Рубрики Хабарҳо

Ҷамъоварии наздики 900 ҳазор тон ғалла

Дар Тоҷикистон то 1 сентябри соли ҷорӣ беш аз 896 ҳазору 200 тонна ғалла ҷамъоварӣ шудаст.

Ба иттилои дафтари матбуотии вазорати кишоварзии Тоҷикистон, то 16 сентябри соли ҷорӣ дар кишвар дар маҷмӯъ 896 ҳазору 241 тонна ғалла ҷамъоварӣ шудааст.

Аз ҳаҷми зикршуда 714 ҳазору 546 тонна ғалларо гандум ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати кишоварзӣ аз ҳаҷми ҳосили картошка, ки имсол дар майдони 32 ҳазору 158 гектар кишт шуда, аз майдони 22 ҳазору 169 гектар то 1 октябри соли равон 476 ҳазору 98 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст.

Коршиносон ба оморҳои мақомоти Тоҷикистон бо шубҳа менигаранд, чун борҳо собит шуда, ки оморҳо аз ҳад зиёд, ҳатто чандбаробарӣ нишон дода мешаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *