Хабаргузориҳои “Озодӣ” ва “Ахбор” ҳар як изҳороти ахири “Ховар”-ро дар сайтҳои хеш гузориш доданд, аммо ҳар як ба навҳаи худ.
Суоли матраҳ ин аст, ки кадом яке аз гузоришҳои ин ду хабаргузорӣ ба риояи меъёрҳои касбӣ наздиктар аст ва кадоме дур, бахусус дар овардани нуқтаи назари тарафи муқобил, ки мавриди интиқод қарор гирифтааст.
Унвони матлаби “Ахбор” (Изҳороти расмии “Ховар” дар бораи ҲНИТ) аз нигоҳи бетарафӣ муносибтар аст, дар ҳоле ки унвони матлаби “Озодӣ” ин аст: («Ховар»: Сохтори зиддитеррористии СҲШ ҳизби наҳзатро «созмони террористӣ» эълон кард) бо риояи дар нохунак гирифтани “созмони террористӣ.
Ба вижа, дар қазияҳое ки мавриди хилоф асту то ҳол тасдиқи худро наёфтааст ва як тараф мехоҳад бо ҳар навъе бошад тарафи рақибро зарба занад, унвони интихобкардаи “Ахбор” мувофиқтар ва муносибтар ба назар мерасад.
Сипас, ҳар ду хабаргузорӣ дар мавриди иддаоҳои “Ховар” ва изҳори беиттилоии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва ёфт нашудани чунин хабар дар сайти он навиштанд. Баъд аз он, ҳар ду хабаргузорӣ нуқтаи назар ва мавзеъи тарафи муқобил, яъне ҲНИТ, ки хабар дар мавриди он мечархад, меоранд, вале инҷо фарқ байни “Озодӣ” ва “Ахбор” дар риояи меъёрҳои журналистӣ ва касбӣ ошкор мешавад.
Радиои “Озодӣ” бо овардани ин ҷумла иктифо мекунад: “Ҷонибдорони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин хабарро «ҷаълӣ» дониста, ба он бо назари шубҳа менигаранд.”
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулини ҲНИТ, баёнияи расмии Маркази матбуотии ҳизб дар мавриди хабари аввали “Ховар” дар ин замина ба имейлҳои РО дар Душанбе ва Прага ва ҳамчунин дар “Сафҳаи гузориши хонандагон” фиристода шудааст. Ҳамчунин, раддияи Маркази матбуотии ҲНИТ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоб ёфта буд.
Аммо “Ахбор” бо ишора ба ин ки “Ховар” хабари аввалро аз сайти “Ҳамсинф” бознашр кардааст, навишт: “Намояндагони ҲНИТ дар як раддия изҳороти расмии «Ховар”-ро «дурӯғи болохонадор”-и як хабаргузории расмии ҳукумати Тоҷикистон номида, гуфтаанд, дар ин изҳорот ягон далеле оварда нашудааст, ки даъвои «Ховар” дар мавриди аз ҷониби Созмони Шанхай ташкилоти террористӣ эътироф шудани ҲНИТ-ро собит кунад.
Бино ба ин раддия, на изҳороти Мукашев ва на исми Кабирӣ дар рӯйхати Интерпол далели аз ҷониби як ниҳоди Созмони Шанхай ташкилоти террористӣ шинохта шудани ҲНИТ шуда наметавонанд.”
Пас, худ қазоват кунед, ки кадом яке аз ин ду хабаргузориҳо бештар ба арзишҳои касбӣ ва ҳирфаӣ арҷ гузоштанд: “Ахбор” ё “Озодӣ”?