Рубрики Хабарҳо

Мурофиаи Саидаминӣ ҳам паси дарҳои баста гузашт

Мурофиаи додгоҳии Завқибек Саидаминӣ, яке аз чоргонаи рӯзноманигорони боздоштшуда, пас аз зӯҳри 11 октябр паси дарҳои баста баргузор шудааст. Пайвандонаш гуфтаанд, мурофиа бояд дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мегузашт, аммо ба сабаби барои онҳо номаълум дар Боздошгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) баргузор шуд. 

Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ бо истинод ба наздикони Саидаминӣ, ба онҳо иҷозаи вуруд надодаанд. Ба сабаби пӯшида будани мурофиа, ҷузъиёт дастрас нест.

Яке аз пайвандони Завқибек Саидаминӣ гуфтааст, «номи Завқибекро дар рӯйхати парвандаҳое навишта буданд, ки дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ мешаванд. Ба мо гуфтанд, ки дар СИЗО мегузарад, на дар Суд. Ҳеч касро иҷозаи даромадан надоданд.»

Ин дар ҳолест, ки ҳафтае пеш Ҳабиса Ятимова, модари Саидаминӣ гуфта буд, се моҳ боз ӯро надидаанд ва намедонанд, дар чӣ шароит бар сар мебарад.

Дар мурофиаи нахустини Саидаминӣ танҳо вакили мудофеи рӯзноманигор ширкат карда, тарафҳо бо парванда шинос шудаанд. «Дар мурофиаҳои баъдӣ чаҳор шоҳид даъват мешаванд. Яке аз онҳо дӯсти Завқибек Саидаминӣ аст, ки ҳамроҳ ба бозпурсӣ даъват ва боздошт шуда буд. Се нафари дигар кормандони як идораи давлатӣ ҳастанд», — гуфтааст як манбаъи расона.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *