Бо ибтикори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ба хонаводаи Абдусаттор Бобоев (эшони Абдусаттор) баъди даргузашти модараш мусибати дигаре омадааст.
3 рӯз қабл модари Эшони Абдусаттор, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар ба сар мебарад, аз дунё гузашта буд. Субҳи дирӯз кормандони бахши Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хонаи маййит омада, хоҳар ва ду бародари Эшони Абдусатторро ба идораи ин Кумита бурданд.
Баъди бозпурсӣ хоҳари Эшон Бобоева Моҳишамс ва бародараш Бобоев Сайидисҳоқро ҷавоб доданд, вале додари калониаш Бобоев Фазлиддин то бегоҳ дар боздошт қарор дошт. Вақте бегоҳи дирӯз Фазлиддинро ҳам ҷавоб доданд, маълум гардид, ки сахт латукӯб шудааст.
Бобоев Сайидисҳоқ
Мутаассифона мусибати хонаводаи модаргумкарда бо ин тамом нашуд. Баъди як соати раҳоӣ, Фазлиддин дубора аз тарафи кормандони КДАМ боздошт ба бахши КДАМ дар ҷамоъати Чортути ноҳияи Рӯдакӣ бурда шуд. То ҳанӯз ҳеҷ иттилое аз ӯ нест ва маълум нест, ки дар Чортут нигаҳдорӣ мешавад ё ба ҷои дигар интиқол ёфтааст. Сабаби ба идораи амният бурдани ин се нафар ва боздошти дубораи Фазлиддин Бобоев то ҳол маълум нест.
Бобоев Фазлиддин
Қаблан ҳам Кумитаи амният фишору тазйиқҳое ба ин хонавода оварда буд. Аз ҷумла вақте Бобоева Моҳишамс ҳангоми дар табобат қарор доштани модараш дар Теҳрон, мехост ба онҷо сафар кунад, бидуни ҳеҷ далел ва айбе аз фурӯдгоҳ бозпас гардонида шуд.
Боздошти мусибатзадагон аз хонаводаи маййит аз тарафи КДАМ бори аввал нест. Барои мисол, наздикони Абдусатторов Абдусамад, узви дигари ҲНИТ баъди даргузашти модараш аз хонаводаи ӯ боздошт ва бозпурсӣ шуда буданд. Гуфтанист, ки модари Абдусамад баъди фишору бозпурсӣ ва таҳдиди кормандони Кумитаи амният аз фишори баланди хун ва сактаи дил вафот карда буд.