Рубрики Хабарҳо

Аҳкоми хариди хона бо ипотека

Чӣ тавре ки дар барномаҳои қабли зикр карда будем, яке аз системаҳои қарздиҳии машҳур дар солҳои охир, қарзҳои кридитӣ аст. Шахсони ба маблағи ниёз дошта ба ивази яке аз дороиҳои худ, ки ҳамчун гарав ба дасти бонк медиҳанд, аз бонк қарзҳои бофоиз мегиранд. Фоизи кридит бошад, ба ҳар як бонк нигоҳ карда, миқдори муайян дорад.

Солҳои охир дар Русия муомилоти ҷадиди бонкӣ оғоз шудааст, ки бо номи Ипотека машҳур аст.

Агар дақиқ нигоҳ кунем, ипотека ҳамон қарзҳои кридитӣ аст. Аз бонк гирифта мешавад, сипас бо фоиз ба бонк баргардонида мешавад, вале ипотекаро бо номи кридит намегиранд, зеро аз чанд ҷиҳат ипотека аз кредит фарқ дорад:

  1. Хусусияти аввали ипотека ин аст, ки қарзи ипотекӣ танҳо барои ҷои зист гирифта мешавад, барои хариди бино ва ё замини мухсус. Ҳар нафаре, ки барои хариди хона, ҳавлӣ, замин ва ё ҳар ҷои истиқомативу ҷои кори ба пул ниёз дошта бошад, аз бонк қарз мегирад ва ҳамчун гарав ҳамон манзили мехаридаашро ба бонк медиҳад. Сипас то ба пуррагӣ баргардонидани қарзи гирифтааш, он қитъаи замин дар гарави бонк боқӣ мемонад. 
  1. Қарзҳои кридитиро барои ҳар эҳтиёҷоте мегиранд, аммо қарзҳое, ки бо номи ипотека гирифта мешавад, танҳо барои хариди замину хона аст.
  1. Одатан қарзҳои кридитӣ барои муддатҳои кам дода мешавад, зиёд давом накарда ба бонк баргардонида мешавад, аз як то панҷ сол, аммо ипотека то си сол давом мекунад.

Агар ба ҳукми ипотека аз рӯи шариат нигоҳ кунем, ипотека ҳамон қарзҳои рибавӣ аст, гирифтани қарзҳои рибавӣ ҳаром мебошад. 

Вале мавриди назари мо масъалаи дигар аст.

Чӣ тавре ки ҳамагон медонем, аксари сокинони кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия ҳастанд. Пас аз сарсониву даводав аксарияти оилаҳо шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд. Дар соли 2018 дар Русия қонуне ба иҷро даромад, ки мувофиқи он ҳар як оилаи се ва ё зиёда фарзанд дошта, имтиёз доранд барои хариди ҷои зист то 450 ҳазор кӯмак гиранд. Аммо кӯмаке, ки барои манзил ҳукумат медиҳад, даст ба даст нест. Балки бо воситаи бонк.

Мувофиқи қонуни ҷадид аз 25 сентябри соли 2019 шурӯъ карда, ҳар оилае, ки зиёда аз се кӯдак доранд, агар барои хариди манзили зист аз бонк қарз гирифта бошад, яъне ипотека дошта бошад, ҳукумат масъул аст, 450 ҳазори он қарзро садод кунад.

Ҳар оилае, ки сето ва ё зиёда кӯдак дошта бошанд, барои хариди манзил аз бонк қарз мегиранд, сипас санади он қарзи гирифтаашонро ба ҳукумат пешкаш мекунанд, ҳукумат бошад 450 ҳазори онро ба бонк медиҳад. Ҳамин тавр соҳиби 450 ҳазор кӯмаки ҳукумат мегарданд.

Ин ҷо кӯмаки ҳукумат танҳо барои пардохти қарзи оилаи бисёрфарзанд мебошад. Оилае, ки барои хариди ҷои зист аз бонк бо номи ипотека қарзи рибавӣ гирифта буд, ҳукумат 450 ҳазори он қарзро ба бонк бармегардонад.

Вале, агар қарзи барои ҷои истиқомат гирифта шуда аз 450 ҳазор зиёд бошад, ҳукумат масъули танҳо 450 ҳазори он мебошад, бақияашро бояд худи оилаи қарзгирифта пардохт кунад.

Ин ҷо аксари бародару хоҳароне, ки дар Русия зиндагӣ доранд, савол медиҳанд, ки оё барои гирифтани он кӯмаки 450 ҳазора ҷоиз аст, аз бонк қарз гирифт, ипотека гирифт.

Инҷо оила меравад аз бонк барои хариди хона қарз мегирад, албатта қарзи бо фоизи рибавӣ ба ҳуҷҷатҳо имзо мекунад, сипас мувофиқи он ҳуҷҷатҳои имзо кардааш, ҳукумат 450 ҳазор қарзи ин оиларо ба бонк медиҳад,  шариат ба ин масъала чӣ мегӯяд?

.

Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан, саволро ба доктори фиқҳи муқоран, мудири Факултаи фиқҳ ва фиқҳи муосири донишгоҳи Азҳари Миср, устод Ҳусни Фатҳӣ медиҳем:

Муслима Аҳмадӣ: Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳ. Доктор дар мавриди ипотека назари шариат чист? Ин ҷо оилаҳои бисёрфарзанд аз бонк барои хариди хона қарзи рибавӣ мегиранд, он маблағро ба даст мегиранд, сипас ҳукумат он маблағи гирифтаи оилаҳоро ба бонк бармегардонад. Ипотека махсуси хариди манзил аст. Ин ҷо қарзгирӣ байни оила ва бонк шурӯъ мешавад, аммо пардохти қарз бар ҳукумат аст. Шариат ба ин намуд муомила чӣ мегӯяд?

Доктор: Ва алейкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ, то ҷое, ки ман аз саволи шумо фаҳмидам. Ҳукумат барои ёрии оилаҳои бисёрфарзанд дар муҳайё кардани ҷои зист иқдом кардааст. Оилаҳое, ки сето ва ё зиёд фарзанд доранд, метавонанд бо ёрии ҳукумат соҳиби замин ва ё хона гарданд. Аммо кӯмаки ҳукумат ба воситаи бонк аст. Мехоҳам ба шумо расонам, ки Ҳукумат вақте хост ба шаҳрвандонаш барои ҷои зист кӯмак кунад ва он кӯмак ба воситаи бонкҳо ба шаҳрвандон расад, ин ҷо ҳеҷ ишколе вуҷуд надорад, модоме, ки пардохти он қарзҳо байни ҳукумат ва бонк иҷро мешавад. Ин ҷо оилаи серфарзанд дошта, аз он манзили зист  истифода мебарад, ин ҷо  ягон ишкол ва мамнӯияти шаръӣ вуҷуд надорад. Зеро баъзе уламои фиқҳ мегӯянд ҳар муомилае, ки байни давлат ва шаҳрвандон иҷро мешавад дар он рибо ҷорӣ нест.

Чизи дигаре, ки диққати маро ҷалб кард, ин ки ҳукумат кӯмаки худро хоси хариди ҷои зист ва ё замин кардааст, ин шарти эҳтиётии ҳукумат аст, то ки маблағ барои хариди маскан, хона, ҳавли ва ё боғ сарф шавад, албатта ин ҳаққи давлат аст.

Ин ҷо вақте давлат қарзи гирифташударо бармегардонад, он қарз бо фоиз баргардонида мешавад ё бидуни фоиз ҷоиз аст. Зеро шаҳрванд дар пардохти қарз шарик нест, ин ҷо байни бонк ва ҳукумат муомилот аст ва ин аз назари шариат ҷоиз аст. Барои он ки фуқаҳои мазҳаби Ҳанафӣ мегуянд, ҳар он муомилаҳое, ки байни ҳукумат ва шаҳрвандон ҷорӣ аст, дар он рибо нест, махсусан вақте амр ба заруриётҳои мардум мутааллиқ бошад, мисли хӯроквориву либосу ҷои зист, ки давлат барои шаҳрвандонаш мерасонад ва кӯмаки давлат шуморида мешавад, ин кӯмак, хоҳ бо воситаи бонк бошад, хоҳ бо воситаи ниҳодҳои дигари давлатӣ дар он  ягон монеъи шаръӣ вуҷуд надорад, модоме, ки шаҳрванд бо пардохти он қарз робита надорад, ӯ фақат маблағро аз бонк мегирад. Бақияи пардохти қарз байни бонк ва ҳукумат аст, ҳукумат он қарзро зиёд карда ва ё камтар карда пардохт мекунад, ин байни ҳукумат ва бонк аст. Дар ин муомила, гӯё ки шаҳрванд аз ҳукумат кӯмаки моли гирифта истодааст, на аз бонк қарзи рибавӣ. Ин буд валлоҳу таъло аъло ва аълам.

Ин ҷо пас аз пурсидан аз донишмандон ва мутолиаи мавзӯҳое, ки ба Ипотека робита доранд, банда ба хулосае расидам, ки ҳар қарзи ипотекие, ки ҳудуди 450 ҳазорро ташкил медиҳад, ҷоиз аст, зеро чӣ гунае ки доктор баён карданд, ин маблағ гӯё қарз неву ёрии ҳукумат аст, танҳо бо воситаи бонк ба дасти соҳибоаш мерасад. Аммо, агар аз 450 ҳазор зиёдтар бошад, ин ҷо шахси қарзгирифта масъули пардохти  бақияи маблағи гирифтааш мегардад ва дохили қарзи рибавӣ мегардад ва ҷоиз нест.

Муслимаи Аҳмадӣ

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *