Қарор аст имрӯз ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон ду парвоз ба Маскав анҷом диҳанд. Аммо бар хилофи интизории мусофирони дармонда дар фурӯдгоҳҳои Шереметево ҷв Внуково, павозҳои ин ду ширкат ба Домодедово сурат мегирад.
Ҳамин тавр, тибқи гузориҳзи “Озодӣ” ҳавопаймои Сомон Эйр соати 14.00 ва Тоҷик Эйр соати 18.00 ба Маскав мераванд.
Дар ҳамин ҳол, тақдири даҳҳо муҳоҷири дармондаи тоҷик дар фурудгоҳҳои Шереметово ва Внуково номаълум боқӣ мемонад. Ин муҳоҷирон чанд навор сабт карда дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш кардаанд. Бархе гуфтаанд, замоне онҳо ба ҳавопаймо савор шуда буданд, Тоҷикистон парвозҳоро манъ кард. дар навори дигар мусофирон мегӯянд, онҳо аз ширкатҳои русии “Ютэйр” билет харида карда буданд, аммо масъулони ширкат аз багардонидани пули он худдорӣ мекунанд.
Гуфтанист,Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон шоми 19-уми март ҳамагуна парвози ҳавопаймоҳоро ба самти Тоҷикистонро манъ кард.
Коршиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов аз ин иқдоми бематиқи мақомоти Тоҷикистон бо шиддат интиқод кардаасn/
Ӯ навиштааст:
Аз инчо чанд пурсиш бармеояд:
Якумаш, барои чи масъулину рохбарони Вазоратхои дахлдор мардумро оид ба планхои худ пешаки огох накарданд? Барои чи акаллан ду-се руз пеш аз баста шудани парвоз хеч эълоне падид наомад, то ки мардум чиптахоро харида бехуда ба фурудгох нараваду саргарадон нашавад?
Барои чи чорахое, ки барои пешгирии бемории коронавирус равона мешаванд, бе назардошти ниёзу дарди мардум тархрезӣ ва амалӣ шуданд? Барои чи шахрвандони мо, ба чои бахра гирифтан, дучори азобу душворихои изофи мегарданд? Мисол, хукумати Украина пеш аз бастани сархадхо хамаи шахрвандони худро бо рохи телизиону радио огох намуд, то ки мардуми дар хорич буда саривакт ба ватан баргашта тавонад.
Акнун бо ин мардум чи хохад шуд? Касоне ки дар фурудхох мондаву шахрвандоне, ки дар сафар буданду миени рох дармонданд. Ба онхо ки кумак мерасонад, ба кихо бояд мурочиат кунанд? Шояд хамун вазоратхою сафоратхо руйхати мардуми басташударо тайер карда барои баргардонидани онхо чорахоро биандешанд?