Садамаи нақлиётӣ бо ширкати як корманди пулис дар 5 километрии роҳи Бохтар — Ҷалолиддини Румӣ 4 маҷрӯҳ боқӣ гузоштааст, ки вазъи се нафари онҳо вахим арзёбӣ мешавад.
Хонандаи Паём навореро фиристод, ки дар он дида мешавад як мошини навъи хэчбэки Опел дар пастие афтодааст. Рақами мошин дида намешавад.
Шоҳиди ҳодиса ба Паём гуфт, садама бо ширкати Аброр ном корманди пулис, ки қаблан ба ҳайси сарнозири минтақавии ноҳияи Вахш кор кардааст, рух дода. Ба гуфтаи чаҳор нафар аз сарнишинони Опеш маҷрӯҳ шудаанд: як нафарро дасташ шикаставу се нафари дигар бо вазъи вахим ба шӯъбаи эҳё интиқол шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, худи мошини Опел дар зоҳир зарбаи чандон сахте нахӯрдааст.
Манбаъ мегӯяд Аброри пулис савори мошини Мерседес навъи S буда, ҷароҳатҳои сабук бардоштааст.
Маълум нест садама бо айби кӣ рух додааст, аммо манбаъ мегӯяд ин корманди пулис даъво дошт, ки айби ронандаи Опел аст.