11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Дар Бохтар ташхисгоҳи вирусологӣ боз шуд

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолият шурӯъ кард, ки он имкон дорад дар як шабонарӯз 150-200 таҳлил анҷом диҳад.

Нурулло Бояков, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон дар ин бора ба нашрияи Фараж хабар дода гуфтааст, ки ташхисгоҳи мазкур бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 таъсис дода шуда, имкони дар як шабонарӯз гузаронидани 150-200 таҳлилро дорад.

Ба гуфти Бояков хизматрасонии ташхисгоҳ ройгон роҳандозӣ хоҳад шуд.

Ташхисгоҳ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар назди ташхисгоҳи амалкунандаи Марказӣ ба кор оғоз кард.

Бояд қайд кард, ки чунин як ташхисгоҳи вирусологӣ барои муайянсозии бемории COVID-19 дар шаҳри Кӯлоб низ ба кор шурӯъ кард ва акнун дар ҳудуди вилояти Хатлон анҷом додани ҳамаи таҳлилҳо имконпазир гардид. Қаблан намунаи таҳлили гумонбарони бемории COVID-19 барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *