Categories Хабарҳо

Вазири фарҳанг сабаби манъи «Манқурт»-и Барзуро шарҳ дод

Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон сабаби манъи намоиши «Манқурт. Реквием»-и коргардон Барзу Абдураззоқов дар Душанберо шарҳ дод. Тибқи иттилоъи радиои Озодӣ, ӯ дар нишасти матбуотиаш, ки имрӯз 12-уми июл баргуҳор шуд иддао карда, ки коргардон «аз матни асар дур рафта, онро таҳриф кардааст», аммо далели мушаххас наовард. Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, мегӯяд, бо ҳамин мазмун номаи расмӣ гирифт, вале бо он розӣ несту хулосаашро ба зудӣ хоҳад фиристод.

Намоиши «Манқурт. Реквием» аз рӯйи асари «Дуроҳаи бӯронӣ»-и Чингиз Айтматов бояд шоми 20-уми майи имсол дар театри «Падида»-и Душанбе рӯйи саҳна меомад. Мақомот 19-уми май аз масъулони намоиш хостаанд, онро баргузор накунанд, чун бояд аз назари шӯрои бадеӣ гузарад.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, намоишномаро моҳи июни имсол баррасӣ карданд, вале хулоса манфӣ буд.

«Коргардон аз матни аслии муаллиф, Чингиз Айматов, дур рафта, ба он иловаҳои худро ворид ва муҳтавои асарро таҳриф кардааст. Намоиш бо чунин шаклу мазмун барои сиёсати имрӯзаи дохиливу хориҷии кишвар ва барои таълиму тарбияи насли наврас қобили қабул дониста нашуд, яъне аз ҷониби шӯрои бадеӣ қабул карда нашуд,» – шарҳ дод Зулфия Давлатзода.

Барзу Абдураззоқов гуфта, муҳтавои асари Чингиз Айтматовро дигар накард, балки муҳит ва қаҳрамонҳоро тоҷикӣ кард.

«Мо муҳитро ба Тоҷикистон овардем ва ин фоҷиаи як зани тоҷик бо фарзанди манқурташ буд. Мо ба сиёсат дахл накардем. Мо ҳувияти миллии тоҷиконро таҳлил кардем. Ҳанӯз ба ин назарам, ки манқуртизатсия яке аз масъалаҳои муҳими мардуми мост. Инки мегӯянд, ба сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ созгор нест, тарс аз русҳо аст, ки мабодо хафа нашаванд,» – афзуд ӯ.

Намоиши «Манқурт. Реквием»-ро ба коргардонии Барзу Абдураззоқов як гуруҳ аз ҳунарпешаҳои ҷавон, аз ҷумла Далери Имомалӣ, ки ҳамзамон ба хабарнигориву блогерӣ машғул буд ва ҳоло дар боздошт аст, омода карданд.

Онҳо пештар театри хиёбониро ба номи “Нигоҳи нав” таъсис дода буданд ва он то ҳол расман сабтином нашудааст.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *