Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳангоми интиқоли гуруҳи 13 нафараи куҳнавардон тайёраи МИ-8 бо суръати баланд ба куҳ бархӯрдааст. Дар ин бора рӯзноманигори тоҷик назири Нусрат дар саҳифаи фейсбукиаш иттилоъ медиҳад.
Тибқи гуфтаи ӯ тақдири куҳнавардон ва ҳам 3 нафар аъзои сарнишини чархбол номаълум аст.
Кӯҳнавардон баъди фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ба лагери воқеъ дар поёноби пиряхи Фортамбек интиқол дода мешуданд.
Бо дастури Ҳукумати Тоҷикистон, як комиссияи иборат аз намояндагони КҲФ, ВКД, КДАМ, Вазорати мудофиа ва дигар мақомоти дахлдор дар ду чархбол ба ҷойи ҳодиса рафтаанд.
«Бо далели набудани алоқа тафсилоте бештар аз ин нест» — навиштааст Назири Нусрат.
Аммо Кумитаи ҳолатҳои фавқулъода мегӯяд ин чархбол нишасти изтирорӣ анҷом додааст:
«Рӯзи 12 август, соати 16:30 ҳангоми интиқоли кӯҳнавардон баъди фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ба қароргоҳашон чархболи МИ-8 дар поёни пиряхи Фортамбек нишасти изтирории шадид анҷом додааст. Ҳангоми нишасти чархбол дар даруни он 13 кӯҳнавард ва се узви экипаж парвоз мекарданд», омаддаст дар баёнияи ин ниҳод.
Барои маълум кардани сабабҳо ва ҷузъиёти ҳодиса комиссияи ҳукуматӣ аз ҳисоби намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ВКД, КДАМ, вазорати дифоъ, вазорати тандурусӣ ва дигар идораҳои давлатӣ ташкил дода шудааст. Тасмим гирифта шуд, ки ба ҷои ҳодиса ду чархбол бо наҷотбахшон ва табибон фиристода шавад.