Рубрики Хабарҳо

Чаро мо аз ҳукумат сахт интиқод мекунем?

Суолҳои зиёде ба Паём тариқи паёмакрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва худи сойт ворид мешаванд. Қисмате аз онҳо хеле зиёд такрор мегарданд, бинобар ин имрӯз тасмим гирифтем ба бархе суолҳо ва пешниҳоду эътирозҳои хонандагони азизи Паём посух гӯем. 

Бештарин саволҳои воридшаванда дар ин масъала аст, ки чаро мо ин қадар сахт аз ҳукумат интиқод мекунем ва гоҳе аз чорчӯбаҳои журналистика ҳам хориҷ мешавем. Албатта ин гуна суолҳо бештар аз ҷониби тарафдорону ҳукумати Раҳмон ва асосан “Фабрикаи ҷавоб” мерасанд, аммо ҳастанд нафарони воқеъан бетараф ва гоҳи рӯзноманигорони хеле варзидаву касбӣ, ки аз мо суол мекунанд ва маслиҳатҳояшонро ҳам баъди суол дареғ намедоранд, ки қобили қадрдониву ташаккур аст. 

Замоне ки Паём дар ноябри соли 2015 ба саҳнаи матбуот омад, аслан ҳеҷ расонае вуҷуд надошт, ки ошкоро аз режими Раҳмон интиқод ва аз мухолифин дифоъ кунад. Фазои иттилоъотӣ тақрибан пурра зери тасаллути ҳукумат буд ва маълумоти алтернативӣ хеле кам пешниҳод мегашт. Албатта буданд расонаҳое мисли “Нигоҳ”, “Озодагон”, “Азия Плюс” ва ғайра, ки бархе аз маълумоти алтернативиро пешниҳод мекарданд, аммо хеле боэҳтиёт. Чун дар кишвар ва зери фишори ҳамешагии  мақомот қарор доштанд. Қобили таҳсин аст, ки ин расонаҳо бо вуҷуди фишору таъқибҳо мекӯшиданд то ҳади имкон маълумоти алтеративиро расонанд, аммо ҳамин имконашон хеле маҳдуд буд.

Мо инҷо амдан Радиои Озодиро зикр накардем, чун ин Радио мутаассифона дар як сол пеш комилан зери назари режим қарор дошт ва масъулинаш бо пули Амрико ба нафъи режими Раҳмон кор мекарданд. Хушбахтона баъди ивазшавии раҳбарияташ, ин расонаи маъруфу пурэътибор кам кам ба асли хеш баргаштан дорад. Вале бо вуҷуди ин, имкониятҳои ҳатто Радиои Озодӣ маҳуданд, ки ба ин масъала поёнтар бармегардем. 

Ин буд, ки мо аз аввал мавқеъи мухолифати шадид бо режими имрӯза ва дифоъ аз мухолифинро гирифтем. Чун он замон ҳеҷ расонае, таъкид мекунам, ҲЕҶ расонае дар фазои иттилоъотӣ аз мухолифин дифоъ намекард ва маълумот ҳамон буд, ки ҳукумат медод. Аксари вақт таҳрифшуда, дурӯғ ва тӯҳматҳои болохонадор алайҳи мухолифин. Инҷо мешавад ин суоли хонандагонро ҳам ба миён кашид, ки мепурсанд агар мо расонаи мустақилем, чаро аз мухолифин интиқод намекунем. Посух ҳам ин аст, ки замоне мо ба майдон омадем, садҳо расона аз мухолифин интиқод мекард ва ҳеҷ расонае набуд, ки ошкоро аз ҳукумат интиқод кунад. Ҳоло хушбахтона чанд расона рӯи кор омадаанд, Радиои Озодӣ ба асли хеш баргаштааст, блогерҳои зиёде пайдо шудаанд, ки дар расонидани маълумоти алтернативӣ хеле саҳм доранд. 

Вале ҳанӯз ҳам чанд сабаб вуҷуд дорад, ки мо дар мавқеъи мухолифати шадид биистем. Яке аз онҳо ин аст, ки масалан Радиои Озодӣ бо далелҳои сиёсиву дипломатӣ ва бо назардошти бехатарии хабарнигоронаш дар кишвар, наметавонад ҳамаи маълумотро нашр кунад. Азия Плюс, ки маълум — дар кишвар қарор дорад ва пайваста зери фишор. Ҳамчунин ин ду расона ва инчунин сойти маъруфу серхонандаи “Ахбор” ба як қоидаи тиллоии ҳуқуқӣ ва ҳамчунин журналистӣ пойбанданд, ки мегӯяд “то замоне, ки гуноҳи касе дар додгоҳ собит нашуд, ӯ гунаҳкор ҳисобида намешавад”.  Ин қоида воқеъан тиллоист, аммо дар кишварҳое, ки додгоҳ онҷо озод аст. Ба назари мо ин қоида дар Тоҷикистон 10 дарсад ҳам дархӯр нест. Барои мисол расонаҳое, ки ном бурдем, ба ҳеҷ ваҷҳ на Эмомалӣ Раҳмону хонаводааш, на масалан Нуриддин Саиду Бек Сабур ё Раҷаббой Аҳмадзодаву Баҳром Иноятзодаро дузд, роҳзан, қаллоб нахоҳанд гуфт. Чун ҳеҷ додгоҳе дуздиву ғоратгарии онҳоро собит накардааст. Ва дар гумон аст, ки то аз қудрат рафтанашон ҷуръат кунад. Аммо мо чаро ва бо кадом далел бояд ин қоидаро риоя кунем ва ин дуздҳоро дузд наномем, дар ҳоле, ки садҳо, ҳазорҳо далел аз дуздиҳои онҳо дар даст дорем? Дуруст аст, ки ҳар кор қоидаву қонуни худро дорад ва судури ҳукм ҳақи додгоҳ аст. Аммо вақте ин дуздон додгоҳро ҳам ба даст гирифтаанд ва ҳақи додгоҳро ғасб кардаанд, бо кадом далелу мантиқ мо бояд ба ин қоидаҳо пойбанд бошем? 

Суоли дигар ҳам ин аст, ки ҷаро мо корҳои хуби ҳукуматро намегӯем. Албатта мо мегӯем. Вале вақте ин режим байни садҳо дуздиву хиёнату ҷиноят як-ду кори хуб анҷом медиҳаду мо онро гуфтем, албатта байни хабарҳои дигар гум мешавад. Мо махсус хабарҳои хубро ҷустуҷӯ мекунем, то ҳади ақал хонандаи бечораро умедвор кунем, вале охир пайдо намешаванд. Як хабари хуб пайдо мекуниву онро ба хонанда мерасонӣ, аммо дертар маълум мешавад, ки ин як қаллобии дигар будааст. Мо садҳо бор ба ин гуна ҳаводис бархӯрдаем. Барои мисол ҳамин “кӯмакҳои башардӯстонаи пешво” ба минтақаҳои кишвар. Мо ҳам дар бораи он хабар додем. Албатта бе “пешвои муаззам”-у “асосагузори сулҳи ваҳдат” номидани раисҷумҳур ва “иқдоми башардӯстона” хондани ирсоли кӯмак. Вале чанд рӯз пас маълум шуд, ки мошинҳо холӣ будаанд. Пас айби мо чист вақте мебахшед (ин муроҷиъат ба пешводӯстдорон аст) “пешво”-и шумо ин қадар пастфитрат аст?

Ё чанд хабари аз хориҷа ба кишвар баргардонидани шаҳрвандон, ки мо ҳам дар ин бора хабар додем ва расонаҳои давлатӣ онро иқдоми дигари хайрхоҳонаи “пешво” муаррифӣ карданд. Имрӯз манбаъи мо хабар дод, ки ин иқдомҳо ба ин “пешво”- и дузд камтарин бастагие надоштаанд. Баръакс пайвандону пайравонаш аз ин “иқдом” пул даромад гирифтаанд.

Шарҳ медиҳем: мақомот ва ширкатҳои ҳавопаймоии Ҳинд, Аморот ва Туркия баъди номазаниву илтимосу хоҳишҳои зиёди сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва вазорати корҳои хориҷӣ розӣ шудаанд, шаҳрвандони Тоҷикистонро бепул, аз ҳисоби худашон ба ватанашон расонанд. Бале, бепул ва чун кӯмаки башардӯстона. Вале ин дуздҳо, ки ҳаргиз сер намешаванд, на танҳо ин иқдомро ба пешвояшон рабт доданд, балки ҳамин билетҳои бепулро ҳам аз 300 то 600 еврогӣ ба фурӯш задданд. 

Хуб хонандаи азиз, ҳоло бигӯ, ки мо чӣ гуна инро кори хуби ин режим номем ё ин “пешво”-и дуздро хайрхоҳ хонем? 

Суоли дигар ин аст, ки чаро мо айбҳои ҳамватанони худамонро ифшо мекунему кишварро дар ҷаҳон шарманда месозем. Албатта суол хеле содалавҳона аст, аммо ба ҳар ҳол посух мегӯем: Аввалан бояд аз инҳо пурсида шавад, ки чаро ҷиноят мекунанду кишварро шамранда месозанд. Барои мисол ҳамин раисҷумҳури дузд агар бинобар дуздиву беурзагиву гадогиаш пеши дигарон забонкӯтоҳ намебуду ЯК бор аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш, бахусус муҳоҷирин дифоъ мекард, тоҷик ин қадар хору зор набуд. Сониян дузду ғоратгару ҷинояткор бояд ҳамеша ошкор карда шуда ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Ва чун органҳое, ки вазифаашон ошкор кардану ба ҷавобгарӣ кашидан аст дар дасти ин дуздон қарор доранд мо ин корро хоҳем кард. 

Албатта мо қудрати ба ҷавобгарӣ кашиданро надорем, аммо ба ифшогарӣ идома хоҳем дод. Мутмаъинем, ки рӯзе фаро мерасад, ки худи миллат ин дуздони ҷинояткорро ба ҷавобгарӣ хоҳад кашид. 

Мо аз шумо, хонандагони азиз низ даъват мекунем, ки дар ин маърака саҳим бошед, то ҳарчӣ бештар ҷиноятҳои инҳо ифшо шавад.

Бархеҳо суол мегузоранд, ки аз ин ифшогариҳои мо чӣ фоидае, ки инҳо ба дуздиҳояшон идома медиҳанду парвои ин ифшогариҳо надоранд. Албатта ин даъво чандон асос надорад. Мо таъсири зиёди ин ифшогариҳоро дидаем, ки зикрашон матлабро ба дарозо мекашад, аммо як далели онро зикр мекунем: мо ҳади ақал чашми мардумро ба ин дуздону ғоратгарон боз мекунем, ки мувозиби кисаҳояшон бошанд.   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *