Давоми як ҳафта ҳавопаймои кишвари Латвия ду маротиба ба ҳарими ҳавоии Беларус гузашт. Кумитаи давлатии марзбонии Ҷумҳурии Беларус хабар дод, ки чархболи «Agusta Westland» дар минтақаи Браслав ба масофаи 400 метри мутааллиқ ба Беларус парвоз карда, сипас ба самти Латвия баргашт.
Вай гуфт: «Вақтҳои охир ин хел ҳодисаҳо зиёд рух медиҳанд. Ин ҳолатро метавон як иқдоми иғвоангезонаи кишварҳои ҳамсоя барои эҷоди ташаннуҷ дар марз арзёбӣ кард. «Ҳодисаи охирини нақзи марз рӯзи 8 феврал бо як ҳавопаймои АН-2-и Латвия рух дода буд, ки он ҳам гузаргоҳи Урбаниро давр зада, боз ҷониби Латвия баргашт.
Рӯзи 4 декабр бошад, як чархболи украинӣ дар наздикии гузаргоҳи Новая Рудня ба қаламрави Беларус парвоз кард ва 24 январи соли ҷорӣ як ҳавопаймои бесарнишини украинӣ дар наздикии деҳаи Хмелищеи ноҳияи Малорита марзро вайрон карда, дар фазои Украина парида, зиёда аз 200 акс гирифтааст.