Рубрики Хабарҳо

Изҳороти ИРТ: «Ба оламиён исбот мекунем, ки вазъ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?»

Ҷумбиши мардумии «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, бо пахши як изҳорот аз рабуда шудани роҳбари ин ҷумбиш Шарофиддин Гадоев, изҳори нигаронӣ кард.

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки Шарофиддин Гадоев ба хотири гуфтушунид бо масъулини баландпояи кишвари Русия ба Маскав сафар карда буд. Зимни ин сафараш ӯ ба мақомоти қудратии Тоҷикистон супурда шуд.  

Дар изҳорот омадааст: Садорати ҷунбиш огоҳ буд, ки Шарофиддин Гадоев бо таъсиси ҷунбиш масъулияти бузургеро ба дӯш гирифта, ҷиҳати фаъолияти пурсамари он ва ҷалби аъзои нав саъю талоши зиёд мекард. Ин аст, ки мулоқот бо намояндагони расмии умури муҳоҷирати Федератсиюи Русия ва фаъолони муҳоҷирати кории тоҷикон дар хоки ин кишвар, таъсиси намояндагии расмии ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро яке аз самтҳои фаъолияти худ қарор дода буд, ҳарчанд медонист, ки бо хатарҳои зиёде рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Шарофиддин Гадоев ду маротиба аз ҷараёни корҳои анҷом дода шуда, ба садорат гузориш додааст.

Тибқи изҳорот Шарофиддин Гадоев расман раводиди Русияро дар сафоратхонаи ин кишвар дар Шоҳигарии Нидерланд ба даст овардааст. Дипломатҳои Русия медонистанд, ки Шарофиддин Гадоев бо ҳамин ҳадаф равонаи он кишвар аст.

Дар фурудгоҳи шаҳри Маскав ӯро масъули бақайдгирии намояндагии ҷунбиш дар Русия, ҳуқуқшинос Николай Николаев, шаҳрванди Русия пешвоз гирифт. Баъди нопадид шудани Шарофиддин Гадоев ва зухур намудани ӯ дар Душанбе, ҳуқуқдон Николай Николаев низ дигар ба зангҳои телефонии намояндагони ҷунбиш посух надод. Дигар сохторҳои масъули Русия низ нисбати ин қазия то ҳол хомӯширо ихтиёр кардаанд. Ба суоли асосии хонаводаи Шарофиддин Гадоев ва садорати ҷунбиш, ки чӣ тавр Шарофиддин Гадоев ба таври ногаҳонӣ дар пойтахти Точикистон пайдо шуд, низ ҷавобе нест. Аз ин рӯ, садорат ва аъзои ҷунбиш аз Вазорати умури хориҷа, Вазорати умури дохила ва Хадамоти марзбонии Русия дархост менамояд, ки расман ходисаи мазкурро шарҳ диҳанд.

Дар изҳорот аъзо ва тарафдорони ҷумбиши  «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” аз созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ, созмонҳои ҳуқуқи Русия ва Тоҷикистон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват намудаанд, ки нисбати ин қазия, рабудаву поймол шудани инсон бетараф набошанд.

Қайд шудааст, ки “Ин ҳодиса ягона нест ва то ҳол ҳодисаи одамрабоӣ дар Русия борҳо ошкор шудаву Русия бо ин амали худ Конвенсияи ҳуқуқи инсон ва дигар созишномаҳои байналмилалиро пушти по задааст”.

Ҳамчунин дар изҳорот Садорати ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» аъзо ва тарафдоронашро даъват бкардааст, ки “аз ҳодисаи руйдода руҳафтода нашаванд. Мақсад ва ҳадафҳои ҷунбиш таҳкими сулҳу оромӣ дар кишвар, ислоҳоти пурра дар тамоми соҳот, аз байни бурдани фасод ва муҳайё кардани зиндагии шоиста барои ҳар як фард дар Тоҷикистон буд ва хоҳад монд”.

Садорати ҷумбиш таъкид бар ин кардаанд, ки  “бо рабуда шудани Шарофиддин Гадоев аз роҳи худ барнахоҳанд гашт ва шикаста нахоҳанд шуд.

“Ба оламиён исбот хоҳем кард, ки вазъ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст ва ин режими худкома чӣ ҳадаф ва ниятҳои нопоке дорад.” — омадааст дар изҳорот.  

Дар поёни изҳорот таъкид шудаст, ки барномаҳо ва кору пайкори Шарофиддин идома хоҳад ёфт.

Садорати ҷумбиш баён доштааст: “Мо, сафи ҷунбишро бештар хоҳем кард ва кору пайкори Шарофиддин Гадоевро ҷиҳати:

— эъмори кишвар аз тариқи василаҳои иҷтимои фарҳангӣ, ки бо такя ба озодии сухан, озодии ақида ва озодиҳои динӣ;

— пуштибонӣ ва таъмини муколамаи мустақим ва доимӣ байни ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

— ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандон, созмонҳо ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолияти муштарак ва доимӣ оид ба муайян кардани авлавиятҳои бисерҷонибаи рушди Тоҷикистон, идома медиҳем.

Ҳамчунин садорати ҷунбиш барои изҳори эътирози худ ва ҷалби таваҷҷуҳи оламиён ба моҷароҳои одамрабоии Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳамдастии мақомоти Русия, силсилаи намоишҳои эътирозиро дар пешорӯи сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва Русия дар кишварҳои урупоӣ ба роҳ хоҳад монд”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *