Номи сардори ОМОН Хуршед Муҳаммадзода чанд рӯз аст дар сархати расонаҳо қарор дорад. Ӯ дар Хоруғ ба сӯи чанд ҷавон бидуни ҳеҷ сабабе тир андохт ва ду нафарро маҷрӯҳ кард. Ва як хонуми сокини ин шаҳрро ба таҷовузи ҷинсӣ таҳдид кард. Ин кори ӯ боиси эътирози мардуми Хоруғ шуд ва онҳоро назди бинои ҳукумати ВМКБ ҷамъ овард.
Қаблан номи Муҳаммадзода як маротиба, беш аз се сол қабл ба расонаҳо роҳ ёфта буд. Танҳо ба ин хотир, ки ӯ ба ҷои Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирорӣ ва баъдан яке аз қумондонҳои маъруфи ДОИШ таъин гардид. То он замон ва баъди он ҳеҷ иттилоъе дар бораи ӯ расонаӣ нашудааст. Ҳарчанд бояд чанд маротиба мешуд.
Қумондони шикастхӯрда
6 сол қабл низ мақомоти Тоҷикистон ба Хоруғ артиш ворид карда буданд. Он замон кор ба хушунат кашида шуд, як ҷанги тамомайёр роҳ уфтод ва тибқи иттилоъи манобеъи гуногун аз 60 то беш аз 200 кушта ба ҷой гузошт. Воҳидҳои гуногуне, ки ҳукумат барои “нобуд кардани гурӯҳҳои ҷиноӣ” ворид карда буд, ба шикасти сангине аз гурӯҳҳои худдифоъии мардумӣ хӯрданд ва Хоруғро тарк карданд.
Гуфта мешавад аввалин ду гурӯҳе, ки вориди ҷанг шуд ва чандин кушта доду шармандавор фирор кард, гурӯҳи “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва боқимондаҳои нерӯҳои шибҳинизомии собиқ Фронти Халқӣ буданд. Ин ду воҳиди махсуси таълим ва ҷанг дида, ки бояд ҳирфаитар аз ҳар гурӯҳи дигар бошад, тибқи иттилоъи гуногун аз 14 то 53 қурбонӣ ва даҳҳо тани дигар захмӣ дод. Як шоҳиди ҳодиса нақл мекунад, сарбозони ин гурӯҳ, ки аввал бо шиддат ва бидуни ҳадаф ҳатто сӯи мардуми оддӣ тирпарронӣ карданд, баъди оғози тирпарронӣ аз ҷониби дигар, ҷуръат намекарданд ҳатто сар бардоранд ва мисли заргӯши шикорӣ ҳадафи тир қарор мегирифтанд.
Ин гурӯҳҳоро он замон ҳамин Хуршед Муҳаммадзода раҳбарӣ мекард. Чунин шикаст аз як гурӯҳи кӯчаки худмуҳофизи мардумӣ ва гузашта аз ин додани даҳҳо қурбонӣ, барои қумондони як воҳиди махсуси таълимдида бинобар беаҳамиятӣ бояд бо трибунал тамом мешуд. Вале чунин ба назар мерасад, ӯ пуштибонӣ қавие дорад, ки зӯри на ҳар кас ба ӯ мерасад.
Дуздӣ аз қисми ҳарбӣ ва шиносоӣ бо Шамсулло Соҳибов
Кори Хуршед Муҳаммадзода ба ҳар ҳол боре наздик буд ба трибунал биравад. Аммо на барои беаҳамиятӣ, балки барои дуздии амволи қисми ҳарбӣ дар соли 2008. Ӯро бо дуздӣ дастгир карданд ва парвандаашро додситонии ҳарбӣ мебурд, аммо то додгоҳ нарасид. Ҳамон замон буд, ки ӯ бо кӯмаки бародаронаш пуштибони қавиашро пайдо кард ва ҷои он ки ба маҳбас равад аз зинаҳои мансаб боло рафт.
Ду бародари ӯ Қурбон ва Маҳмадӣ Мамадшоевҳо дар вазифаҳои калидии ширкати Фароз кор мекунанд. Он замон ин ширкат ба Умаралӣ Қувватов таъаллуқ дошт, аммо Шамсулло Соҳибов низ яке аз саҳмдорони он маҳсуб мешуд. Ин буд, ки онҳо тавонистанд бо кӯмаки домоди раисҷумҳур бародарашонро наҷот доданд. Аз ҳамон замон шиносоии ӯ бо Шамсулло Соҳибов оғоз шуд ва Хуршед Муҳаммадзода бо кӯмаки домоди раисҷумҳур ба вазифаҳои баланди давлатӣ, рутбаи генералӣ ва мукофотҳои давлатӣ даст ёфт.
Таърихчаи карйераи низомӣ
Хуршед Муҳаммадзода зодаи ноҳияи Фархор аст, ки моҳи марти соли 1972 ба дунё омадааст. Маълумоташ олии ҳарбӣ ва олии ҳуқуқист. Ӯ Аз соли 1990 боз дар сохторҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон кор карда ва бо медали «Ҷасорат» ва ордени «Спитамен» мукофотонида шудааст. Муҳаммадзода дар гузашта ба ҳайси муовини Суҳроб Қосим, собиқ фармондеҳи бригадаи алоҳидаи оперативӣ ва зудамали Вазорати корҳои дохилӣ низ кор карда, баъди истеъфои Сӯҳроб Қосим дар моҳи феврали соли 2007 ҷойгузини ӯ шудааст.
Ӯ ба ҳайси сардори хадамоти мошинҳои зиреҳпӯши Бригадаи 4-уми Вазорати дифоъ, муовини фармондеҳ оид ба қисми техникӣ ва аслиҳаи ҷангии қисми ҳарбии 3502-и нерӯҳои дохилии ВКД, сардори хадамоти Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД, қумондони қисми ҳарбии 5453 қӯшунҳои дохилии ВКД низ кор кардааст.
Баъди шикасташ дар Хоруғ, ӯ аз нав ба ВКД баргашт ва то ба Сурия фирор кардани Гулмурод Ҳалимов фармондеҳи қисми ҳарбии 5453 қӯшунҳои дохилии ВКД буд. Фирори Ҳалимов ӯро сардори ОМОН кард ва 6 сол пас аз шикасти шармандавораш ба Хоруғ баргашт.
Қасос ё орзуи реванш?
Аслан Муҳаммадзодаро як нафари бисёр бадахлоқ ва хашину бадзабон мешиносанд. Як афсари ОМОН дар ба Паём навишта буд, ки Муҳаммадзода бо фарқ аз Гулмурод Ҳалимов бо зердастонаш хеле муносибати дурушт дорад ва танҳо бо дашному таҳқир ба онҳо муроҷиат мекунад. Порае аз таҳқирҳои сардори ОМОН-ро ҳам зикр кардааст, ки бинобар хеле фаҳш буданашон, аз оварданаш худдорӣ мекунем.
Ӯ менависад ҳар субҳ Муҳаммадзода бо дашномҳояш табъи моро хира мекард ва мо бо ҳамон табъи хира ба ҳимояи Эмомалӣ Раҳмону писараш мерафтем. “Танҳо баъди шикояти дастаҷамъӣ ба вазир, дашномҳояшро бас кард, вале муносибаташ то ҳол хеле дурушт аст” — менависад ин корманди Гурӯҳи зудамали ВКД.
Ин бадахлоқии ӯ дар Хоруғ ҳам зоҳир шуд. Ӯ на танҳо бидуни сабабе ба тарафи афроди бегуноҳ тир кушод, балки як зани сокини Хоруғро ба таҷовузи ҷинсӣ таҳдид кард. Навори муроҷиати ин хонумро инҷо бубинед:
Нигогет дам Яхиш.
Posted by on Monday, November 5, 2018
Шоҳидони маҳаллӣ мегӯянд Хуршед Муҳаммадзода муомилаи бисёр баде бо мардум ба роҳ мондааст ва бо ҳар роҳе мекӯшад онҳоро таҳрик ба хушунат кунад. Сабру бурдбории мардуми шуҳри Хоруғ ӯро бисёр асабӣ карда, билохира худаш даст ба хушунат задааст. Ҳамчунин таҳқири ӯ ба ин хонум ягона ҳодиса набуда, қаблан ҳам чанд нафарро бо ҳамин лафз таҳқир намудааст.
Ҳоло даст ба хушунат задани Муҳаммадзода фармони мақомоти болотаре аст ё як рӯйкарди худсаронаи ӯ маълум нест. Шояд ин кораш худсарона бошад. Зоҳиран ӯ ташнаи як ҷанги дигар аст, то интиқоми шикасташ дар соли 2012-ро аз мардуми Бадахшон биситонад ва бо як реванш обрӯи он вақт аздастрафтаашро барқарор кунад.
Агар ин кори ӯ як амали худсарона буд, бояд ҷазо гирад. Як ҷенероли пулис ба ҳеҷ ваҷҳ ҳақ надорад ба чунин коре даст занад. Тир кушодан ба сӯи афроди бегуноҳ, ҳатто бо тири резинӣ агар ҷинояти ҳарбӣ аст, таҳқири як зан-модар ҷинояти ахлоқӣ ва зиддибашарист. Ин таҳқири танҳо як зани тоҷики бадахшӣ нест. Таҳқири тамоми занону модарони ин миллат аст ва дар гумон аст, ки замоне миллат ин бадахлоқро бахшад.
Рӯшан аст, ки агар ин ҷенерол рафтори “боевик”-онаи худро идома диҳаду ба ҷазое муртакиб нашавад, пас обрӯи тамоми сардоронаш — сар аз вазири корҳои дохила то сардори Ситоди байнисоҳавӣ ва ҳатто раисҷумҳур зери суол хоҳад бурд.