Мақомоти Тоҷикистон гуфтушунид бо Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҷалби сармоя барои идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғунро тасдиқ карданд. Муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода зимни нишастии хабарии имрӯзаи ин ниҳод дар Душанбе гуфт гуфтушунид бо ИА идома дорад.
Дар ҳамин ҳол Шоимзода гуфт шанӯз дар бораи ҳаҷми ин маблағи ҳарф задан барвақт аст, зеро гуфтушунид нашудааст.
Ба гуфтаи муовини аввали вазир зикр кард, ки дар қатори Иттиҳоди Аврупо бо дигар кишвару созмонҳои мададрасони молиявии дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ низ гуфтушунид ҷараён дорад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи коршиносон яке аз мушкилоти ҷалби маблағ ва сармоягузоро мушаххас набудани бозори фурӯши барқи неругоҳи Роғун мебошад.
Аммо муовини вазир мегӯяд Тоҷикистон бо Ӯзбекистону Қазоқистон дар бораи интиқоли барқ аз неругоҳи Роғун ёёдоштҳо ба имзо расонид, ки ба ҷалби маблағҳои мадарасонон дар ин самт таъсири мусбат хоҳад расонид.