Рубрики Хабарҳо

Фиқҳуссира. Сафари нахустини Расулуллоҳ (с) ба Шом ва меҳнат дар дарёфти ризқ

Чун Ҳазрати Муҳаммад (с) дувоздаҳро пур мекунанд, амакашон Абутолиб бо корвоне ба Шом баҳри тиҷорат меравад ва эшонро ҳамроҳаш мегирад. Вақте ки корвон дар Бусро таваққуф мекунад, онҳо аз назди роҳибе, ки ӯро Буҳайро мегуфтанд, мегузаранд. Ӯ марде ба Инҷил донишманд ва шахсе огоҳ аз умури насроният буд. Ҳамон ҷо чашми Буҳайро ба Паёмбар (с) меафтаду ба дурусттар нигоҳ кардан ба эшон мепардозад. Баъд бо Он ҳазрат (с) сӯҳбат мекунад.

Сипас, ба Абутолиб рӯй оварда мепурсад: Ин бача ба ту чӣ мешавад? Абутолиб дар ҷавоб мегӯяд: Писарам(Абутолиб он касро аз шиддати дӯстдориву меҳрубонӣ писар мехонд). Буҳайро мегӯяд: Ин писари ту нест. Падари ин бача набояд дар ҳаёт бошад. Абутолиб мегӯяд: Ин писари бародарам аст. Буҳайро мепурсад: Ба падараш чӣ шудааст? Абутолиб дар ҷавоб мегӯяд: Замоне, ки ҳанӯз модараш бо ӯ ҳомила буд, аз дунё гузашааст. Буҳайро мегӯяд: Дуруст мегӯӣ. Акнун ӯро аз ин ҷо ба шаҳрат баргардон ва мабодо яҳудон аз ӯ дарак ёбанд. Ба Худо, агар ӯро инҷо бинанд, ҳатман, барояш зараре мерасонанд. Дар оянда ба дасти ин бародарзодаат кори бузурге хоҳад шуд.

Сипас, Абутолиб дарҳол Он ҳазрат (с)-ро ба Макка бармегардонад[1]. 

Ҳамин тавр, Паёмбар (с) ба марҳилаи ҷавонӣ мерасанд ва ба саъй аз пайи рӯзӣ мепардозанду муддате ба чаронидани гӯсфандон машғул мешаванд. Он ҳазрат (с) зимни нақл дар бораи худашон чунин гуфта буданд: “Ман барои аҳли Макка бар ивази чанд танга чӯпонӣ мекардам”[2].

Худованд он касро аз бесариву шабнишиниҳое, ки одатан, ҷавонон ба он гирифтор мешаванд, нигаҳ доштааст. Чи тавре ки дар ривояте дар бораи худашон гуфтаанд: “Ба он чӣ мардум дар ҷоҳилият мекарданд, танҳо ду бор азм кардаам. Дар ҳар ду бор Худо маро нигаҳ медошт. Баъд дигар ба ин кор азм накардам ва ниҳоят Худо ба ман бо паёмбарӣ икром намуд. Як шаб ба бачае, ки бо ман дар болои Макка чӯпонӣ мекард, гуфтам: Чӣ мешуд, ки гӯсфандони маро низ нигоҳ мекардӣ, ки ман ба Макка фароям ва мисли дигар бачаҳо шабнишинӣ кунам. Ӯ розӣ шуд. Ман баромадам ва вақте ба аввалин ҳавлии Макка расидам, овози мусиқие ба гӯшам расид. Гуфтам: Ин чист? Гуфтанд: Ҷашни арӯсӣ. Ман ба ҷоям нишастам, то гӯш кунам. Вале Худованд чунин кард, ки хобам бурду танҳо бо гармии офтоб бедор шудам. Сипас, назди рафиқам баргаштам. Ӯ аз ман пурсид. Ман ба ӯ ҳодисаи гузаштаро гуфта додам. Баъд як шаби дигар боз аз ӯ мисли пештара илтимос кардам. Ба Макка фаромадаму ба ҳолати пештара гирифтор шудам. Минбаъд дигар ба кори зиште азм накардам”.

Панду андарзҳо:

Ҳадиси Буҳайро дар бораи Паёмбар (с), ки онро ҳамаи ровиёну олимони таърихи паёмбарӣ нақл кардаанду Имом Тирмизӣ аз даҳони Абумӯсои Ашъарӣ ба таври муфассал овардаанд, далолат бар он мекунад, ки аҳли Китоб аз ҷумлаи яҳуду насоро аз зуҳури Паёмбар (с) дарак доштанду аз нишонаҳои он хабардор буданд. Онҳо ба воситаи хабари зуҳури Он ҳазрат ва баёни нишонаву сифоташон, ки дар Тавроту Инҷил омада буд, аз ин чиз огаҳӣ доштанд. Далел ба ин гуфтаҳо хеле зиёд буда, аз ҷумла олимони таърихи паёмбарӣ нақл мекунанд, ки яҳудиён пеш аз зуҳури Паёмбар (с) назди қабилаҳои Авсу Хазраҷ бо Он ҳазрат (с) мададхоҳӣ карда мегуфтанд: Ба наздикӣ паёмбаре зуҳур мекунаду мо ҳамроҳ бо ӯ шуморо мисли Оду Ирам нобуд мекунем. Вақте ки ба ин гуфтаашон наистоданд, Худованд дар бораашон ин сухани хешро нозил кард:

“وَلَمَّا جاءَهُمْ كِتابٌ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ مُصَدِّقٌ لِما مَعَهُمْ، وَكانُوا مِنْ قَبْلُ يَسْتَفْتِحُونَ عَلَى الَّذِينَ كَفَرُوا فَلَمَّا جاءَهُمْ ما عَرَفُوا كَفَرُوا بِهِ فَلَعْنَةُ اللَّهِ عَلَى الْكافِرِينَ” [البقرة 2/ 89]

“Ва он гоҳ, ки аз назди Худо ба онҳо Китобе омад[яъне, Қуръон], ки тасдиқкунандаи он, ки бо онҳост, пеш аз ин бар кофирон талаби фатҳ мекарданд; пас, ҳар гоҳ он чи медонистанд, ба онҳо омад, вайро мункир шуданд. Пас, лаънати Худо бар кофирон аст” (сураи Бақара, ояти 89)

Имом Қуртубӣ ва ғайра нақл мекунанд, ки вақте ояти 146-уми сураи Бақара  “الَّذِينَ آتَيْناهُمُ الْكِتابَ يَعْرِفُونَهُ كَما يَعْرِفُونَ أَبْناءَهُمْ، وَإِنَّ فَرِيقاً مِنْهُمْ لَيَكْتُمُونَ الْحَقَّ وَهُمْ يَعْلَمُونَ” [البقرة 2/ 146]

нозил шуд, (тарҷума: “Касоне, ки ба онҳо Китоб додаем, вайро [яъне: Паёмбари Исломро] мешиносанд – чунон ки фарзандони худро мешиносанд. Ва ҳамоно гурӯҳе аз онҳо ҳақро дониста мепӯшанд.”) Ҳазрати Умар аз Абдуллоҳ ибни Салом, ки китобии  мусулмоншуда буд, пурсиданд: Оё Муҳаммад (с)-ро мисли он ки фарзандатро мешиносӣ, шинохта метавонӣ? Ӯ дар ҷавоб гуфт: Бале. Балки бештар. Худованд амини худ дар осмонро назди амини худ дар замин бо сифатҳое фиристод, баъд ман ӯро шинохтам. Вале писарам бошад, гуфта наметавонам, ки модараш чӣ хел будааст. Сабаби мусулмон шудани Ҳазрати Салмони Форсӣ низ пайгирӣ намудани ахбори Паёмбар (с) ва сифоташон аз китоби Инҷилу даҳони роҳибону олимони аҳли китоб буд.

Вуҷуди ин гуна маълумотро инкор кардани аксари аҳли Китоб ва холӣ будани Инҷилҳои дар истифода қарордошта аз он хабар маънои онро надорад, ки ин нақл асос надорад. Зеро аз касе пӯшида нест, ки ин китобҳо дасти табдилу таҳрифи зиёдеро дидаанд. Худо дар китобаш хуб мефармояд:

“وَمِنْهُمْ أُمِّيُّونَ لا يَعْلَمُونَ الْكِتابَ إِلَّا أَمانِيَّ وَإِنْ هُمْ إِلَّا يَظُنُّونَ، فَوَيْلٌ لِلَّذِينَ يَكْتُبُونَ الْكِتابَ بِأَيْدِيهِمْ ثُمَّ يَقُولُونَ هذا مِنْ عِنْدِ اللَّهِ، لِيَشْتَرُوا بِهِ ثَمَناً قَلِيلًا فَوَيْلٌ لَهُمْ مِمَّا كَتَبَتْ أَيْدِيهِمْ وَوَيْلٌ لَهُمْ مِمَّا يَكْسِبُونَ” [البقرة 2/ 78، 79]

“Баъзе аз онҳо нохонандагонанд, Китобро ҷуз орзуҳои ботил намедонанд ва ба ҷуз гумонкунанда [дигаре] нестанд. Пас, вой бар он касон, ки Китобро ба дастҳои худ менависанд, сипас мегӯянд: «Ин аз назди Худо аст», то ба ивази вай баҳои андакро биситонанд. Пас, вой бар онҳо ба сабаби навиштани дастҳояшон ва вой бар онҳо аз он чизе, ки касб мекунанд.” (сураи Бақара, оятҳои 78-79)

Аммо масъалаи бо мақсади дарёфти ризқу рӯзӣ ба чӯпонӣ машғул шудани Он ҳазрат (с) бошад, ба се чизи муҳим далолат мекунад: 

1) Ба завқи баланд ва эҳсоси нозуки Муҳаммад (с) далолат мекард, ки Худованд паёмбарашро бо он ороста буд. Амакашон Абутолиб ҳаматарафа ба он кас ғамхорӣ мекарданд, дар меҳру шафқат нисбат ба эшон аз падар кам набуданд. Вале Он ҳазрат (с) ба муҷарради он, ки барои дарёфти ризқу рӯзӣ дар худ қудрат пайдо карданд, дарҳол ба он машғул шуданд ва ба он талош карданд, ки ба ҳадди имкон заҳмати таъмини рӯзиашонро аз зиммаи амакашон ба худ гиранд. Шояд он фоидае, ки аз пайи он корашон, ки Худо барояшон интихоб карда буд, ба даст меоварданд, он қадар кироӣ ҳам набуду нисбат ба амакашон аҳамияте надошт. Вале ба ҳар ҳол, ин амал ибрози олитарин ахлоқ аз шукр, олиҳимматӣ, ҷавонмардӣ ва муомилаи накӯ буд. 

2) Он навъи ҳаёте буд, ки Худо ба бандагони солеҳаш дар ин дори дунё мехоҳад. Ба Худо душвор набуд, ки барои Паёмбар (с), ки ҳанӯз дар оғози зиндагӣ буданд, аз сабабҳои фарохҳолӣ ва василаҳои рӯзгор он чиро муҳайё созад, ки он касро аз ранҷу заҳмати чӯпонӣ, баҳри дарёфти рӯзӣ, халос мекард. Вале ҳикмати илоҳӣ тақозо мекунад, то дониста бошем, ки беҳтарин моли шахс ҳамон моле аст, ки онро бо заҳмати дастонаш дар муқобили хизмате, ки ба ҷомеа ва дигарон мекунад,  меёбад ва бадтарин мол ҳамон моле аст, ки шахс онро дар ҷояш хобида бидуни ҳеҷ ранҷу заҳмате ба даст меораду бар ивази он аз ӯ фоидае ба ҷомеа намерасад. 

3) Соҳиби ягон даъват комёб намешавад ва назди мардум даъвати ӯ қимат пайдо намекунад, агар ризқу рӯзиаш аз пушти даъваташ ва ё аз пайи бахшишу садақаҳои мардум бошад. Бинобар ин, соҳиби даъвати исломӣ нисбат ба дигарон ҳақдортар буданд, ки дар рӯзгори хеш ба ҷаҳди шахсӣ ва манбаи поки беминнат такя намоянд, то ягон касе барояшон миннате накунад ва наздашон фазле надошта бошад. Зеро ин чизҳо касро аз ошкоро гуфтани сухани ҳақ бозмедорад.

Агарчи ин маъно он замон аз дили Паёмбар (с) нагузашта буд, зеро ҳанӯз намедонистанд, ки дар оянда кори даъвату рисолати илоҳӣ ба гарданашон бор карда мешавад. Вале ин услубе, ки Худо барояшон фароҳам сохта буд, шомили ҳамин ҳикмат низ ҳаст. Маълум мешавад, ки Худо хоста, ки дар зиндагии пеш аз паёмбарии Он ҳазрат (с) набояд чизе бошад, ки ба роҳи даъват баъди паёмбар шудан монеа мешавад, ё ягон хел таъсири манфӣ мерасонад.

Он чӣ Паёмбар (с) оид ба худашон гуфта доданд, дар бораи он, ки Худованд он касро аз бози хурдсолӣ ва айёми ҷавонӣ аз ҳар гуна зиштӣ нигаҳ доштааст, барои мо ду ҳақиқатеро равшан мекунад, ки ҳар яке дорои аҳамияте бузург мебошад:

1) Паёмбар (с) аз тамоми сифатҳои башарӣ бархурдор буданд. Мисли дигар ҷавонон дар худ майлу рағбатҳои гуногунеро, ки ба ҳикмати илоҳӣ дар ниҳоди инсон ҷой дода шудааст, эҳсос мекарданд. Маънои шабнишиниву бозиро дарк намуда, чӣ лаззат доштани онро мефаҳмиданд. Мисли дигарон нафс он касро ба ин гуна корҳо водор мекард.

2) Худованд бо вуҷуди ин Он ҳазрат (с)-ро аз ҳама намудҳои гумроҳӣ ва ҳар он чӣ ба талаботи даъвате, ки Худо он касро барои он омода месохт, мувофиқат намекард, нигаҳ дошт. Ҳамин тавр, Он ҳазрат (с) ҳатто дар замонҳое, ки ваҳй ё шариате набуд, ки он касро аз иҷобат ба рағбатҳои нафс манъ менамуд, нигаҳдорандаи ниҳони дигаре меёфтанд, ки он касро аз хостаҳои нафс дур мекард. Зеро он ҳама ба шахсе, ки тақдир ӯро баҳри пурра намудани ахлоқи ҳамида ва барқарор сохтани шариати Ислом омода мекунад, муносиб намебошад.

Дар Паёмбар (с) ҷамъ шудани ин ду ҳақиқат далели равшани он аст, ки инояти махсуси илоҳӣ он касро идора мекарду бе воситаи сабабҳои маъруф мисли василаҳои тарбияву иршод роҳандозӣ менамуд. Чӣ касе эшонро дар ин роҳи маъсумият роҳнамоӣ мекард? Магар ҳама аҳлу атрофиён ва ҳамқавму ҳамсоягонашон аз ин роҳ бегонаву аз ин самт бехабар набуданд?

Бешубҳа ин ғамхорӣ ва инояти махсуси илоҳӣ, ки барои ҷавонии Паёмбар (с) роҳи дақиқи нуроние бахшида буд, ки торикии ҷоҳилиятро бартараф мекард, аз ҷумлаи бузургтарин мӯъҷизаҳое мебошад, ки ба маънои нубувват далолат мекунад. Нубуввате, ки Он ҳазрат (с)-ро Худо баҳри он офарида, барои бардоштани масъулияти он омода мекард. Илова бар ин, боз далолат бар он мекунад, ки маънои нубувват дар ташаккули шахсияти он кас ва ҷараёнҳои равониву фикрӣ ва ахлоқиашон дар зиндагӣ заминаи асосӣ мебошад.

Осон буд, ки Ҳабиби Худо (с) инсоне ба дунё оянд, ки нафси ӯ холӣ аз рағбатҳои нафсонӣ ва ҳавоҳои шаҳвонӣ бошад. Дигар дар нафси хеш чизеро ҳис намекунанд, ки эшонро ба тарки рама ба дасти рафиқашон водор намекунад, то Макка фароянду онҷо гурӯҳеро ёфта, бо онҳо шабнишинӣ кунанд, ё ба шодию бозӣ машғул шаванд. Вале ин чиз дар он сурат ба вуҷуд доштани камбудӣ дар таркиби нафсонӣ далолат мекунад. Ҳолати мазкур падидаест, ки намунаҳои он дар ҳар давру замон дида мешавад. Дар ин ҳолат чизе намемонад, ки аз он инояти махфӣ, ки он касро бо вуҷуди рағбатҳои нафсонӣ аз корҳои ношоям бозмедорад, дарак диҳад.

Хулоса, ҳикмати илоҳӣ чунин хост, ки мардум аз ин инояту ҳифзи илоҳӣ нисбат ба Паёмбар (с) чизеро бинанд, ки барояшон  сабабҳои ба рисолати он кас имон оварданро осон кунад ва аз афкорашон омилҳои шаковарро дур созад.


[1] (6) باختصار عن سيرة ابن هشام: 1/ 180 ورواه الطبري في تاريخه: 2/ 287 ورواه البيهقي في سننه وأبو نعيم في الحلية. ويوجد بين هذه الروايات بعض الخلاف في التفصيل، وانفرد الترمذي بروايته مطولا على نحو آخر، ولعل في سنده بعض اللين، فقد قال هو نفسه بعد أن رواه: (هذا حديث حسن غريب لا   

[2] رواه ابن الأثير ورواه الحاكم عن علي بن أبي طالب وقال عنه: صحيح على شرط مسلم. ورواه الطبراني من حديث عمار بن ياسر

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *