Рубрики Хабарҳо

“Артиш нашуд, бало шуд”

Дар фурӯдгоҳ “Колтсово”-и Екатеринбург ду зани тоҷик, ки тоза аз Хуҷанд омадаанд мунтазири бағоҷҳояшонанд ва дар бораи сафарашон сӯҳбат мекунанд. Маълум мешавад ангезаи сафари ҳарду яке будааст: гурезонидани фарзандонашон аз артиш. Ва синни фарзандонашон ҳам яксон: ҳарду синфи 10-ро хатм кардаанд ва бояд синфи 11 раванд. Аммо агар синфи 11-ро дар Тоҷикистон хатм кунанд, ҳанӯз пояшон аз мактаб берун наомада ба артиш мебаранд.

— Соли гузашта ду ҳамдеҳаи моро ҳанӯз шаҳодатномаи хатми мактабашонро нагирифта ба артиш бурданд, чанд нафар, хонандагони синфи 11-ро, ки мехостанд ба Русия сафар кунанд, аз фурӯдгоҳ гардонданд, — мегӯяд зане, ки маълум мешавад аз Конибодом аст.

Ҳамсӯҳбати ӯ, ки лаҳҷааш мегӯяд аз Понғози Ашт аст шикоят мекунад, ки дилаш хеле танг шудааст:

— Шавҳарам 5 сол шуд мегӯяд биё ба Русия кӯчем, аммо ман қабул намекардам. Як бор омада 2 моҳ зиндагӣ карда будам, аслан писандам наомад. Ҳоло ин бача артишбоб шудааст ва дигар маҷбур шудем хориҷ шавем. Артиш нашуд, бало шуд.

***

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 74 169 тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, ки на танҳо бесобиқа, балки 1,6 баробар бештар аз ҷамъи шаҳрвандони 4 кишвари дигари осиёимиёнагист, ки шиносномаи русӣ гирифтаанд. 

Тибқи омори Вазорати дохилаи Русия дар ин муддат 121 089 нафар шаҳрвандони кшварҳои Осиёи Марказӣ шаҳрвнади Русия шудаанд. Агар шумори тоҷиконро аз ин рақам берун кунем, мемонад ҳамагӣ 46 920 нафар барои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон. 

Шумори тоҷикони шиносномаи русӣ гирифта аз қазоқҳо 3,5 баробар, аз узбекҳо 5,6 баробар, аз қирғизҳо 7 баробар ва аз туркманҳо 48 баробар бештар аст! Ин ҳам дар ҳолест, ки аҳолии Қазоқистон аз Тоҷикистон 2 баробар ва Узбекистон 3,5 баробар зиёдтар мебошад. 

Ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 409 тоҷик шаҳрвандии Русияро дарёфт мекунад!

***

Тибқи иттилоъи Маркази миллии тестӣ (ММТ), имсол дар ин ниҳод 80 ҳазору 942 довталаб, ки мехостанд донишҷӯ шаванд ва қайд гирифта шуданд. Аз ин шумор танҳо 57 ҳазору 988 нафар тавонистанд аз имтиҳон гузашта, дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар донишҷӯ шаванд. 22 ҳазору 470 нафар натавонистаанд ба макотиби олӣ дохил шаванд.

Аммо каме дертар ММТ эълон кард ин гурӯҳи бузурге, ки аз имтиҳонҳо нагузаштанд имкон доранд, дар тақсимоти такрорӣ, ки аз 12 то 15 августи соли равон баргузор мегардад, ширкат кунанд ва донишҷӯ шаванд. Бо дарназадошти камии довталабон бо гумони ғолиб аксари ин довталабон, агар аллакай пой сӯи Русия набардоштаанд, донишҷӯ хоҳанд шуд. Ҳатто агар аз имтиҳон баҳои 2 гирифтанд. 

Соли гузашта, дар натиҷаи имтиҳоноти асосӣ ва такрорӣ ҳудуди 70 ҳазор нафар донишҷӯй шуда буданд. Дар соли 2021 103 ҳазору 777 нафар довталаб сабт карда буданд, ки аз шумори имсола қариб 23 000 нафар бештар буд. 

Дар ҳамин ҳол ин шумор дар соли гузашта нисбати соли 2020 беш аз 13,6  ҳазор нафар камтар буд. Фарқи ҷавононе, ки дигар намехоҳанд донишҷӯ шаванд дар як сол қариб ду баробар шудааст. Соли оянда имкон дорад ниме аз донишгоҳҳову донишкадаҳо холӣ монанд. 

***

Шумори онҳое, ки имсол аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ду баробар бештар шудааст. Дар ин бора Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар рӯзи 26 июл дар нишасти хабариаш иттилоъ дод. Ӯ гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол зиёда аз 322 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Тибқи оморҳои расмӣ, ки вазорати меҳнат гузориш медиҳад, 90 дарсади муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия мераванд. 

Дар рафтан ба муҳоҷират ҳам тоҷикон нисбати ҳамсояҳо пешқадамтаранд. Барои мисол, дар ҳоле, ки шумори муҳоҷирон тоҷик ду баробар афзоиш ёфтааст, шумори муҳоҷирони узбек, ки ба Русия рафтаанд имсол 5,6 дарсад камтар шудааст. 

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон аз ин амр нигарон набуда, баръакс изҳори хушҳолӣ мекунанд. Як мақомдори дигари Вазорати меҳнат ва муҳоҷират дар ҳамин нишасти матбуотӣ чунин гуфт: 

“Баъди таҳримҳо (алайҳи Русия) мо чанд эҳтимолро пешбинӣ кардем. Яке аз ин эҳтимолҳо бозгашти оммавии муҳоҷирони тоҷик ба ватан буд. Барои таъмини ин афрод бо ҷойи кор мо бо шарикони рушд омодагӣ доштем. Хушбахтона ин ҳолат пеш наомад. Имсол боздошт ва ихроҷи муҳоҷирон ҳам хеле кам шуд.”

***

Пурсиши Паём байни фурӯшандагон билети ҳавопаймо ва ронандагони мусофирбару таксиҳое, ки байни Русияву Тоҷикистон мусофир мекашонанд нишон дод, ки шумори ҷавононе, ки ба кишвар бармегарданд. якбора чанд баробар камтар шудааст. Ба гуфтаи онҳо ҳоло ба Тоҷикистон асосан онҳое бармегарданд, ки синнашон аз 28 болост, аммо аз Тоҷикистон асосан то 28 солаҳо хориҷ мешаванд. 

Як таксироне, ки нахост номаш ифшо шавад гуфт: “аз Тоҷикистон ҳоло асосан ҷавонони синни даъват ё хонаводаҳоро меорем. Бештари ин хонаводаҳо фарзандони синфи 10-11 доранд, ки аз ба артиш бурда шуданашон метарсанд. Аз Русия то нимаи моҳи июл асосан хонаводаҳоеро, ки барои гузаронидани таътил ба ватан мерафтанд, мебурдем. Дар нимаи август баргашти онҳо шурӯъ мешавад”.

Ин таксирон гуфт баъди қабули қонуни даъвати алтернативӣ, дигар ҳатто донишҷӯёне, ки дар Русия таҳсил мекунанд, аз баргаштан ба Тоҷикистон метарсанд, чи расад ба муҳоҷирони ҷавони меҳнатӣ. 

Алишер Вазиров, соҳибкори тоҷик, ки дар Русия агентии фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ дорад гуфт, фурӯши билет бинобар адами хоҳиши баргашти ҷавонон ба кишвар, бамаротиб камтар шудааст. “Чун аксари муштариёни моро ҷавонони синни даъват, ки ҳанӯз хонадор нашудаанд ё фурсат накардаанд хонаводаашонро ба Русия биёваранд, ташкил медоданд” — тасреҳ кард ӯ. 

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дар соли 2020 ба қонун “Дар бораи вазифаҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид шуд, ки тибқи он ба ҷуз аз донишҷӯёни донишгоҳҳо, магистр ва аспирантҳо низ ба артиш даъват карда мешаванд.

***

Аммо чаро ҳукумат (хонда шавад Оила) тасмим гирифт донишҷӯёнро ба артиш ҷалб кунад, дар ҳоле, медонист ин кор шумори довталабони макотиби олиро ба маротиб камтар мекунад ва дар ҳоле, ки Маркази миллии тестӣ яке аз бизнесҳои сердаромади Оила аст ва худи фасод дар донишгоҳҳо ба Оила миллионҳо доллар даромад меорад?

Албатта фасод дар Вазорати дифоъ, облава ва садҳо миллион долларе, ки дар ин соҳа гардиш мехӯрад ҳам ба Оила даромадҳои ҳангуфте меорад, аммо бинобар байни аъзои Оила тақсим будани соҳаҳо, камтар воқеъ мешуд, ки ба хотири як бизнес бизнеси дигарашонро хароб кунанд. Аз тарафи дигар ин кор боиси низоъ дар Оила мегардид.   

Дар ҳар мавсими даъват аз 3,5 то 4 ҳазор сарбоз ҷалб мешаванд. Шумори ҷавонони синни даъват, яъне аз 18 то 28 сола ҳудуди 700 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Аз ин шумор ҳудуди 70-80 ҳазор нафари онҳо хилмат кардаанд ва ҳудуди 200 ҳазори дигар донишҷӯ. Агар 50-60 ҳазор нафар ғайри қобили хидмат бошанд (маъюбон, писарони танҳо ва ғайра, боқӣ мемонад на кам аз 350 000 нафар. Аз ин шумор ҳудуди 100 ҳазор нафарашон синнашон аз 25 болост, ки имкон дорад 2 фарзандӣ дошта бошанд. Боқӣ мемонад 250 000. Яъне ҳамагӣ будани 1,5%-и ин шумор дар кишвар кофист, ки нақшаи даъват иҷро шавад. 

Ё аз нигоҳи дигар, байни ҷавонон 1,5% пайдо намешаванд, ки хоҳиши хидмат дар аскариро дошта бошанд. Ин воқеъан як адади хеле такондиҳанда аст, ки кайҳо рӯяш бояд бонги хатар зада мешуд. Кӣ ё чӣ сабаб шудааст, ки ҳатто 1,5 дарсади ҷавонон хоҳиши ҳифзи ватан ё карйераи низомиро надошта бошанд? 

Аслан имкон надорад, ки 1,5 дарсади ҷавонон дар кишвар ҳузур надошта бошанд, то нақшаи даъвати мавсимӣ иҷро шавад. Пас чаро боз ҳам ба донишҷӯён часпидаанд ва системаи бе ин ҳам хароби маорифро харобтар мекунанд?

Масъалаи асосӣ инҷо бизнеси бузург бо гардиши садҳо миллион доллар аст, ки ҳазорҳо мансабдор аз он даромад мегиранд. Сар аз кормандони комиссариати ҳарбӣ то додситонҳову, амниятиҳову пулису мақомоти иҷроия ва ҳатто табибон. Аз поён ба боло. Аз корманди оддии комиссариати ҳарбӣ, ки ба “облава” машғул аст, то вазири дифоъ. Аз корманди қатории ВКД, ки “облава”-ро ҳамроҳӣ мекунад, то вазири дохила. Аз корманди ҷамоъат, ки даъватномаро ба хонаи даъватшаванда мебарад, то раисҷумҳур. 

Ин як “бизнес”-и хубу ҳаешагии артиши мансабдорон аст, ки ҳар сол ду бор бидуни истисно даромад меоварад ва хонаву, мошину дачаву тӯйу маъракаи ҳазорон мансабдорро “обод” мекунад. Агар ҳамаи ҷавонони дар кишвар ҳузурдошта ба артиш бурда шаванд, ё ба хидмати иловагӣ ҷалб шаванд, ин артиши бузурги мансабдорон аз як даромади калон маҳрум мешавад. Бинобар ин 70-80 дарсади ҷавонон на ба артиш, балки ҳамагӣ то комиссариати ҳарбӣ ё шӯъбаҳои пулису амнияту додситонӣ ҷалб мешаванд. Аз онҷо ё бо пардохти ришваи бештар хизматро “адо” мекунанд ва ё бо пардохти ришваи камтар онро ба таъхир мегузоранд.

Аз ин ҷост, ки барои ҳеҷ кадоми ин мансабдорон манфиатдори таҳаққуқ ёфтани қонуни нав дар бораи хидмати алтернативӣ нест ва он бо кундӣ пеш меравад. 

Ҳадафҳои асосии қабули қонуни нав кам кардани сатҳи фасод дар Вазорати дифоъ ва аз байн бурдани “сарбозшикор” гуфта мешуд, аммо имсол ҳам “облава” идома кард ва аз солҳои қаблӣ камтар набуд. 

Волидону наздикони ҷавонони “облава”-шуда барои наҷоти онҳо аз 400 то 2000 доллар ришва мепардозанд. Барои “облава” нашудан аз 200 то 1000 доллар. Ҳаҷми ин “бизнес” бисёр бузург аст ва дар он садҳо миллион доллар “гардиш” мехӯрад.  

Қисме бузурге аз ҷавонон баробари хатми мактаб ё донишгоҳ барои наафтодан ба дасти “шикорчиён”-и Вазорати дифоъ роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд. Аммо имсол на танҳо донишҷӯён аз имтиёзи даъват ба артиш маҳрум шуданд, балки маълум мешавад дигар фирор дар мавсими даъват ба артиш фоида надорад. Баробари баргаштан аз муҳоҷират, ҷавони синни даъват метавонад билофосила ба комиссариат бозхонд ва ё ҳатто “облава” шавад. 

Дар “бизнес”-и “сарбозшикор” як гурӯҳи муташаккили бисёр қавии ҷиноӣ шакл гирифтааст, ки метавонад ба қарорҳои ҳукумат низ таъсир расонад. Аз ҷумла ҳамин лимит мондан ба даъвати алтернативӣ ва берун овардани даъват ба артиш аз шакли мавсимиву ҳамешагӣ кардани он, бо эҳтимоли зиёд аз ҳамин таъсири ин гурӯҳи ҷиноӣ ба ҳукумат реша мегирад.

Шарокати аксари мансабдорон дар ин бизнес аст, ки ҳеҷ нафар аз “шикорчиён”-и сарбозон бо вуҷуди қонуншиканиҳои зиёде, аз ҷумла вуруди ғайриқонунӣ ба хонаҳои мардум, латукӯби ҷавонону волидонашон, ки гоҳе ба марг ҳам меанҷомад, ҷазо намегирад. 

Ҳоло даъватро ҳамешагӣ кардаанд. Солҳои охир шумори ҷавонони синни даъват, ки 

ба ҳиҷрат мераванд, даромади ин бизнесро камтар кардааст. Аммо ҳамешагӣ шудани даъват ҳаҷми ин бизнесро бамаротиб боло мебарад, чун агар  қаблан на камтар аз 70 дарсади ҷавонон дар мавсими даъват роҳ сӯи муҳоҷират мегирифтанд, ҳоло ҳеҷ ҷавони синни даъват аз “облава” ва пардохти ришва ба ин гурӯҳи ҷиноӣ маоф нест. Яъне муддати даҳ сол, аз 18 то 27-солагӣ ҳар гоҳ пояш ба Тоҷикистон расид, бо эҳтимоли зиёд “облава” мешавад. 

Ин аст, ки ин гурӯҳи бузурги муташаккили ҷиноӣ, ки дар садраш ҳатман як ё ду нафар аз Оила ҳам ҳузур доранд, муваффақ шуд ҷалби донишҷӯён ба артишро ҳам қонунӣ созад. 

Аммо тарафи дигари масъала ин аст, ки ин тасмим метавонад шумори бузурги ҷавонони кишварро маҷбур ба ҳиҷрати ҳамешагӣ ё ҳади ақал даҳсола созад, шумори донишҷӯён, ҳади ақал донишҷӯёни мардро дар кишвар бошиддат поин барад, ки авоқиби бисёр баде ба ояндаи кишвар хоҳад дошт. 

Авоқиби он мавзӯъи баҳси дигар аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *