Ҷоми ҷаҳон-2018: Дастаи мунтахаби футболи Ӯзбекистон аз зинаи дуюм ба сеюм фаромад
Дирӯз дар Кореяи ҷанубӣ даври 5-уми бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 баргузор гардид. Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар гурӯҳи «А» дар мизбонии дастаи мунтахаби Кореяи ҷанубӣ бо натиҷаи 2:1 мағлуб гардид.
Сараввал футболбозони ӯзбек баъди голи Марат Бикмаев дар дақиқаи 25-ум ба сафи пеш баромаданд. Аммо бо дастгирии беш аз 30 000 мухлис дар нимаи дуввуми бозӣ соҳибони майдон-футболбозони Кореяи ҷанубӣ бо голҳои задаи Нам Таини (67) ва Ко Йо Чол (86) ба ғалабаи ниҳоят муҳим комёб гардиданд.
Баъди ин бохт дастаи мунтахаби Ӯзбекистон аз зинаи дуюм ба сеюм фаромад.
Дар ин рӯз дар гурӯҳи «А» бозии дастаҳои мунтахаби Чин бо Қатар ва Сурия бо Эрон бо натиҷаи якхелаи 0:0 анҷом ёфтанд.