Рубрики Хабарҳо

Хатсайри мустақим байни Душанбеву Ал-Кувайт

Ширкати куватии Jazeera Airways қабл аз оғози соли нави медодӣ парвозҳои мустақим байни Ал-Кувайт ва Душанбе шурӯъ хоҳад кард. Тибқи иттилоъи сойти ширкати ҳавоии Jazeera Airways шурӯъ аз 29 декабр ҳафтае ду бор – рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе ҳавопаймоҳои ин ширкат дар самти Ал-Кувайт-Душанбе парвоз анҷом хоҳанд дод.

Роҳит Рамачандран, мудири иҷроияи ширкати ҳавоии Jazeera Airways ба расонаҳо ин хабарро тасдиқ карда гуфтааст, ки кори ин ширкат то ҳол дар бисёр ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин роҳандозӣ шудааст ва ҳоло имкони сафари сокинони Ховари Миёна ба Тоҷикистон ҳам фароҳам мешавад. Ӯ гуфтааст, ки парвозҳои миёни Кувайт ва Душанбе инчунин барои зоирони Арабистони Саудӣ хидмат хоҳанд кард.

“Ҷазира” як ширкати ғайридавлатии ҳавоӣ дар Кувайт буда, дар Ховари Миёна, Покистон, Ҳинду Аврупо парвозҳо анҷом медиҳад ва ба қатори ширкатҳои лоукостер ё арзонфурӯш дохил мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *