Рубрики Хабарҳо

Карантини артиш, боздошти сардухтур, фавти 16 нафар дар рӯз. Хроникаи коруно 12.05

Паём сардухтури бемористони ноҳиявии Вахш бо иттиҳимои фурӯши либосҳои муҳофизатӣ ба табибони ҳамин беморхона боздошт шудааст. Гуфта мешавад сардухтур беш аз 50 либоси муҳофизатӣ фурӯхтааст.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба “Радиои Озодӣ” гуфтааст, феълан дар шифохонаҳои ин минтақа тақрибан 190 нафар зери назорати пизишкон ҳастанд ва аз ин шумора шаш кас мубталоит коронавируси нав мебошанд. Ёдгор Файзов гуфтааст, «дар вилоят тест ва лаборатория надорем. Гуфта наметавонем, ки чӣ қадар пневмонияи вирусӣ ва ғайривирусӣ ҳаст. 6 нафар дақиқ COVID-19 шудаанд».

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ъ дод роҳбарияти вилояти Суғд дар машварати корӣ оид ба мубориза бо коронавирус, ки рӯзи 11-уми май раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузор кард, тавсия дод, ки рафтуомади шаҳрвандон байни шаҳру ноҳияҳо маҳдуд карда шавад. Ба масъулин дастур дода шудааст дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр кунанд.

“Ховар”  шаби 11 май, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вазир Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовинони ӯ  бевосита бо вазъи беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ дар ноҳияҳои Ёвону Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Турсунзодаву Душанбе шинос шуданд. 

Паём Сарҳанг Гадоев Ҷамол, корманди идораи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки баъди гирифторӣ ба вируси коруно ҷон дод, дар зодгоҳаш — ноҳияи Зафаробод ба хок супорида шуд. Сарҳанги 53 сола қаблан муовини сардори КДАМ дар вилояти Суғд буда, сипас ба идораи марказии Кумитаи амният ба кор гузаштааст. 

“Радиои Озодӣ” иттилоъВазорати мудофиаи Тоҷикистон қисмҳои ҳарбии зери итоаташро ба карантин гирифта, аз ҷумла вохӯрии волидонро бо сарбозон муваққатан манъ кардааст. Вале сарфи назар аз пандемияи коронавирус маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба артиши Тоҷикистон идома дорад.

Дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт шаҳрдории Душанбе дастур дод, ки фаъолияти кошонаҳои ҳусн, сартарошхона, мағозаҳои фурӯши телефонҳои мобилӣ ва нуқтаҳои шустани автомашинаҳо то 31-уми май қатъ карда шавад. Ҳоло дар шаҳри Душанбе инчунин меҳмонхонаву қаҳвахона ва тарабхонаҳо низ кор намекунанд.

«Ахбор” бар асоси хабарҳои нашршуда рӯйхатти 16 нафареро , ки дар як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон вафот кардаанд. Дар хабарҳо иллати марги аксари онҳо коронавирус гуфта мешавад. Ва ин 16 нафар танҳо онҳоеянд, ки хабари маргашон дар матбуот нашр шудааст.

Абдухалил Холиқзода, раҳбари бемористони «Ибни Сино” дар Тоҷикистон карантини нарм ҷорӣ шавад. Ба андешаи ӯ карантини нарм ба ду сабаб ягона роҳи мумкини муқобила бо паҳншавии вирус дар Тоҷикистон аст. Сабаби аввал ин аст, ки дигар вирус аз контрол хориҷ шуд ва бо роҳи изолясиони шадид пеши роҳи онро гирифтан имкон надорад ва беҳтар аст ба тадриҷ дар ҷомеа масунияти ҷамъӣ ҳосил бишавад.Сабаби дувум ин аст, ки қарантинаи шадид ба пуррагӣ хонанишин кардани шаҳрвандонро металабад ва дар ин ҳол ризқу рӯзии мардумро таъмин кардан имконпазир намебошад.

“Ховар” кормандони Додситонии кулл дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, ба 4440 манзили истиқоматии ин ноҳия рафта, бо истиқоматкунандагони онҳо дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз вируси коруно суҳбат кардаанд.

“Радиои Озодӣ” аз як амалиёти хурди маъмурони милиса дар пойтахти Тоҷикистон ки нишон додааст, баъд аз эътирофи мавҷудияти коронавирус дар кишвар ҳанӯз бахше аз аҳолӣ бе ниқоби тиббӣ мегарданд. Мақомот мегӯянд, напӯшидани ниқоб ҷавобгарӣ надорад, аммо доштанаш аз тарафи Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 ҳатмӣ шудааст. Пизишкон мегӯянд, ниқоби тиббӣ як василаи пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагир аст.

“Азия Плюс” Вазорати тандурустӣ бо кӯмаки молиявии Бонки Осиёии Рушд ба маблағи 100 ҳазор доллар 25 намуди маҳсулоти тиббиву ҳифозатӣ дарёфт кард. Аз қабили ниқоб, дастпӯшак, хилъатҳо, либосҳои муҳофизатӣ, ҳароратсанҷ ва ғайра .  

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо ба Комиссариати Олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони Афви байналмилал, Салиби Сурх, Институтҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ ва озодии инсон, Созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва Намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон муроҷиат карда, бо изҳори нигаронӣ аз ҳолати вахими зиндониён, аз ҷомеаи байналмилалӣ дархости расидагӣ ба вазъияти имрӯзаи зиндониёни Тоҷикистон кард.

“Ховар” додситонии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе ҳолатҳои ғайриқонунӣ ба муомилот баровардани маводи дорувории пастсифат ва қалбакӣ, ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи дорувориҳо ва лавозимоти тиббиро дар дорухонаҳои шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дод.

“Паём” таҳти унвони “Коса шикаст” таҳлилеро , ки бедории мардум бо таъсири вируси коруноро ба баррасӣ гирифтааст. “Коруно суръати бедории мардумро ба сатҳи боварнакардание боло бурд ва пардаи ороиширо бо суръат аз рӯи харобаҳое бардошт, ки ҳукумат бо тамоми қудрат пинҳонашон мекард.Мардуме, ки одат карда буд ҳамеша “рушду пешрафту ободӣ”-ро бинаду аз ғамхории “пешвои миллат” бишнавад, ногаҳон дарёфт, ки ин ҳама сол гӯлаш задаанд” — менависад. 

Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки дар шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 68 каси дигар ба коронавирус мубтало шудаанд. Ба иттилои расмӣ, шумори умумии гирифторон рӯзи 12-уми май ба 729 нафар баробар шуд. То ин дам 23 кас аз ин беморӣ ҷон бохтаанд. Дар бораи онҳое, ки аз ин беморӣ шифо ёфтаанд, гузорише нест.

“Радиои Озодӣ” аз нишасти хабарии ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ки онлайн сурат гирифт, . Патрик О.Коннор, раҳбариҳайат, ки вазъи густариши бемории COVID-19 ва маргумир аз ин беморӣ дар Тоҷикистонро арзёбӣ мекард, гуфт: “Тоҷикистон ба марҳилаи сирояти беморӣ дар дохили ҷомеа ворид шудааст. Мавридҳои собитшудаи СОVID-19 ҳангоми ҳузури мо дар кишвар зиёдтар шудаанд ва теъдоди беморон ҳар ду-се рӯз ду баробар зиёд мешавад. Биноан вазъ ташвишовар аст ва андешидани чораҳои заруриро талаб мекунад.“

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *