӯрдор буд, аз сар бунёд намоянд. Маълум аст, ки ҳурмату қудсияти Каъба назди арабҳо аз ҷумлаи он осоре буд, аз шариати иброҳимӣ барояшон боқӣ мондааст. 

Ҳамин тавр, дар ин бунёду бозсозии Каъба Паёмбар (с), ки он замон сиюпанҷсола буданд, низ фаъолона иштирок мекунанд. Бар асоси ривоятҳо дар ин маърака Он ҳазрат (с) ҳамроҳ бо амакашон дар китфашон санг мекашонданд.

Имом Бухорӣ дар Саҳеҳи худ аз ҳадиси Ҷобир ибни Абдуллоҳ (раз.) чунин ривоят мекунанд: “ Вақте Каъба бозсохта шуд, Паёмбар (с) ҳамроҳ бо Аббос рафта санг мекашониданд. Аббос ба Паёмбар (с) мегӯяд: Эзоратро ба гарданат гир (яъне, зери санг гузор, то китфатро озор надиҳад). (Он ҳазрат (с) чунин карданду аз он ки авраташон кушода шуд,) ба замин нишастанд ва чашмонашон ба боло дӯхта шуда буд. Гуфтанд: Эзорамро ба ман диҳед. Баъд онро гирифтанду ба миёнашон бастанд”.

Баъд дар ин ҳодиса миёни қабилаҳои араб муаммое сар мезанад, ки Паёмбар (с) дар ҳалли он саҳми калон мегузоранд. Он замон қабилаҳо дар масъалаи барои ба ҷояш гузоштани Ҳаҷаруласвад аз ҳама беш кӣ ҳақдортар аст, миёни ҳам ихтилоф мекунанд. Баъд ҳама ба фикри  Он ҳазрат (с), ки баҳри ҳалли муаммо пешниҳод карда буданд, розӣ мешаванд. Зеро Он ҳазрат (с) мавриди қабул ва эътимоди ҳама қарор доштанд.  

Панду андарзҳо:

Дар таълиқи хеш ба ин порчаи таърихи Паёмбар (с) ба чор нуқтаи  муҳим ишора мекунем:

1. Аҳамияти Каъба ва он шарафу қудсияте, ки Худо барояш додааст. Албатта, барои ифодаи ин нуқта ҳамин басанда аст, ки онро Ҳазрати Иброҳими Халилуллоҳ ҳамчун аввалин хона барои парастиши Худои ягона ва макони амну истиқрори мардум бо фармони илоҳӣ сохта буданд. 

Албатта, ин маънои онро надорад, ки Хонаи Каъба ба ашхосе, ки  дар атрофаш тавоф мекунанд ва ё дар он ба ибодат машғуланд, таъсире дошта бошад.  Чунки  бо вуҷуди он ҳама қудсияту мақоме, ки Хонаи Каъба дар назди Худо дорад, он бештар аз сангу лойи беҷоне нест. Лекин Худованд вақте ки Иброҳим (а)-ро барои шикастани буту худоҳои дурӯғин ва вайрон кардани бутхонаву аз байн бурдани осори он фиристод, ба ҳикмати худ чунин хост, ки дар рӯйи замин хонае бунёд шавад, то он рамзи ягонапарастии Худо гардад. Ҳамин тавр, бо гузашти замон он хона чун аломат аз маънои дурусти дину ибодат ва нишона аз ботил будани ширку парастиши бутҳо пойдор мемонад.

Башарият, ки замоне умри худро бо парастиши бутҳои сангину худоҳои дурӯғин ва сохтани ибодатхонаҳо барои онҳо гузаронид, акнун вақти он расидааст, ки ботилу дурӯғ будани он худоҳоро дарк кунад ва  он бутхонаҳоро бо ин рамзи нав иваз намояд. Ин ибодатхонае, ки ба хотири ягонапарастии Худо бунёд шудааст, ба шахс маънои ҳақиқии иззат ва шарафи инсониро талқин мекунад, зеро ӯ дар он худро пеши созандаи яктои мавҷудот меёбад.  

Ин Хона, ки ҳамчун рамзи тавҳиди Худо ва инкори ширку бутҳо бунёд шудааст, барои шахсоне, ки ба ягонагии Худо имон оварда, ба динаш гаравидаанд, новобаста аз ихтилофи ҷинсу забон ва дурии диёру макон беҳтарин робитаест, ки онҳоро ба ҳам мепайвандад ва муносибтарин маконест, ки ҳамаро ба ҳам меорад. Дар ин ҷо ба ҳам меоянд, бо ҳамдигар шинос мешаванд, ба хотири он Ҳаққе, ки баҳри он ин хона бунёд шудааст, бо ҳам вомехӯранд. Аз ин лиҳоз, ин Хона рамзест, ки ваҳдати мусулмононро дар рӯйи замин ифода мекунад ва тавҳиду ягонапарастии Худоро инъикос менамояд.  Ин аст маънои ояти каримаи “وَإِذْ جَعَلْنَا الْبَيْتَ مَثابَةً لِلنَّاسِ وَأَمْناً، وَاتَّخِذُوا مِنْ مَقامِ إِبْراهِيمَ مُصَلًّى” [البقرة 125]. (Ва он замонеро ёд кун, ки Мо Хонаи Каъбаро ҷои бозгашти мардум гардонидем ва макони амн қарор додем. (Ва ба мардум гуфтем:) “Аз назди санги қадамгоҳи Иброҳим, маконеро барои адои намоз бигиред.”)

Ин аст ҳамон маъное, ки  шахси дар атрофи Каъба тавофкунанда  баъди дилашро бо маънои бандагӣ ба Худо ва қасди татбиқи фармудаҳои Ӯ пур кардан бо чашмони сар мебинад. Чун инҳо ҳама фармонанду ӯ бошад, як бандаест, ки ба иҷрои амру таҳқиқи фармон вазифадор аст.  Қудсияти Хона ва бузургии маконати он дар назди Худо аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад ва маҳз ба ҳамин хотир ҳаҷ кардани он фарз шуду тавоф бар он шарт.

2. Баёни мухтасар аз таърихи Хонаи Каъба. Ба иттифоқи ровиёни таърих Хонаи Каъба дар тӯли вуҷуди хеш чаҳор маротиба бунёд шудааст. Доир ба он ки аз ин бештар буд ва ё камтар ихтилофи назарҳо вуҷуд доранд. Бори нахуст, тавре маълум аст, он бо фармони Худо аз тарафи Иброҳим (а) бунёд шуда буд, ки дар кори он фарзандашон Исмоил (а) дастёрӣ мекарданд. Ин чиз бо хабари Китобу Суннат тасдиқ шудааст. Аз ҷумла Қуръон оид ба ин масъала чунин мегӯяд:  

وَإِذْ يَرْفَعُ إِبْراهِيمُ الْقَواعِدَ مِنَ الْبَيْتِ وَإِسْماعِيلُ، رَبَّنا تَقَبَّلْ مِنَّا إِنَّكَ أَنْتَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ[البقرة 127]

(Ва (эй Паёмбар,) он замонеро ёд кун, ки Иброҳим ва Исмоил пояҳои Хонаи Каъбаро мебардоштанд, (онҳо мегуфтанд): “Парвардигори мо, аз мо бипазир. Ҳамоно Ту шунаво ва доно ҳастӣ.)

Дар ҳадис бошад, ин ҳодиса бо чанд ривоят нақл шудааст. Имом Бухорӣ бо санади хеш аз Ибни Аббос ривоят кардаанд, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст: “… Иброҳим гуфтанд: Эй Исмоил, Худо маро ба коре амр намудааст. Исмоил гуфтанд: Он кореро, ки Худоятон ба шумо амр намудааст, иҷро кунед. Иброҳим гуфтанд: Оё ба ман ёрӣ медиҳӣ? Гуфтанд: Бале, ёрӣ медиҳам. Баъд Иброҳим гуфтанд: Худо ба ман амр намуд, ки дар ин ҷо хонае созам. — ва ба тепаи баланде дар атрофашон ишора карданд. Баъд ба бардоштани таҳкурсии хона шурӯъ намуданд. Исмоил санг меоварду Иброҳим бино мекарданд…”.  

Имом Заркашӣ аз китоби “Таърихи Макка”-и Азрақӣ нақл мекунанд, ки Иброҳим (а) баландии Каъбаро ҳафт зироъ, дарозиашро сӣ зироъ ва паҳноиашро бисту ду зироъ карданд. Он дар аввал сақф надошт.  Вале ба қавли Суҳайлӣ бошад “Баландии он нуҳ зироъ буд”.  Ба андешаи ман, ин ривоят аз ривояти Азрақӣ дида дурусттар мебошад.

Бори дуюм бошад, он пеш аз Ислом аз тарафи мардуми Қурайш  бозсозӣ шуда буд ва дар бунёди он, чи тавре ки гузашт, Паёмбар (с) низ ширкат доштанд. Ин маротиба Қурайш баландии онро ҳаждаҳ зироъ бардошта, “аз бараш шаш зироъ кам карданд ва қисмате аз онро дар Ҳиҷр гузоштанд”. Дар ин бора  Паёмбар  (с) дар ҳадиси Оиша (раз.) чунин гуфтаанд: “Эй Оиша, агар қавми ту нав аз ҷоҳилият омада намебуданд, ҳароина мефармудам, ки Хонаро вайрон кунанд ва ба он қисматеро, ки аз он баровардаанд, ҳамроҳ мекардам, (таҳкурсии) онро ба замин фароварда, ба он аз шарқ як дар ва аз ғарб як дар мегузоштам ва онро ба пойдевори Иброҳим баробар менамудам”. 

Бори сеюм дар аҳди Язид ибни Муовия вақте ки он бар асари ҳамлаи лашкари аҳли Шом ба коми оташ меравад. Мухтасари он ҳодиса чунин аст:

Лашкари Шомиён бо роҳбарии Ҳусайн ибни Нумайри Сакунӣ охирҳои соли сию шашуми ҳиҷрӣ бо фармони Язид Абдуллоҳ ибни Зубайрро дар Макка муҳосира мекунад. Ҳангоми муҳосира Абдуллоҳ ибни Зубайр, ки бо ҳамроҳони худ ба Хонаи Каъба паноҳ мебаранд, ба ҳамлаи лашкари Язид гирифтор мешаванд. Бар асари ҳамла, ки ба воситаи манҷаниқ анҷом мегирад, Хонаи Каъба оташ гирифта вайрон мешавад. Ибни Зубайр то вақти ҳаҷ мунтазир мешавад ва чун мардум меоянд, аз рӯйи машварат аз онҳо мепурсанд: Эй мардум, бигӯед, Каъбаро чӣ кунем? Онро вайрон карда, дубора бардорем ва ё дар ҳамин ҳолаташ таъмир намоем? Ибни Аббос мегӯянд: Фикр мекунам, ки онро бо ҳамин ҳолат таъмир бояд кард. Ҳамон хона ва ҳамон санге, ки мардум ба он мусулмон шудаанд, гузоштан зарур аст. Баъд Ибни Зубайр мегӯянд: Агар хонаи худатон сӯзад, ҳатман онро нав мекунед. Чи хел хонаи Худоро нав накунем? Ман аз Худо се бор истихора мекунам, баъд ба кор шурӯъ менамоям.

Сипас, баъди се рӯз ба вайрон кардан пардохтанд ва онро ба замин ҳамвор намуда, дар атрофаш сутун бардошта, чодар кашиданд ва ба сохтмони он шурӯъ карданд. Он шаш зироъ, ки аз он берун монда буд, ба он ҳамроҳ карданд ва баландиашро ба даҳ зироъ расониданд. Баъд ба он ду дар, яке барои даромад ва дигаре барои баромад гузоштанд. Ҳадиси Оиша, ки дар боло зикр гардид, Ибни Зубайрро ба ин дигаргуниҳо водор намуда буд.

Бори чаҳорум бошад, баъди кушта шудани Ибни Зубайр будааст. Имом Муслим бо санади хеш аз Ато ривоят мекунанд, ки чун Ибни Зубайр кушта шуданд, Ҳаҷҷоҷ ба Абдулмалик ибни Марвон навишта хабар медиҳад, ки Ибни Зубайр Хонаи Каъбаро бар асосе сохтааст, ки ба он чашми ашрофи аҳли Макка расида буд(Яъне, бар асоси пойдевори ниҳодаи Ҳазрати Иброҳим). Абдулмалик дар ҷавоби номаи ӯ навишт, ки “Мо ба вайронкориҳои Ибни Зубайр кор надорем. Он чӣ дар баландии Хона илова кардааст, ҳамон хел гузор. Вале он чӣ аз Ҳиҷр изофа кардааст, ба аслаш баргардон. Дареро, ки кушодааст, бибанд”. Баъд Ҳаҷҷоҷ Хонаро вайрон карда, аз нав месозад.

Мегӯянд, ки баъд аз ин Рашид низ мехоҳад Хонаро вайрон намуда, мисли Ибни Зубайр бозсозӣ кунад. Вале Молик ибни Анас (раҳ.) ӯро аз ин роҳ гардонида, мегӯянд: “Шуморо ба Худо, эй Амирулмуъминин. Ин Хонаро бозичаи дасти подшоҳон баъди худ накунед, вагарна ҳар кӣ чизе дар он тағйир додан хоҳад, тағйир медиҳад. Дар ин сурат ҳайбати Хона аз дили мардум меравад”. 

Ин чор маротиба аст, ки дар вуқӯи он ихтилофе нест. Вале маротибаи панҷум, ки тибқи ривояти бархе “Каъба ҳанӯз пеш аз Ҳазрати Иброҳим (а) бунёд шуда буд”, мавриди шакку ихтилоф қарор дорад. 

Дар баъзе аз асару ривоятҳо омадааст, ки нахустин бор онро Одам (а) сохта буданд. Аз машҳуртарини ин асарҳо ривоятест, ки Имом Байҳақӣ дар “Далоилу-н-нубувват” аз ҳадиси Абдуллоҳ ибни Амр нақл кардаанд. Дар он омадааст: Паёмбар (с) фармуданд: Худованд Ҷабраилро ба назди Одам ва Ҳавво фиристода ба онҳо гуфт: Барои ман хонае созед. Сипас, Ҷабраил (а) барояшон хат кашида доданд. Одам чуқурӣ мекофтанду Ҳавво ёрӣ медоданд ва ниҳоят вақте ба об расиданд, аз поён садо омад, ки “Эй Одам, бас аст”. Вақте онро сохта шуданд, Худованд ба эшон амр кард, ки акнун ба он тавоф намоянд. Ба Одам гуфтанд, ки “Ту нахустин одам ҳастиву ин бошад нахустин хона”. Баъд асрҳо гузаштанду Нӯҳ дар замони худ ба он тавоф карданд. Баъд қарнҳо гузаштанду Иброҳим пойдевори Хонаро бар асоси он хона бардоштанд”. 

Сипас, имом Байҳақӣ чунин мегӯянд: Ин ҳадис бо ҳамин шакл танҳо аз Ибни Луҳайъа аз Паёмбар ривоят шудааст. Маълум аст, ки Ибни Луҳайъа заиф буда, мавриди эътимод нест.

Боз ривояту асарҳои дигаре низ ҳастанд, ки дар маъно ба ин ривояти Байҳақӣ наздик мебошанд. Вале ҳамаашон аз заъфу мункарӣ орӣ нестанд. Боз иддае гуфтаанд, ки “нахустин касе ки онро бунёд кардааст, Шис (а) буданд”.

Агар ба ин асару ривоятҳои заиф эътимод кунем, сохтмони Каъба панҷ бор мешавад. Вале беҳтараш ба он чӣ дар ин масъала собит шудааст, такя намуд. Яъне, чи тавре ки гуфта шуд, Хонаи Каъба дар тӯли вуҷуди хеш чор бор сохта шудааст, ба истиснои он тармиму ислоҳоте дар замонҳои мухталиф нисбат ба он анҷом пазируфтааст.  Аммо он чӣ аз ин шумора зиёдаст, дурустии онро танҳо Худо медонад.

3. Паёмбар (с) дар тадбири умур ва ҳалли низоъ маҳорати хоссае доштанд. Миёни чи касон? Миёни касоне, ки ба майдатарин сабаб ҷанҷолу низоъ мебардоштанд ва  барои хурдтарин низоъ хун мерехтанд. Дар ин ҳодиса (манзур ҳодисаи гузоштани Ҳаҷаруласвад ба ҷояш) тавре маълум аст, ба ҳадде низоъ тезутунд шуд, ки қариб миёнашон ҷанг сар занад. Қабилаи Банӣ Абдиддор ҳамроҳ бо Банӣ Адӣ табақа пурхунеро оварда, ба он дасташонро халониданд ва ба мурдан аҳд бастанд. Қабилаҳои Қурайш чор ё панҷ шабонарӯз ба ҳамин минвол монданд. Касе ононро ба созиш оварда наметавонист ва ниҳоят, оташи фитна ба дасти Паёмбар (с) хомӯш гардид. Мо бояд ин хусусияти Паёмбар (с) ба нубуғе, ки дар ниҳодашон буд ва ё он заковате, ки дар фитрат доштанд, нисбат надода, пеш аз ҳама онро он мансуб ба он донем, ки Худованд он касро барои бардоштани бори рисолат ва нубувват ихтиёр карда буд.

Зеро асоси аввал дар ташаккули ва нубуғи Паёмбар (с) ин расул ва набӣ буданашон аст. Дигар хусусиятҳояшон мисли нубуғу даҳо ва заковат бошад, бар асоси он ва дар пайравӣ аз он меояд.

4. Мақому манзалаи Паёмбар (с) дар назди мардуми Қурайш. Паёмбар (с) миёни мардуми Қурайш бо номи “амин” маъруф буданд. Ҳама дӯсташон медоштанд. Ба ростқавливу хушахлоқиашон  касе шубҳа надошт. Ҳама медонистанд, ки агар аз он кас ёрӣ талабанд, ё ба он кас эътимод намоянд, ҳаргиз тирашон хок намехӯрду умедашон барбод намерафт.

Баъд аз ин ҳама кас тааҷҷуб мекунад, ки чаро вақте Он ҳазрат (с) аз тарафи Худо ҳамчун паёмбар интихоб шуданд, айнан ҳамин нафарон нисбат ба он кас чунин адоват нишон доданд ва барои чӣ вақте он кас ба таблиғи рисолати осмон пардохтанд, ба суханашон бовар накарданду ин қадар озорашон доданд.


Латтапораест, ки одатан, мардони араб барои пӯшонидани аврат, аз ноф то зону мебастанд.

Ривояти Имом Бухорӣ

“Иълому-с-соҷид”-и Имом Заркашӣ. С. 46

“Ъуйуну-л-асар” ҷ.1/с. 52

“Эълому-с-соҷид”-и Имом Заркашӣ. С. 46

Ҳадиси муттафақун алайҳ

Барои иттилои бештар ба “Ъуйуну-л-асар” ва “Эълому-с-соҷид” муроҷиат шавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *