Рубрики Хабарҳо

“Эпидемияи сурфа” дар Истаравшан ва “дарди гулӯ” дар зиндон. Аз коруно хабаре нест

Дар Истаравшан даҳҳо нафар бинобар сурфаи шадид ва дар зиндонҳои рақами 1 ва 2-и Душанбе ҳудуди 20 нафарро бинобар “дарди гулӯ” бистарӣ кардаанд. Мақомот бемории истаравшаниҳоро “эмидимеяи сурфа” ва зиндониҳоро “дарди гулӯ аз ифтор бо оби хунук” шарҳ медиҳанд.

Дар ноҳияи Истаравшан «Беморхонаи марказии байниноҳиявии бемориҳои дил» воқеъ дар деҳаи Сӯфӣ Ориф, “Беморхонаи терапевтии бачагонаи №2”, «Беморхонаи бемориҳои асаб» дар деҳаи Қалъачаи Араб (дар байни халқ бо номи боғи исполком маъруф аст) пур аз беморони “сурфа” аст ва дигар касеро қабул намекунанд.

Дар деҳаи Сӯфӣ Ориф ба сокинон ҳушдор додаанд, ки ба беморхона наздик нашаванд. 

Табибон дар ноҳияи Истаравшан ба беморони дигар ҷуз “сурфа” тавсия медиҳанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба беморхона ё дармонгоҳҳо нараванд. 

Ҳанӯз ду ҳафта қабл манобеъи Паём хабар дода буданд, ки “Беморхонаи байниноҳиявии бемориҳои дил” дар деҳаи Сӯфӣ Ориф пурра холӣ карда шудааст. Зоҳиран ҳамон замон шуйӯъи беморӣ дар Истаравшан шурӯъ шуда буд. 

Дар ҳамин ҳол расонаҳои дигар аз карантин шудани ҳудуди 20 зиндонӣ дар маҳбасҳои рақами 1 ва 2-и Душанбе пас аз шикоят аз таби баланд хабар медиҳанд. Мақомоти СИҶҶ сабаби карантини зиндониёнро “дарди гулӯ” номида вуҷуди коруно ва “илтиҳоби шуш”-ро рад кардаанд. 

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, 27-уми апрел ба расонаҳо гуфт, ташхисҳо нишон доданд, ки тақрибан бист маҳбус гулӯдард ҳастанд.

«Бештари инҳо рӯзадор будаанд ва оби хунук нӯшидаанд. Баъзе аз онҳоро бо паст шудани ҳарорат аллакай аз ҳолати карантинӣ ҷавоб додем», — гуфтааст Умаров.

Сардори СИҶҶ ВА илова кардааст дар ҳоли ҳозир 6 маҳбус дар зиндони рақами 1 ва 8 тани дигар дар маҳбаси дувум дар ҷойҳои махсуси қаблан омода кардашуда дар маҳбасҳо зиндониёнро зери назорат гирифтаанд.

Умаров ҳамчунин гуфтааст «субҳи имрӯз, 27-уми апрел, табибонро фиристодам, ки як бори дигар ташхис кунанд. Албатта, чораҳои пешгирӣ аз сирояти эҳтимолии вирус дар дохили муассиса андешида шудааст. Ҳар рӯз се-чаҳор дафъа ҷойҳои хобу либосшӯиву ҳоҷатхонаҳоро дезинфексия мекунем».

Қаблан рӯзноманигор Шӯҳрати Раҳматулло, писари зиндонии сиёсӣ Раҳматуллоҳи Раҷаб, ки дар зиндони рақами  ба сар мебарад, навишта буд ҳарорати бадани падараш се рӯзи охир паст намешавад ва ӯ аз дарди гулӯ ранҷ мебарад.  

Карантини зиндониён дар ҳолест, ки Паймони миллии Тоҷикистон дар ду муроҷиъаташ ба ҳукумати кишвар талаб карда буд зиндониёни синнашон аз 50-сола боло озод карда шаванд. 

Замоне, ки хабар ба нашр омода мешуд, як манбаъ хабар дод, ки дар назди дари табиби бемориҳои сироятӣ дар Маркази ташхисии Авис ҳудуди 40 нафар навбат истодаанд. Бештари онҳо сурфа мекунанд ва мегӯянд таъбашон баланд аст.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз вуҷуди COVID-19 дар Тоҷикистонро расман рад мекунанд ва тамоми маргҳои бо нишонаҳои ин вирусро ба илтиҳоби шуш рабт медиҳанд. То имрӯз марги даҳҳо нафар бо нишонаҳои вируси коруно расонаӣ шудааст. Коршиносон мегӯянд, адади бисёр ками маргумир ба расонаҳо роҳ меёбад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *