Рубрики Хабарҳо

Моҷарои нав дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон аз моҷаро дар марз бо Тоҷикистон ва тирпаронии сарҳадбонҳои қирғиз хабар дод

Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ дод, ки баъди зуҳри 25 октябр, тақрибан соати 16:45, шаҳрвандони Тоҷикистон дар маҳаллаи Уч-Добои ноҳияи Бодканд лӯлаи об гузаронданӣ буданд, хабар додааст Sputnik Қирғизистон.

Манбаъ афзуд, ки ба ҷои ҳодиса ҳайати марзбонҳои қирғиз ҳозир шуда, аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостаанд, ки корҳоро дар қисмати аломатгузоринашудаи марз қатъ кунанд.

Аммо сокинони деҳаи Хоҷа Аълои Тоҷикистон мегӯянд, ба иваз кардани лӯлаи куҳна бо нав дар назди хонаи омӯзгори маҳаллӣ машғул буданд, ки марзбонҳои қирғиз омада ба тирпаронӣ оғоз карданд. Дар навори нашркардаи корбарон, марзбонҳои қирғиз дар ҳоле тирпаронӣ мекунанд, ки марде дар хитоб ба онҳо мегӯяд, он ҷо сокинони мулкиянд.

Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара низ моҷарои 25 октябр ва тирпаронии марзбонҳои қирғизро иғво хонда, афзудааст, ки сокинони Хоҷаи Аъло ба иваз кардани лӯлаи куҳна ба нав машғул буданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *