Рубрики Хабарҳо

Картошкаву сабзии пӯсида ва хиҷолати табиб аз гов. Ё “кӯмак”-и пур аз таҳқири “пешво”

Охирин сӯистифодаи ҳукумати Тоҷикистон аз мақом ва “хайрхоҳу” “мардумдӯст” ҷилва додани Эмомалӣ Раҳмон бо рекломи корвони мошинҳои “кӯмакҳои башардӯстонаи пешво” ҳам ба фиаско рӯбарӯ шуд. Қаблан агар номи “кӯмаки башардӯстона” гузоштан ба онро коршиносону огоҳон ва расонаҳо таҳқир унвон мекарданд, ҳоло онҳое, ки кӯмак дарёфт кардаанд, худро таҳқиршуда мебинанд. 

Аслан корношоямии имиҷмейкерҳои Эмомалӣ Раҳмон ва тими иттилоъотиаш кайҳо собит шудааст, вале агар то имрӯз хидматҳои хирсонаи онҳо танҳо дар расонаҳои озод ё мухолиф ва гурӯҳҳои муайяне ифшо ва баррасӣ мешуд, ҳоло саросарӣ шуда, дар кулли кишвар ба баҳс гирифта шудааст. Танҳо акси гузоштаи як табиб аз ин “кӯмаки башардӯстонаи пешво” дар чанд соат беш аз шаст бор бознашр шуда беш аз ҳазор шарҳ гирифтааст. 

Кароматуллои Норзод бо нашри ин акс : Ин ёрдам аз тарафи МИҲД вилояти Суғд аст ба нафароне, ки имрӯз фарзандони 1,5 солаи худро дар хона монда барои мардум аз соати 22 то 06 субҳ кор карда истодаанд, дар беморхонаи килиникави вилояти Суғд. Шумо донед, ки ин нафарон ба ин гуна кӯмаки шумо ниёз надоранд ва мӯҳтоҷ ҳам нестанд. Шумо мазоқ мекунед 1,5 литр равғану сабзиҳои пӯсидагии худатон кати? Тамоман лозим нест кӯмакатон ва ин гуна мазоқҳоятон.

Як табиб аз ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон навиштааст:

Дар ноҳияи Дустӣ гумпомош оварданд, 4 Камаз, 2 то хӯрока ва 2 то доруворӣ.  Раиси нохия Нурмухамад Саидзода ба тақсимкунӯ шурӯъ кард ба духтурони калон 5-10 килоӣ орд, равған, биринҷ, пиёз, картошка, сабзӣ доданд. Картошка, пиёз, сабзӣ ҳамааш пӯсидагӣ. Ба хоҳарони шафқат 5 кило орд, 1,5 литр равған ва 3 килогӣ сабзӣ, пиёз, картошкаи пӯсидагӣ. Бар замми маоши як рӯзи кориашонро хат заданд. 

Саидзода 2 Камази кӯмаки дорувориро ба домодаш, ки 2 дорухонаи калон дар ноҳия дорад дод. Бовар кунед, беморхонаро бӯи картошкаю пиёзи пӯсидагӣ гирифт. Дигар ба касе кӯмак накарданд. Ба мо супорш додаанд, ки беморонро дар беморхона бе фармони махсус қабул накунем, мегӯянд, ки дар хона муолича кунед. Намедонем чӣ кор кунем ва додамонро ба кӣ гӯем”.

Дар баъзе ноҳияҳо ҳимматашон баландтар будааст. Масалан дар Кӯшониён (собиқ Бохтар) ба ҳар табиб 10 килогӣ орд, 5 килогӣ биринҷ, 5 литрӣ равған, 2 килои шакар ва як-ду донагӣ либосҳои муҳофизатӣ тақсим кардаанд. 

Бештарин кӯмакҳо, аз он чӣ ба мо хабар доданд, дар дармонгоҳи рақами 1-и шаҳри Кӯлоб тақсим карда шудааст: ба ҳар табиб 25 килогӣ орд, 5 литрӣ равған ва 5 килогӣ биринҷ, макарон, сабзӣ, пиёз ва картошка. Албатта пӯсидагӣ. Танҳо суоле, ки баъди хондани ин номаҳои ба Паём расида пайдо мешавад ин аст, ки ин қадар сабзавоти пӯсидаро мақомот аз куҷо пайдо кардаанд?

Ҳоло ҳамин кӯмаки дарёфткардаи табибони Кӯлобро, ки аз ҳама зиёд гирифтаанд, агар ба пул баргардонем, ҳудуди 300 сомонӣ мешавад. Он ҳам агар сабзавоти пӯсидаро бо нархи сабзавоти тозаи бозор ҳисоб карда шавад. 300 сомонӣ “ёрии башардӯстонаи пешво” ба як табиб, ки ҷонашро ба хатар монда шабонарӯзӣ дар хидмат аст. 28 доллар! Табибони ноҳияи дигар аз “пешвои муаззами миллат” 10-15 долларӣ кӯмак гирифтаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки табобати нафаре, ки ба коруно гирифтор шудааст, тибқи рӯзноманигор Зебо Тоҷибоева ҳудуди 500 доллар тамом мешавад!

Намешавад гуфт, ки дар Кӯлоб кӯмакҳоро одилона тақсим карданд. Манбаъе, ки аз тақсимот дар дармонгоҳи рақами 1-и Кӯлоб хабар дод менависад:

Барои поликлиника доруворӣ омадааст, аммо сардухтур ба касе доруҳои нархаш аз 10 сомон болоро намедихад. Дар ҳолати бемор шудани коргарони ин беморхона аз ҷумлаи табибону хоҳарони шафқат, аз доруҳои таъиншуда танҳо нархаш аз 10 сомон поёнашро дода мегӯяд, ки дигарашро надорем, аз аптека гиред. Аптека бошад аз худаш аст.  

Хулоса, “кӯмаки башардӯстонаи пешво”, ки расонаҳои давлатӣ бо васфи он гӯши мардумро кар кардаанд, бо ҳамин тамом мешавад. Максимум 300 сомонӣ ё 28 доллар барои як табиб. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон табибоне, ки бо COVID-19 мубориза мебаранд, ҳам моҳ 1500 доллар моҳона (на кӯмак) мегиранд ва дар сурати гирифтор шудан ба коруно моҳонаашон 2500 доллар мешавад. 

Ин ҳам қисмати охири номае, ки аз як табиби дигар дар шаҳри Кӯлоб ба мо расид:

Ман гуфтам, ки кӯмакро намегирам. Сардухтур бо ронандааш ба хона фиристода гуфтааст, ки агар нагирам калонҳо хафа мешаванд. Орду (10 кило) биринҷу (5 кило) равғанро (3 литр) ба ҳамсоя додем. Сабзиву пиёзу картошкаро бурда ба охури гов рехтаму гуфтам: ин кӯмаки певшои тоҷикон ба ту. Рости гап ба ҷои пешво аз говам хиҷолат кашидам.

Ин як номаи тӯлонӣ буд, мо танҳо қисмати охирашро нашр кардем. Аз нашри қисмати аввалаш хиҷолат кашидем. Аз халқи ҷаҳон. Ба ҷои «Пешво».

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *