Артиш карантинӣ шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон қисмҳои ҳарбии зери итоаташро ба карантин гирифта, аз ҷумла вохӯрии волидонро бо сарбозон муваққатан манъ кардааст. Вале сарфи назар аз пандемияи коронавирус маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба артиши Тоҷикистон идома дорад.
тасмим ба хотири ҳифзи саломати сарбозон ва афсарон гирифта шудааст. «Дар ҳудуди қисмҳои низомӣ карантин ҷорӣ шуда, баргузории ҳамагуна чорабинӣ ва қабули шаҳрвандон муваққатан манъ аст. Инчунин, дар ошхона ва ҷойҳои хоби сарбозон поккорӣ ҷараён дорад», — илова кард ӯ.
Масъулони Вазорати дифоъ гуфтанд, даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ҳамоно идома дорад ва то ин дам зиёда аз 95 дарсади нақша иҷро шудааст. Бо ин вуҷуд, сокинон аз «сарбозшикор» ё ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш хабар медиҳанд. Маъракаи даъвати баҳорӣ то охири моҳи май идома хоҳад кард.
Мақомот дар ҳоле намехоҳанд ҷалби ҷавононро ба артиш қатъ кунанд, ки дар кишвар то 11-уми май 661 нафар ба коронавируси нав сироят шуда, 21 нафар ҷони худро аз даст доданд. Иддае гумон доранд, омори аслӣ метавонад аз ин ҳам бештар бошад.
Дар чунин шароит, коршиносон аз Вазорати дифоъ дархост доранд, ки муваққатан даъвати ҷавононро ба артиш қатъ кунанд. Чун, ба гуфтаи онҳо, агар як ҷавони сироятшуда ба сафи нирӯҳои мусаллаҳ ворид шавад, метавонад чандин нафари дигарро бемор кунад.
Сообщение ПАЁМ.net.